БОЯД БА ҚАДРИ СУЛҲУ СУБОТИ КИШВАР РАСИД
Ҳодисаҳои рухдодаи моҳҳои августи соли гузашта дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон баъд аз баромадани иттиҳоди дастаҷамъонаи артиши Атлантикаи Шимолӣ вазъияти ноороми ҳамсоякишвар ва ҳамзабону ҳамфарҳанги моро хеле муракабу душвор намуд.
Афғонистон дар як мудати кутоҳ аз ҷониби Толибон, ки то имрўз он гурўҳ ба рўйхати гурўҳҳои террористӣ шомил буд, ғасб гардид. Баъди ба даст овардани ҳукумат Толибон дар он ҷо бо ном «қонунҳои шариат»-ро ҷорӣ намудаанд, ки он тамоман бар хилофи меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқӣ ва озодии инсон буда, урфу одатҳои асримиёнагиро ба худ касб намуда буд.
Ҳамин тавр баъди ғасби кишвар аз ҷониби Толибон қатлу куштор, ғоратгарию бесарусомонӣ ба авҷи аълои худ расид. Бар замми ин фақру беморӣ, гуруснагӣ, бекорӣ ин давлатро таҳдид карда истодааст. Феълан вазъияти сиёсӣ, иқтисодии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба дараҷаи олӣ ташвишовар аст. Зеро ҷомеаи ҷаҳонӣ ин гурўҳи толибонро, ки бо роҳи зўрӣ ғасби ҳокимият намудаанд, ба таври расмӣ напазируфтаанд ва ҳамкориро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ намондаанд. Аз ин лиҳоз вазъияти мушкили мавҷудбуда боз ҳам душвортар гардидааст.
Дар баробари ин дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки намояндагони миллатҳои гуногун зиндагӣ мекунанд, баъди ғасби ҳокимият аз ҷониби Толибон нисбати дигар миллатҳо муносибатҳои миллатгароиро раво мебинанд. Ҳамин тариқ дар сохтори ҳукумати нав қариб, ки намояндагони миллатҳои дигар ба ғайр аз миллати пуштунҳоро дидан амри маҳол аст. Сохтори ҳукумат ва мансабҳои асосии идораи давлатӣ дар дасти миллати пуштун қарор гирифтааст. Чунин бархўрд боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва аз он ҷумла кишвари мо низ гаштааст. Зеро дуюм миллати сершумор дар ин кишвар тоҷикон ба шумор мераванд. Бо вуҷуди ин онҳоро дар ҳукумати нав ҷо надодаанд. Ин вазъият боиси он гардид, ки тоҷикони Афғонистон пеши ин гурўҳҳо сар нафуроварда бо онҳо муқобилят нишон дода истодаанд. Бояд қайд намуд, ки Толибон ҳар гуна муқобилятҳоеро, ки нисбати ҳукумати нав сар мезанад бо як бераҳмии хос пахш карда истодаанд. Бо ин задухўрди хунини дараи Панҷшер, ки байни тоҷикону пуштунҳо ба амал омада буд, мисол шуда метавонад.
Доир ба вазъияти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таъкид намуд, ки бӯҳрони низомӣ-сиёсӣ ва башардӯстона дар Афғонистон ба амнияти кишварҳои мо таҳдиди ҷиддӣ эҷод кардааст. Ба сари қудрат омадани гуруҳи Толибон, ки аз ҷониби Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ба рӯйхати гурӯҳҳои террористӣ шомил шуда буд, вазъро дар ин давлати ҳамсоя боз ҳам печидатар кард. Аз ин лиҳоз, ҳамоҳангсозии зичтари сохторҳои қудратии кишварҳои мо дар мубориза бо чолишҳо ва таҳдидҳое, ки аз Афғонистон ба вуҷуд меоянд, зарур аст.
Имсол дар кишвари мо як қатор чорабиниҳои сатҳи баланди дохилидавлатӣ ва байналмилалӣ баргузор гардид, ки дар он меҳмонон ва инчунин сарони давлатҳои хориҷ омада иштирок намуданд. Баргузории чунин чорабиниҳои сатҳи баланд аз он гувоҳи медиҳад, ки кишвари мо дар ҳақиқат ба кишвари бо амну субот табдил ёфтааст. Зеро бехатарии сарони давлатҳои дигар ва ҳайати бо онҳо омадаро таъмин намудан кори саҳлу осон нест.
Ҳамаи ин нуфузу мартабаи миллати тоҷикро дар сатҳи ҷаҳонӣ баровардааст.
Мутаассифона имрўз низ бархе аз ҷавонони гумроҳгашта дар хориҷи кишвар бо фармони хоҷагони худ тариқи шабакаҳои интернет харгуна тўҳмату бўҳтонро нисбати ҳукумати кишвар паҳн мекунанд, ки гуфтаҳои онҳо асос надорад. Мутаассифона ёфт мешаванд касоне, ки чунин баромадҳои онҳоро тамошо мекунанд ва ба гирдоби фиреби онҳо меафтанд, ки оқибат ғаму андуҳро ба падару модар, хешу наздиконашон меоранд.
Дар охир ҳаминро қайд карданием, ки ҳар як шаҳрванди кишвар, бахусус ҷовонон бояд вазъияти имрўзаи Афғонистонро дида ба вазъияти кишвар муқоиса намуда, хулоса барорад, ки кишвари мо имрўз як кишвари бо амну субот буда, ҳама бе тарсу ваҳм дар тамоми гўшаю канори он рафту омад карда метавонад. Ҳамаи ин дастовардҳо бо шарофати сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки кишвари мо рўз аз рўз гулгулшукуфон гашта истодааст.
Бояд имрўз мардуми тоҷик алалхусус ҷавонон ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, пайраву дастгирӣ сиёсати имрўзаи ҳукумату давлат бошанд. Ба гуфтаҳои гумроҳгаштагон фирефта нашуда, давлату миллатро аз бесарусомонӣ ва ҷангу хунрезӣ эмин доранд.
Давлатов У. Н. – муаллими калони кафедраи муносибатҳои байналхалқии ДДҲБСТ