АМАЛҲОИ НАНГИН ВА ТАЪСИРИ ОН БА ҶОМЕА

Дар ҳақиқат асри XXI асрест ки дар тамоми олам дигаргуниҳо дида мешавад. Агар ба ҷинояткорӣ назар афканем дар ҳақиқат чунин намуди ҷиноятҳо ё ин ки тезутундшавиву бесрусомониҳо байни  давлатҳо дида мешуд, лекин бо намуди дигар.

Агар то давраи асри XXI-ро ба назар гирем ғасб кардан, ба гаравгон гирифтан, ба дом гирифтан, азони худ кардан, бо ҳар гуна роҳу воситаҳо буданд. Аммо дар замони муосир ин ранги дигар гирифтааст бо номи «терроризм» ва ё «экстремизм». Терроризм ин зуҳуроти нав набуда шаклу роҳу воситаҳои навро пеша кардааст, ки мақсади ягона дорад. Инчунин дар давраҳои пеш агар мо муҳориба, ҷанговарон, лашкаркашонро ба назар мегирифта бошем айни ҳол ин ба шахсоне, ки ҷиноятҳои террористиро содир мекунанд ё ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ ҷалб намудани мардум аст.

Тоҷикистон низ баъд аз баъди пош хурдани Иттиҳоди Шуравӣ бар асари таъсири омилҳои айнӣ ва зеҳнӣ мухолифатҳо ва амалҳои ифротӣ зиёд шуда, гуруҳҳо ва созмонҳое ташкил гардид, ки дар фаъолияти худ реша ронда ки шомилу ки не зери парда боқӣ монда буд. Айни ҳол низ мо метавонем, номи ин шахсиятҳоро руи қоғаз биёрем, ки махфиёна амал мекунанд. Таъсис додани гуруҳҳо, истифодаи қувваю воситаҳои дигар давлатҳо, фикри ғаразу нопок доштан ба ватани худ зуд – зуд мо ин амалҳоро дида метавонем. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ВМКБ бо як қатор собиқ корманди мақомот, ҷинси зан ки онҳоро ҳамраҳи мекард дар муддати кутоҳ бо амалҳои худ тавонистанд тамоми мардуми тоҷикро ба таҳлука оранд. Имруз ягон кишвар аз хатари ташкилкунандагони равияҳои террористиву экстремистӣ худро эмин нигоҳ доштанаш душвор, зеро маҳз содир шудани амалҳои нангини хусусияти террористиву экстремистӣ аз худи шаҳрвандони ҳамон минтақа ё ҳамон давлат мебароянд.

Бинобар ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии мамлакатро вазифадор карданд, ки дар самти мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, таъмини амнияти давлат ва ҷомеа, баланд бардоштани иқтидори мудофиавии мамлакат ва ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатӣ, инчунин омодабошии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем.

Барои пешгирӣ ва роҳ надодан ба ин амалҳои нангин  аҳли ҷомеа бояд дарк намояд, ки амалҳои нохуше, ки рух додаанд оқибати ҳам гуна кирдорҳои хавфнок дошта, решакан намудани фаъолияти ин тоифа шахсон вазифаи ҳам ҷомеа ва ҳам давлат ва ҳам шахрвандон аст, ки ҳаёти осоиштаи моро халалдор нагардонанд.

 

Кабирзода Г.Қ. – муаллими калони кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ

You might also like