Табрикоти ректор, профессор Шарифзода М.М. ба муносибати ҷашни Ваҳдати миллӣ Устодони муҳтарам, донишҷӯёни азиз!

     Боиси хушнудист, ки мардуми саодатманди кишвар 25-умин солгарди Ваҳдати миллиро зери  таассуроти воқеаҳои фараҳбахш ва  рӯйдодҳои муҳими таърихӣ, аз ҷумла таҷлили бошукӯҳи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, талошҳои муштарак баҳри татбиқи ташаббусҳои ҷаҳонӣ  ва рушди муносибатҳои  байналмилалӣ истиқбол мегиранд.

Ваҳдати миллӣ падидаи беназир аст, ки дар таърихи давлатдории миллиамон ба ҳарфҳои заррин  сабт  гардида, рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба ҳисоб меравад. Бо шарофати ин неъмати бебаҳо ва муқаддас, ки сарҷамъии миллатро таъмин ва заминаҳои устувори иттиҳоду ягонагии  миллиро бунёд гузошт, минбаъда пешрафту комёбиҳои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва рӯзгори саодатбори мардуми заҳматқарини кишвар рангу таровати тоза пайдо намуд.

Асосгузори  сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон роҷеъ ба арзиши баланди таърихии Ваҳдати миллӣ таъкид доштаанд: «Созишномаи умумӣ аз лиҳози аҳамияти фавқулоддаи худ бо Эъломияи истиқ лолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия ба Тоҷикистон ба таври расмӣ истиқлол ва соҳибихтиёрӣ ато карда бошад, пас Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин сохт».

Воқеан, барои расидан ба ин рӯзи саид халқи тоҷик бо Сарварии пешвои муаззами миллат аз имтиҳони сахти таърих гузашта, “ ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшид ва ба аҳли башар исбот намуд, ки ин миллат метавонад таҳти парчами Ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ сарҷамъ гардида, дар фазои сулҳу субот умр ба сар бурда,  сарзамини аҷдодии хешро бо азму талоши ватандӯстона ободу зебо гардонад».

Бо баҳои таърих Истиқлоли давлатӣ  агар заминаҳои озодӣ, бунёдкорӣ, пешравӣ ва такомули ҷомеаро эҷод карда бошад, ваҳдати миллӣ дар амалӣ шудани ғояҳои миллӣ ҷараёни тоза бахшид ва натиҷаи баҳамоии ин ду падидаи бузурги тақдирсози миллати тоҷик аст, ки  Тоҷикистон имрӯз ба як кишвари сарсабзу хуррам мубаддал гардид. Истиқлоли давлатӣ тӯли 30 сол ва ваҳдати миллӣ дар давоми 25  соли тантанаи ғоявии худ дар баробари дигар ҷабҳаҳои ҳаётан муҳим дар инкишофи тафаккури таърихӣ, хештаншиносӣ, равнақу ривоҷи андешаи миллӣ таъсири амиқ  гузошта, барои ноил гардидан ба натиҷаҳои бузург боис гардид.

Ваҳдату ягонагӣ шароит фароҳам овард, ки аз ҷониби давлат ва ҳукумати мамлакат ҷиҳати таҳкими заминаҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи илму маорифи кишвар, густариши пойгоҳи моддию техникии муассисаҳои таҳсилотӣ тадбирҳои муассир амалӣ гарданд. Сол то сол афзоиш ёфтани маблағгузории соҳа, ҳамасола дар кишвар ба истифода дода шудани теъдоди муайяни мактабҳои замонавии мутобиқ  ба стандартҳои байналмилалӣ, таҳия ва татбиқи Стратегияҳо, Консепсияҳо ва барномаҳои давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм, таъсиси стипендияҳои номӣ, квотаҳо ва монанди ин тадбирҳои муҳим намунаи равшани ин гуфтаҳоянд.

Татбиқи босамари ҳадафҳои стратегии миллиамон,  густариши  равобити дӯстии халқҳо,  пиёда намудани шоҳроҳи рушди устувор ва босуботи ояндасоз, иқдому амалҳои созандаи вусъатбори мамлакат, ки дар саҳифаҳои сабақомӯз ва пурарзиши таърихномаи миллат бо хатти зар сабт мегардад, самараи ваҳдати миллӣ ва тарғиби пайвастаи ғояҳои он мебошад.

Густариши ғояҳои ваҳдат дар ҷомеа дар баробари таъмини заминаҳои рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ, таърихию фарҳангии даврони соҳибистиқлолӣ, инчунин барои эҳёи тафаккури нави миллӣ заминаҳои мустаҳкам фароҳам овард.  Аз рӯзе, ки Ваҳдати миллӣ насибамон гардид, даврони саодатофарин ва созандагиҳои бузург насибамон гардида, 25 сол инҷониб ин рӯзи таърихиву сарнавиштсозро аҳли кишвар чун рӯзи эҳёи дубораи миллат ва  оғози марҳилаи нави ташаккули давлати соҳибистиқ лоламон таҷлил менамояд.

Имсол, Рӯзи Ваҳдат моро ба 30-солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваст ва месазад ба сари баланд ба дастовардҳои беназири ин давлати обод ва миллати шарафмандамон назар афканда, бо дили пур аз орзуву умедҳои нек ба фардои ободу дурахшон қадамҳои устувор гузорем.

Аз фурсати муносиб истифода бурда, ҳар яки Шуморо бо ин  рӯзҳои пурсурур- ҷашни навбатии солгарди Ваҳдати миллӣ  самимона табрик намуда,  ба хонадонатон сулҳу осоиш ва бахту саодат орзу дорам.

Бигзор, ҳамарӯз садои Ваҳдати миллӣ – пояи устувори Истиқлоли давлатӣ  абадӣ дар гӯшаву канори кишвари биҳиштосоямон танинандоз бошад.

You might also like