МУБОРИЗА БО ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРОМИЗМ ВАЗИФАИ ШАҲРВАНДИИ МО

Терроризм шакли ниҳоят хатарноки ифродгароӣ дар байни аҳолии сатҳи илму донишашон пасти кишварҳои ҷаҳон ба шумор рафта, он пеш аз ҳама ба одамони бегуноҳ таҳдит намудан аз тарафи як гуруҳи шахсоне, ки на ба дину мазҳаби ҳуд бовар мекунанду ва на ба мавкеи инсон будан дар ҷомеа аҳамият медиҳанд, равона карда шудааст. Ин тоифа одамон хатарнок буда, пайваста ба ҷони шаҳрвандони бегуноҳ суиқасд анҷом медиҳанд.  Зумрае аз ҷавонони сатҳи маърифат ва донишашон паст буда, зуд шефтаи ҳарфу гуфтори эшон гардида, шомили гуруҳи онҳо мегарданд, ки онҳоро террористон омода карда, бар зидди давлату миллат, падару модар ва несту нобуд гардонидани забони ҳудашон равона мекунанд. Онҳоро мо ба гуруҳи одамони ҳатарноктарини ҷаҳон шомил менамоем, зеро дар дили онҳо раҳму шавқат ҷой надорад ва агар сатҳи маърифатнокиашон баланд мебуд ба ин гуруҳҳои ифроти шомил намегардиданд. Шахсоне ки ба гуруҳи терроризм ва экстремизм шомил гардидаанд, онҳо ба кушторҳои бераҳмонаю ҳаводиси даҳшатбори террористи сокинони саёраро дар ҳоли нигарони карор дода, таҳдиди хатарҳо ба ҷони эшон менамоянд.

Имрӯз кишваре нест, ки аз таъсири амалҳои номатлуби гуруҳҳои террористи ва экстремисти эмин бошад. Нигаронии баъзе аз давлатҳо дар он аст, ки аз шумораи ҷавонони таҳсил накарда ва аз илму дониш бебаҳра монда, рӯз то рӯз зиёд гардида, шомили ин гуруҳҳои ифротгароиҳо набошад.

Оғози терроризм ва экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аввали солҳои 90-уми асри ХХ ба кайд гирифта шудааст. Баъди аз байн рафтани давлатдории Иттиҳоди Шӯравӣ якбора низоми давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон тавоноии худро аз даст дод. Фалаҷ гардидани ҳокимияти давлатӣ, бӯҳрони молиявӣ, бекор мондани аҳолӣ, паст шудани сатҳи зиндагии мардум ва аз назорат дур мондани таъмини амнияти давлатию ҷамъиятиро ба вуҷуд овард.

Аз ин фурсат намояндагони ташкилотҳои террористию экстремистӣ сӯистифода карда, ба барҳам додани давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз  намуданд. Аъзоёни ин гурӯҳҳо аввал аҳолиро ба масҷидҳо ва тавассути онҳо ба фикри амалӣ намудани мақсаду мароми ҳуд наздик намуданд. Ин гурӯҳи тундгарои террористӣ ҷавононеро, ки сатҳи донишашон паст аст ва ё оилаҳое, ки шароити зиндагии камбағалона доранд ба худ ҷалб менамуданд.  Барои ин тоифаи одамон онҳо пулу маблағҳои зиёд ваъда дода, ба доми худ мегиранду аз онҳо террористон омода карда, бар зиддашон мефиристанд. Терроризм аксаран дар байни ҷавонони бемаълумот, ки зери таъсири андешаҳои ғайрианъанавӣ меафтанд, бештар реша давондааст. Дар солҳои аввали соҳибистиқлолии  Тоҷикистон аъзоёни собиқ ҲНИ бо аъзоёни гуруҳи террористону эстремистон  дар якҷоягӣ Истиқлолияти давлатро ҳалалдор намуда, ҷанги шаҳрвандиро дар кишвар оғоз баҳшиданд. Ин хоинони миллати тоҷик барои несту нобуд намудани миллати нав ба истиқлолият рӯ оварда кӯшишу талошҳои зиёд намуданд.

Барои пешгирӣ намудан аз ин ҷангу ҳонумонсӯз нафаре лозим буд, ки пеши роҳи онро гирад ва миллати тоҷикро барои аз байн нарафтан эмин нигоҳ дорад. Дар он солҳо фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, онеро, ки модари тоҷик тавлидаш кардааст, Эмомалӣ Раҳмон ба майдони набард баромада, аз ҷони ҳуд гузар намуда, пеши роҳи ин ҳунрезиро гирифт ва санаи 27-уми июни соли 1997 ба кишвари Тоҷикистони худ, сулҳро оварданд ва ҳангоми бастани созишномаи  сулҳу дӯстӣ Тоҷикистони азизи моро аз вартаи ҳалокат наҷот доданд.

Бояд мо ба қадру манзалати ин сарзамин расем  ва нагузорем, ки пойи ноҳалаф душман вориди ҳоку оби ин Ватан гардад.  Сарвари мамлакат барои аз илму дониши замони хеш барҳурдор гардидани ҷавонон тамоми шароити муосидро фароҳам овардаанд ва бояд ҳар яки мо ҷавонон аз ин фурсати муосид истифода бурда хонем ва барои ояндаи дурахшони кишвари маҳбуби худ саҳми хешро гузорем.  Боиси афсӯс аст, ки зумрае аз ҷавонони мо таҳсил намекунанду ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд ва баъзеи онҳо ҳамеша дар шабакаҳои иҷтимоӣ ворид гардида, ҳар гуна видеоҳо ва тасвирҳои гурӯҳҳои ифротгароиро тамошо мекунанду пайравӣ ба онҳо менамоянд. Агар сатҳи дониши сиёсии ҷавонон баланд ва меҳру муҳаббаташон нисбат ба модар – ватани худ зиёдтар бошад, ҳеҷгоҳ аъзои ин гурӯҳҳо намегардад ва бар зидди миллати ҳуд дар даст аслиҳа намегирад.

 

Якубов А.А. – мудири шуъбаи корҳои тарбияи ДДҲБСТ

You might also like