ИШТИРОКИ УСТОДИ ДДҲБСТ ДАР V-УМИН «КОРВОНИ СУЛҲУ ВАҲДАТ ДАР ШОҲРОҲИ ВАҲДАТ»

Пойдорӣ ва рушди ҷомеаро бе суботи сиёсӣ ваВаҳдати миллӣ тасаввур кардан номумкин аст. Ҷомеа ва давлат замоне ба дастоварду комёбиҳоноил мегардад, ки мардумонаш ваҳдату ягонагӣдошта бошанд. Хушбахтона бо талошу кӯшишҳоизиёди Пешвои миллат, Президенти ҶумҳурииТоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 1997 мардуми тоҷик ба ибораи Лоиқ Шералӣ ба «сулҳидеринтизор» расид.

Баъди гузашти чорякаср аз замони ба имзорасидани «Созишномаи истиқрори сулҳ варизоияти миллӣ» гӯё ба назар мерасад, ки дигарзарурати тарғиби идеяи сулҳу ваҳдат дар кишвар аз байн рафта бошад. Аммо, нооромиҳои сиёсӣ дар ҷаҳон, шиддат гирифтани рақобати сиёсӣ байникишварҳои абарқудрати ҷаҳон ва халалдор сохтанисуботи сиёсии дохил аз ҷониби созмонҳои ифротӣбоз ҳам зарурат пеш овардаас, ки рӯи масъалаҳоисуботи сиёсӣ, истиқлолият ва Ваҳдати миллӣбештар андеша намуда, барои таҳкими онҳо кӯшишталош намоем.

Дар ин иртибот, аз ҷониби Фонди миллии «Шоҳроҳи Абрешим – Шоҳроҳи Ваҳдат» ва бо мусоидати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 20.06.2022 то 26.06.2022 с. V-умин «Корвони Сулҳу Ваҳдат дар Шоҳроҳи Ваҳдат» баргузор гардид, ки дар он намояндагон аз тамоми вилоятҳо иштирок намуданд. Аз вилояти Суғд н.и.п., дотсентАбдуҳаким Шарипов, намоянда аз шаҳри Исфара Назаров Ғиёсиддин ва мудири кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ н.и.с., дотсент Шўҳрат Саидзода ширкат варзиданд.

Иштирокчиёни Корвон аз санаи 20 то 26.06.2022 аз ҷойҳои таърихиву сайёҳии шаҳру ноҳияҳои Данағара, Кӯлоб, Дарвоз, Хоруғ, Мурғоб, Шуғнон, Шамсидин Шоҳин, Ёвон ва Ваҳдат дидан намуда, бо маконҳои мазкур ошноӣ пайдо намуданд. Аз ҷумла, аз муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар шаҳри Душанбе, Осорхонаи давраи мактабии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара, қасри фарҳанги ноҳия, чойхонаи миллии ноҳия бо номи «Хуррамшаҳр», Осорхонаи шаҳри Кӯлоб, Оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ,  манзараҳои дарёи Панҷ дар ноҳияи Дарвоз, маконҳои сайёҳии шаҳри Хоруғ, аз сарҳади Тоҷикистон бо Ҷумҳурии мардумии Чин ва Қирғизистон дар ноҳияи Мурғоб, қасри фарҳанги ноҳияи Шуғнон, манзараҳои бисёр зебои ноҳияи Ванҷ ва Ёвону Шамсидин Шоҳин дидан намуданд.

Дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои болозикр иштирокчиёни «КОРВОНИ СУЛҲУ ВАҲДАТ ДАР ШОҲРОҲИ ВАҲДАТ» бо сокинон суҳбати самимӣ доир намуда, атрофи мавзӯи Ваҳдати миллӣ ва сулҳу оромӣ дар Тоҷикистон баромад намуда, аз ҳадафи Корвон ва аҳамияти суботи сиёсӣ, Ваҳдати миллӣ, таҳкими истиқлоли давлатӣ ҳарф заданд ва ташкилу баргузории онро дар тарғиби ғояи сулҳу дӯстӣ ва Ваҳдати миллӣ муҳим арзёбӣ намуданд.

Дар воқеъ, рисолати камтарини иштирокчиёни корвон дар он зоҳир мешавад, ки таасуроти нек ва хотироти худро дар раванди таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон истифода карда, ғояи сулҳу Ваҳдати миллиро ба таври ҳамешагӣ тарғиб намоянд. Умед аст, ки Корвони навбатии сулҳу ваҳдат дар шоҳроҳи ваҳдат дар таҳкими равобити дӯстии байни минтақаҳои ҷумҳурӣ, пойдории суботу оромӣ ва Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон нақши муайян гузошта, ливои сулҳу ваҳдати миллиро ҳифз менамояд.

Итминон дорем, ки ин сафар барои боло рафтани эҳсоси Ватандӯстии ҳар як иштирокчии V-умин «Корвони сулҳу ваҳдат дар шоҳроҳи ваҳдат» мусоидат намуда, эҳсоси гарму самимияти бепоён мардуми меҳмоннавози Бадахшону Хатлонзамин дар вуҷуди онҳо бе таъсир нахоҳад монд. Аз ин рӯ, барои як шаҳрванди ватандӯсту меҳанпараст, ки ҳамеша муштоқи дидани пораи ватани хеш аст, чунин сафар басо таъсирбахшу хотирмон буда, дидани маконҳои таърихию зебои кишвар масъулияти ӯро барои ҳифзу ҳимояи якпорчагии сарзамини аҷдодӣ бештар намуда, сатҳи худшиносиву ватандӯстиашро боло мебардорад.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like