РОҲ БА СЎИ ОБОДИВУ СОЗАНДАГӢ!

Яке аз самтҳо, ки дар асри мо рушд намудааст ин самти ҷамоварӣ, паҳну пахши иттилоот ба ҳисоб меравад. Дар масъалаи ҷамоварӣ ва паҳну пахши иттилоот нақши ВАО ва дигар воситаҳои паҳнкунанда аз қабили шабакаҳои иҷтимоии интернет дар замони мо хеле калон ва муҳим мебошад. Дар ин ҷо бояд қайд кард, ки бархе аз шаҳрвандони мо алалхусус аз хориҷи кишвар шабакаҳои иҷтимиоии интернетро ба як воситаи ба даст овардани даромад истифода намуда, байни мардум ҳар гуна суханҳои бофтаю дурӯғи беасосро паҳн мекунанд.

Худро рӯзноманигору таҳлилгар ва ё ғамхори давлату миллат нишон медиҳанд. Дар ин масъала раиси паймони дуруғчиён Муҳаммадиқболи Садриддин ва пайравонаш хеле фаъол мебошанд. Чашмони онҳо танҳо камбудиро мебинанд. Ягон дастоварди давлату миллатро на мебинанд ва на мешунаванд. Ҳол онки агар онҳо дар ҳақиқат «таҳлилгару ғамхори давлату миллат» бошанд, дар баробари баёни камбудиҳо дар баромаду мақолаҳои худ дастовардҳои давлатро баён намоянд. Бояд қайд намуд, ки барои ин қабил шахсон на манфиати давлату миллат, балки манфиати шахсӣ, яъне ба даст овардани пул дар ҷои аввал меистад. Лекин дар коре, ки маблағ ҷудо шудааст, ҳатман ҳисоботи хароҷот талаб карда мешавад. Бинобар ин ба ном «ғамхорони мардум», ки айни ҳол дар хориҷи кишвар қарор доранд, маълум, маълум ки пул кор карданро тавассути сиёҳ кардан ва паст задани давлати хеш ёфтаанд аз ин роҳи худ баргаштани нестанд. Ин қабил шахсон ба монанди Муҳаммадиқболи Садриддин ва дигар ҳаммаслакони ӯ масъалаи баррасишаванда аҳамият надорад, балки фоидаи аз он ба даст меовардаашон аҳамият дорад. Барои онҳо муҳим он аст, ки номи Тоҷикистонро сиёҳ кунанд, халос. Зеро барои ҳамин онҳоро дар хориҷи кишвар хоҷагонашон нигоҳ медоранд. То он даме, ки нақшаҳои хоҷагони худро ба итмом нарасонанд аз ниятҳои худ бар намегарданд. Ҳаргиз ин ниятҳои нопоки онҳо амалӣ намешаванд. Зеро мардуми тоҷик ва аз он ҷумла ҷавонон мақсаду ниятҳои нопоки ин дурӯябозони ватани худро медонанд ва ҳеҷ гоҳ намегузоран, ки чунин бадкирдорон бо ҳамроҳии хоҷагони худ нақшаҳои кашидаашонро дар кишвари биҳиштосои мо анҷом диҳанд.

Аз таърих бармеояд ки хоинон ҳама вақт шахсиятҳои бузургро ҳамроҳи мекарданд. Ва аз фурсати муносиб истифода бурда зарари худро мерасониданд. Мафҳуми хиёнат ин кирдори қасдан расонидани зарар ва осеби модди маънавӣ ва ҷисмони мебошад. Яъне, аъмоли мушаххас барои расонидани осеби бештар ба шахси наздик, ҳаммеҳан, ҳамкор ва дӯсту ҳамсангар.

Аз ин лиҳоз, ТЭТ ҲНИ хоинони Ватан буда, мувофиқи лоиҳаи ғаразноки тахрибкорӣ, бадандешӣ, ҷудоиандозӣ ва тафриқаандозӣ симои худро ба арсаи ҷаҳонӣ нишон доданд. Муҳиддин Кабирӣ, ки имрӯз роҳбарии ин гурӯҳи террористиро дар даст дорад, аз баҳри ба даст даровардани пулу пайсаи дунё номи ҳизбашро дигар карда, Паймони миллии Тоҷикистон ном кардааст.

Нақшаи тарҳрезӣ шуда ошкор гардид, ки инҳо чиро мехоҳанд, ва чӣ мақсад доранд ва ҳоло бошад дар кишвари Аврупо қарор дошта фитна ва иѓвогарӣ карда истодаанд.

Мо чунин муносибат ва рафтори онҳоро сахт маҳкум мекунем ва дубора намегузорем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро боз ноором созанд. Хушбахтона, имрӯз дар кишвари азизамонТоҷикистон сулҳу осоиштагӣ қарор дорад ва мо тамоми неруи худро барои боз ҳам тинҷу ором шудани кишварамон саъю талош меварзем ва ифтихор аз он мекунем, ки мо бо ҳузури марди наҷиб ва адолатпеша – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиндагӣ карда, умр ба сар мебарем.

Ҳоло моро бисёр зарур аст, ки пеши роҳи ифротгароиву таблиғоти ин хатокоронро бигирем ва нагузорем, ки ягон фарзанди халқ ба ин вартаи ҳалокат афтад. Имрӯз халқи мо аз мазмуну моҳияти терроризм, экстремизм ва радикализм бохабар буда, ва дар роҳи мубориза бо ин зуҳуроти ғаразнок омодаву пойдор ва устувор аст.

Як чизро вобаста ба мазмуни оғози мақолаамон таъкид карданием, ки тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар нафаре, ки ба доми фиреби ифротгароён афтода, аз кирдори худ изҳори пушаймонӣ ва ба Ватан бармегардад, афв мешавад. Аз ин рӯ, бовар дорем, ки ҳамаи он ҷавонони фирефташуда ба худ меоянду роҳи дурустро интихоб мекунанд, то зиндагии осудаи худ ва дигаронро халалдор насозанд.

Ҳамаи мо, ҳамчун зиёиён ба ифротгароёни ба аҷнабиён фурӯхташуда мегӯем, ки мо халқи шукргузорем, ба қадри сулҳу ваҳдат, ободиву шукуфоии диёр мерасем ва хоки онро тӯтиёи дидаи худ менамоем. Халқи тоҷик ва кулли сокинони хуштолеи Ватан сипосгузори меҳнатҳои созандаи Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Сокинони сарбаланди сарзамини соҳибистиқлоли мо як ҳадаф доранд: Тоҷикистон ба пеш, ба сӯи созандагӣ, бунёдкорӣ ва рӯзгори ободу зиндагии шоиста!

Ҷабборов А. А. – декани факултети инноватсия ва ТК ДДҲБСТ

You might also like