ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ – ТАҲДИД БА АМНИЯТ ВА СУБОТИ ҶОМЕА
Замони мо, ки пур аз тазод, мушкилот ва ихтилофу зиддиятҳост, доир ба афзудан ва паҳн шудани экстремизм, терроризм, радикализм, фундаментализм ва ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-ифротгароӣ, созмонҳои террористии барои суботу амнияти ҷомеа хатарафзо зиёд ҳарф мезананд. Ин калимахои нохуш чунин маънохоро дорад: Терроризми сепаратистӣ (ҷудоихоҳӣ, марказгурезӣ) террористони сепаратист худро муборизони муқобили асорату ғуломӣ эълон карда, бар зидди ягонагии давлат, якпорчагии он, барои аз ҳайати он баромадан мубориза мебаранд. Экстремизм – аз калимаи франсузии “extremisme” ва лотинии «extremus» гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, якравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузашатан аст. Радикализм – аз калимаи лотинии “radia” – гирифта шуда, маънояш “реша” қатъӣ аст.Радикализм – бе созишу гузашткунӣ, бетаҳаммул ва якдигарфаҳмӣ амалӣ кардани майлу хоҳиш ва мақсади худ, кӯшишу фаъолият барои бо зӯрӣ ва фишор қатъиян дигаргун кардани вазъият дар ин ё он соҳа мебошад. Фундаментализм аз калимаи лотинии «fundament» гирифта шуда, маънояш асос, бунёд, таҳкурсӣ, поя, пойдевор, пойдор аст.
Тибқи маълумоти коршиносон имрӯз дар ҷаҳон беш аз 500 ҳизбу ҳаракатҳои динию ифротгаро, созмонҳои террористию экстремистӣ ошкорову пинҳонӣ амал мекунанд. Ҳамасола дар арсаи терроризм ё барои мақсаду амалҳои террористӣ дар ҷаҳон дар маҷмӯъ аз 5 то 20 миллиард доллар сарф мегардад. Террор ҳамчун воситаи амалӣ намудани мақсад, маром ва ниятҳои хатарноку нопок, тамаъҷӯӣ, манфиатҳои хеш зуҳурот ё падидаи ниҳоят хатарнок, даҳшатовар барои ҷомеа, давлат ва амнияти мардум мебошад. Дар истифодаи таҳдиду фишор, зӯроварӣ, бераҳмӣ, қатлу куштор ва дигар амалҳои ғайриинсонӣ террористон ҳама бо ҳам монанд ё аз як ҷинсанд. Терроризми динӣ, ки имрӯз бештар паҳн шудааст дар зери ниқоби дин амал намуда, худро муборизони роҳи дин, “роҳи ҳақ” эълон мекунанд. Дар ислом онҳо худро “муҷоҳид” (аз калимаи “ҷиҳод” – ҷанг дар роҳи дин, дар роҳи ислом) ё ғозӣ (“ғазавот” – ҷанг дар роҳи дин бар зидди куфр) эълон менамоянд.
Мо аҳли ҷомеа бояд бар зидди чунин падидахои номатлуб мубориза барем. Ҳар лаҳзаю ҳар сония зиракии сиёсиро аз даст надода, кӯшиш ба харҷ диҳем, ки агар заррае ҳаракатҳои шубҳанокро эҳсос кардем ва ё шунидем, ки бар зидди ҷомеаи мо ҳарф мезананд, мо ягон вакт бефарқу бетараф набошем.
Мирмаматова Р.А. – омўзгори кафедраи муносибатҳои байналхалқии ДДҲБСТ