Масири рушд ва уфуқҳои тоза дар фаъолияти ДДҲБСТ
Нимаи дуюми рӯзи 19 июли соли 2022 тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо МИҲД-и вилояти Суғд нишасти матбуотии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар нишасти матбуотӣ мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонзода ва наздик 20 нафар намояндагони васоити ахбори омма ширкат намуданд.
Ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода нахуст вобаста ба фаъолияти донишгоҳ маълумот дода иброз дошт, ки
дар ҳашт факултетҳои донишгоҳ аз рӯи 39 ихтисос мутахассисон омада карда мешаванд. Вобаста ба талаботи бозори меҳнат давоми 5 соли охир 22 ихтисосҳои нав ҷорӣ гардид, ки ихтисосҳои идораи давлатӣ ва ҳуқуқ, асосҳои давлат ва ҳуқуқ, математика ва информатика, забони англисӣ, назарияи иқтисодиёт ва логистика ба соли таҳсили 2021-2022 рост меояд.
Дар ояндаи наздик ҷорӣ намудани ихтисосҳои маркетинг дар комплекси агросаноатӣ, экологияи агросаноатӣ (кишоварзӣ) ва якчанд ихтисосҳои омӯзгорӣ ба монанди забони русӣ ва тарҷумонӣ, психология ва коргузорӣ ба нақша гирифта шудааст.
Илова шуд, ки ҷиҳати такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русиву англисӣ машѓулиятҳо дар 61 гурўҳи академӣ бо забони русӣ, 12 гурўҳи академӣ бо забони англисӣ ва 2 гурўҳи академӣ бо забони хитойӣ гузаронида мешавад. Бо мақсади ҳавасмандкунии омӯзгороне, ки дар гурӯҳҳои академии таҳсилашон бо забони англисӣ машғулият мегузаронанд, ба андозаи 20% музди маошашон баланд бардошта шуд.
Раёсати донишгоҳ раванди корҳои ободонию бунёдкориро вусъат дода, дар ҳошияи он ҳоло сохтмони бинои нави таълимӣ барои 700 ҷой пурра ба охир расонида шуда бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои мазкур бо лавозимоти муосири таълимӣ ҷиҳозонида мешавад. Корҳои ҷиҳати сохтмони маҷлисгоҳ барои 800 ҷои нишаст дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.
Ҳамзамон, раёсати донишгоҳ лоиҳаи бунёди хобгоҳи донишҷўён ва бинои истиқоматии баландошёна барои омӯзгорону кормандонро ба нақша гирифтааст.
Дар қисмати дуюми нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон аз нашрияҳои “Ҷумҳурият”, “Садои мардум”, “Омӯзгор”, “Ҳақиқати Суғд”, “Сухани халқ”, “Суғд ҳақиқати”, “Тоҷикистон”, “Шуълаи умед” ва телевизионҳои “ Тоҷикистон” “Синамо”, “СМ-1”, “Азия”, “Танин”, “Диёр”, “7 ситора” вобаста ба мавзӯҳои ҳавасмандии устодону донишҷӯён, сифати таҳсилот, натиҷаҳои сессияи тобистона, ҷалби донишҷӯён-хатмкунандагон ба сафи Артиши миллӣ, дастгирии иҷтимоӣ ва моддиву маънавии устодону донишҷӯён, таҳсили донишҷӯёни хориҷӣ, ҳамкории муштарак ва шартномаҳои ҳамкории донишгоҳ бо муассисаҳои олии кишварҳои хориҷӣ, қонуншиканиву ҷинояткорӣ байни донишҷӯён, таҳкими базаи моддиву техникӣ ва бунёди биноҳои иловагии таълимӣ ва дигар паҳлуҳои фаъолияти донишгоҳ суолҳо манзур намуда аз ҷониби роҳбари донишгоҳ посухҳои мушаххас гирифтанд.
Дар интиҳои нишасти матбуотӣ ба чанде аз кормандону устодони донишгоҳ нишони сарисинагии Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.
