ДДҲБСТ: Натиҷаҳои соли таҳсил баррасӣ ва вазифаҳо барои соли таҳсили 2022-2023  муайян гардиданд

Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон таҳти раёсати ректори донишгоҳ,  профессор Муъмин Шарифзода доир ба “Натиҷаи фаъолияти донишгоҳ дар соли  таҳсили 2021-2022  натиҷагирӣ ва вазифаҳо дар соли таҳсили 2022-2023” ҷаласаи   васеи Шӯрои олимон баргузор гардид.

Сараввал ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода ҷаласаро ифтитоҳ ва аз  таваҷҷӯҳу гамхориҳои ҳамешагии Ҳукумати мамлакат нисбати соҳаи илму маориф ёдовар гардида, зикр намуд, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо бояд ҳар яки мо рисолати хешро софдилона иҷро карда бошем. Бо ин мақсад дар ҷаласаи имрӯза аз  фаъолияти сохторҳои донишгоҳ  натиҷагирӣ ва вазифаҳо барои соли таҳсили нав муайян хоҳад шуд.

Сипас, тибқи рӯзномаи ҷаласа ҳисоботи муовинони ректор ва сардорони раёсату шуъбаҳо  оид ба дастоварду муваффақият ва камбудиҳои ҷойдошта дар самтҳои таълиму тарбия, илм,  робитаҳои байналмилалӣ ва иқтисодию молиявии донишгоҳ  шунида шуд.

Бахусус, нишондиҳандаҳои баланд аз натиҷаи сессияҳои соли таҳсил ва ҷамъбасти аттестатсияи давлатии хатмкунандагон дар муқоисаи се соли охир;  таълифоти илмии устодон, ки нисбати соли гузашта 209 адад зиёд аст;  18 ҳимояи рисолаҳои илмӣ, ки  дар муқоисаи  соли таҳсили гузашта  7 адад зиёд аст; зиёд шудани теъдоди шартномаҳои байналмилалӣ аз 8 адади соли 2008 ба 82 адад дар соли 2022; дар доираи татбиқи се барномаи байналмилалӣ ба роҳ мондани ҳамкориҳои муштарак дар самти баланд бардоштани сифати таҳсилот, тадқиқоти бунёдӣ ва  интиқоли таҷриба; афзудани теъдоди гирандагони стипендияҳои номӣ; дар арафаи истифода  қарор доштани як бинои нави таълимӣ барои 700 ҷойи нишаст ва маҷлисгоҳ барои 800 ҷойи нишаст дастовардҳое буданд, ки дар ҳисоботи маърӯзачиён зикр гардиданд.

Дар Олимпиадаи байналмиллалӣ сазовори 3 ҷойи якум ва 3 ҷойи сеюм, дар Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори 1  ҷойи дуюм  ва 2 ҷойи сеюм, дар озмуни илмӣ-таҳқиқотии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ дар соли 2022»  сазовори 2 ҷойи якум ва 1 ҷойи дуюм, аз рӯи номинатсияҳои  даври шаҳрии озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст…»  сазовори 2 ҷойи якум, 5 ҷойи дуюм ва 4 ҷойи сеюм,  “Илм – фурӯғи маърифат” сазовори 2 ҷойи дуюм ва 4 ҷойи сеюм, дар  озмуни вилоятии “Донишҷӯи сол – 2021” байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилояти Суғд сазовори ҷойи аввал гардидани донишҷӯёни донишгоҳ дастоварди муҳим арзёбӣ гардид.

Пас аз шунидани маърӯзаҳо бо мақсади тақвияти фаъолият ва бартараф намудани баъзе камбудиҳои ҷойдошта иштирокчиёни ҷаласа чанд пешниҳодот намуданд.

Сипас, мактуби Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (№ 05/33101-804 аз 23.06.2022) мавриди баррасӣ қарор дода шуда, дар ҳошияи он ҳайати омӯзгорон ҷиҳати омодагии ҳамаҷониба ба оғози соли нави таҳсил дар самти омода намудани маводи таълмӣ вазифадор карда шуданд.

Дар охир ректор, профессор М.Шарифзода  ба кулли кормандонуомӯзгорони донишгоҳ иброз  дошт, ки ҳар яки мо дар  мутобиқ сохтани сифати таҳсилот ба меъёрҳои байналмилалӣ, назорати ҷиддӣ ва доимӣ дар самти донишазхудкунии донишҷӯён, бахусус,  дар самти илмҳои табиатшиносӣ, техникӣ ва риёзиву дақиқ, иқтисодиёти муосир, ташаккул додани тафаккури техникӣ, ҷалби ҷавонон ба китобхониву забономӯзӣ, таълифи китобҳои дарсӣ, ҷорӣ намудани навоварию ихтироот дар истеҳсолот ва таҷрибаҳои инноватсионӣ, омӯзонидани масъалаҳои мубрами давлатдории миллӣ, таърихи халқи тоҷик ва  дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намудани ҷавонон, баланд бардоштани маърифатнокӣ, мубориза бо хурофотпарастӣ, пешгирии гаравиш ба расму ойинҳои бегона ва гурӯҳҳои ҷудоихоҳ вазифадор ҳастем.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like