ДАР ҶАҲОНИ ИМРЎЗА ҲУШЁР БОЯД БУД!
Дар ҷаҳони имрӯза паҳн гардидани ақидаҳои терроризм ва шаклҳои гуногуни ифротгароӣ, аз ҷумла ҳаракатҳои экстремистӣ боиси изтироби ҳамагон гардидааст. Аслан терроризм ва экстремизм маҳсули сиёсатҳои ғаразноки ҳукуматхоҳ буда, аз дин ва эҳсоси динии мардум суъистифода мекунанд. Бинобар ин, Роҳбари давлат, Пешвои муаззами миллат дар Паёми худ барои пешгирии терроризм ва хатарҳои эҳтимолӣ таъкид карданд: «Зуҳуроти терроризм ба суботу амнияти кураи Замин хавфу хатари бениҳоят зиёд дорад. Хатарҳои замони муосир, вазъият дар Ховари Миёна, бахусус вазъи Афғонистони ҳамсоя моро водор мекунад, ки ба масъалаи таъмини амният диққати аввалиндараҷа диҳем».
Хатарҳое, ки аз терроризм ва ифротгароӣ дар сатҳи байналмилалӣ ба вуҷуд омадаанд, ҳамзамон, ба ҷангҳои шаҳрвандӣ, хонахаробшавӣ, саргардонӣ, оворагӣ ва дар кишварҳои дигар гуреза шудан дар байни гуруҳҳои зиёди аҳолии сайёра ноумедӣ ва интизории маргро ба вуҷуд овардааст. Далели ин гуфтаҳо дар суханронии Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷассум меёбад, ки тасаввури манзараи вусъати нооромиҳоро дар саросари ҷаҳон ба бор меорад: «…зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифтааст».
Дар пешорӯи фалокате, ки инсоният онро баргардонда наметавонад, эътимод ба илм ва фарҳанги анъанавӣ аз байн меравад. Аз ин нуқтаи назар, ташаккули тафаккури солими илмӣ ва динӣ яке аз масъалаҳои муҳим ва тақдирсоз барои ҷомеаи ҷаҳони муосир маҳсуб ёфта, ягона роҳи раҳоӣ аз вазъияти хатарнок мебошад. Яъне, зарур аст, ки шаҳрвандони худогоҳи кишвар бояд дорои ҷаҳонбинии илмӣ ва мавқеи устувор ва солими сиёсӣ бошанд, то ки аз дасисаҳову фиребҳои душманони истиқлолият дар дохил ва хориҷи кишвар зуд огоҳ шаванд, посдори дастовардҳо ва амнияти давлатамон гарданд. Пайравӣ ва ё шомил шудани як фарди кишвар махсусан ҷавонон ба гуруҳҳои гуногуни сиёсии зиддиҳукуматӣ метавонад ҷони ҳазорҳо нафар шаҳрвандонро зери хатар гузорад, амнияти давлатро халалдор созад ва обрўю нуфузи онро коста гардонад.
Амнияти кишвар заминаи ободию осудагии ҳар хонадон, таҳсили муназзами илму дониш, пешрафти фарҳанги ҷамъиятӣ, ошноии хориҷиён бо табиати зебову мафтункунандаи Ватани азизамон ва расму одатҳо ва ҳунарҳои асилу нотакрори халқи шарафманди тоҷик мебошад.
Қоситов Ҷ.Р. – ассистенти кафедраи андоз ва андозбандии ДДҲБСТ