ТЕРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ – ПАДИДАИ НОМАТЛУБИ ҶОМЕАИ МУОСИР
Солҳои охир яке аз мушкилиҳое, ки тамоми ҷомеаро фаро гирифтааст, ин терроризму экстремизми динӣ ва дигар зуҳуроти номатлубу хатарзо мебошад.
Барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида, шаҳрвандонро бовар кунониданӣ мешаванд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост. Яке аз зуҳуротҳое, ки дар ҷаҳони муосир ба проблемаи рўзмарра табдил ёфтааст ва ба сулҳу ваҳдати миллӣ хатарнок аст, ин терроризм ва экстремизм ба ҳисоб меравад.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳанӯз моҳи апрели соли 2000 зимни баромад дар конгресси СММ “Доир ба барҳам додани ҷинояткорӣ ва ҷавобгарии онҳо”, дар шаҳри Вена (Австрия) таъкид намуда буданд, ки “Мо терроризмро дар ҳама шаклҳои зуҳураш маҳкум менамоем ва зарур мешуморем, ки тамоми қувваҳои солими ҷаҳонро баҳри барҳам додани ин хатар дар сатҳи ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва дараҷаи миллӣ сафарбар намоем”.
Инчунин, дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ чунин таъкид намуданд, ки “Терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра ҳаст
Яке аз қисматҳои асосии паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 22 декабри соли 2017 ба Маҷлиси Олии кишвар ироа гардид масъалаи тероризму Ифродгароӣ ба ҳисоб рафта, таъкид намуднд, ки «Вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷўӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои нави ҷанги сард боиси нигарони гардидааст, дар ин давра зиёда аз сад давлати ҷаҳон мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии терористон ва ифротгароён қарор гирифт».
Имрўзҳо дар атрофи хатари ифротгароӣ ва тероризм ба сифати омили нисбатан хавфнок, ки бевосита ба ҳаёти ҷамъиятӣ – сиёсии кишварҳо таъсири ногувори худро мерасонад, андешаҳо тариқи воситаҳои гуногуни иттилоотӣ расонида мешаванд. Ифротгароӣ ва тероризм дар воқеъ падидаи нохуб буда, дар замони муосир вобаста ба омилҳои маъмули ҷаҳонишавӣ бо хислат ва шаклҳои гуногун фарогири андеша ва амалҳои як қишри таркибии аҳолии давлатҳо ба хусус ҷавонон гардида истодааст.
Терроризм ва экстремизм яке аз проблемаи асосии имрӯза буда, махсусан ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғи динию дунявӣ ҷалб намуда, онҳоро ба ҷараёнҳои террористӣ сафарбар менамоянд. Террористҳо гурӯҳҳои хурде буда, ба ҷомеаи имрӯза бо ҳар гуна роҳ зарар мерасонанд. Дар ҳар як сомонаи сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғаӣра мавзӯи асосӣ ба паӣвастани шахрвандон ба гурӯхҳои тундрав равона шудааст, ки ин яке аз мушкилоти асосии ҷомеаи имрӯзаи мо мебошад.
Дар замони муосир сафи низомиёну ҷангиёни гурӯҳҳои террористӣ аз ҳисоби ҷавонони ноогоҳу бесавод меафзояд ва ба назар мерасад, ки дар тамоми кишварҳо ҳамин гуна наврасони ба доми фиреб афтода кам нестанд ва онҳо ҷони худро бехабар аз мақсаду мароми роҳбаронашон қурбон мекунанд. Ба назар мерасад, ки ноогоҳӣ аз асолати фарҳанги исломӣ ва камсаводӣ ҳамчун муҳимтарин омили гумроҳшавии ин ҷавонон аст.
Терроризм ба ягон дин, мазҳаб ё миллат хос нест. Барои он ки дини мубини ислом минбаъд ҳамчун манбаи зӯроварию фишор қаламдод карда нашавад, мо бояд ба ҷаҳолат маърифатро муқобил гузорем ва баҷои муқовимати тамаддунҳо гуфтугӯи тамаддунҳоро ба роҳ монем. То замоне, ки инсоният ба ҳамкорӣ ва гуфтугӯи судманд муваффақ нагардад, хатари терроризм ва ифротгароӣ боқӣ мемонад.
Дар ин давраи ҳассос мо бояд бениҳоят хушёр ва эҳтиёткор бошем. Ба наели ҷавон ва наврас тарзи ҳаёта содам, бидуни ҳар гуна ҷангу ваҳшониятро тарғибу ташвиқ созем. Таълиму тарбияро тавре ба роҳ монем, ки барои бекориву зоеъ рафтани вакта холӣ фурсат наёбанд.
Бештар ба забон омӯзиву ҳунармандӣ ҷалб гарданд, то дар оянда тавонанд зиндагии шоиста дошта бошанд. Ҳаргиз ба даъватҳои бардурӯғи аҷнабиён бовар накунанд. Дар олами ислом ҳеҷ гуна ҷиҳод нест. Ҳама шиорҳое, ки аз номи ислом аз тарафи экстремистону террористон садо медиҳанд ва одамон, бахусус ҷавононро ба ҷиҳод ва барпо кардани хилофата исломӣ тарғиб менамоянд, дурӯғи маҳз аст.
Ба андешаи мо, сабаби чунин рух додани ҳодисаҳо пеш аз ҳама дар сатҳи паст қарор доштани тарбияи ҷавонон, робитаи нокифояи падару модарон бо мактаб, риоя нагардидани талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ки боиси ба дарсшиканӣ роҳ додани ҷавонон ва афзоиши ҷинояткорӣ оварда мерасонад, дида мешавад. Мо бояд ба наврасону ҷавонон фаҳмонем, ки бояд муттаҳид, якдил ва дастҷамъ бошем, ба иғвои хоинон дода нашавем, тамоми кӯшишро ба харҷ диҳем, то ин ки ватани худро аз дасисаҳои душманон эмин нигаҳ дорем.
Ҳамин тариқ, барои мубориза бурдан ба ин зуҳуротҳои номатлуби зараровар терроризму ифротгароӣ бояд ҳамаи қишрҳои ҷомеа ва махсусан ҷавонон масъулият эҳсос намуда, дар якҷоягӣ ба он мубориза барем.
Абдуллоева А.Т. – мудири бахши идоракунӣ ва мониторинги сифати таҳсилот дар ДДҲБСТ