ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН ВА ЭҲЁИ МИЛЛАТ
Тоҷикам, шукрона кун ин рӯзи истиклолро,
З-он, ки овард баҳри моён шавкату иқболро.
Пеш аз оғози андешаҳо зарур мешуморам, то аз осори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаеро пешниҳод намоям. «Худшиносӣ кутбномаест, ки моро ба сӯйи асолати милливу ҳувияти ватандорӣ раҳнамоӣ карда, бароямон роҳи душворӣ пешрафти оянда, кору пайкори навбатии давлатсозиву давлатдорӣ, расидан ба рӯзгори ободу осуда ва ҷомеаи мутамаддинро осонтар мегардонад».
Азму иродаи қавии халқи тоҷик барои расидан ба рукнҳои давлатдорӣ нақши муассир гузошт. Насли хештаншиносу худогоҳ дар аввали солҳои соҳибистиклолӣ бо садоқату саодати хеш, барои мустаҳкам намудани пояҳои давлатдорӣ қадамҳои устувор гузоштанд, ки наврасону ҷавононро мебояд, аз ин сабақ бардоранд, пайравӣ кунанд. Бояд қайд намуд, ки такя ба насли худогоҳи миллат метавонад,ҳуввияти миллӣ ва арзишҳои онро аз равандҳои хатарафзои ҷаҳонишавӣ эмин нигоҳ дошта,давлати соҳибистиклол ва навбунёди мо, тоҷиконро дар ҷаҳон пойдор бимонад.
Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи тай намудаи худ,баҳри таҳким бахшидани пояҳои Истиклолияти давлатӣ кӯшидаанд,ки симои ҳар як фарди сарзаминро ҷиҳати аз бар намудани донишҳои марбут ба худшиносии миллӣ мунаввар созанд,ки худшиносии миллӣ сарчашмаи тамоми хушбахтиҳои мост. Метовон гуфт, ки истеъдоди нодири сиёсатмадор Пешвои муаззами миллат омили асосии болобарандаи нуфузи миллӣ гашт.
Баъди аз байн рафтани ИҶШС тоҷикон истиқлолияти давлатии худро эълон доштанд, вале афсӯс душманону бадбинони миллат моро ором нагузоштанд ва рӯзҳои сардро болои сари мо бор карданд.Дар ин амалҳо фарзандони гумроҳу ноогоҳ аз ҳувияти хеш,нақши мубориз доштанд.
Ҳамаи ин ба дили мардум ноумедӣ зам менамуд, ҳамин буд, ки оромиро дар мулки дигарон чустанд, гуреза шуда, талафоти зиёди ҷониро ба миён оварданд. Бузурге фармудааст: «Он ки некбахтии худро ба дасти дигаре медонад, басе нокомӣ хоҳад кашид»
Бинобар ин, ҳар яки мо бояд баҳри пешравии сарзамини худ саъю кӯшиш кунем. Камоли воқеии фарзандони фарзонаи миллат буд, ки ба ин нооромиҳо ва ватансӯзиҳо нуқтаи оромӣ гузошт.
Танҳо ва танҳо ҳисси миллатдӯстӣ ва хештаншиносӣ ватандори асил ва абармарди таърих Эмомалӣ Раҳмонро водор сохт ки, барои ҳифзи марзу буми аҷдодӣ, нангу номуси миллӣ ва аз нав ба ҳам овардани мардуми парокандаи ин сарзамин ба майдони мубориза ворид гардад. Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷони хеш ва аз умри чавони худ, барои миллат гузашт кард. Ва оқибат некномӣ, некпиндорӣ ва армонҳои миллӣ ӯро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллати тоҷикон унвон дод.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи аввали соҳибистиқлолии кишвар баҳри камолоти маънавии миллат таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намудааст, ки рушти бесобиқаи соҳаи маориф далели воқеист. Аз ин рӯ ҳар фарди ҷомеаро зарур аст,ки аз имкониятҳои мавҷуда фароҳам истифода бурда,ҷиҳати рушди илму маърифат ва тараққиёти технологияи муосир кӯшиш намояд.
Имрӯз мо насли ҷавон-созандагони имрӯзу фардои Тоҷикистон то чӣ андоза худшинос гардидаем,зеро асоси ташаккули давлатдории навини мо маҳз дар заминаи худшиносии миллӣ сохта шудааст. Мо дар арзи ҳастӣ дорем, ки ҳаёти сиёсии ҷаҳон ноустувор ва равандҳои ҷаҳонишавӣ босуръат ҷараён дорад. Бояд ҳамқадами замон,эҳёгар ва посдори арзишҳои миллӣ бошем.
Пешвои муаззами миллат низ фармудаанд: «Аз ҷавонону наврасони кишвар ва умуман,аҳли ҷомеа тақозо мегардад,ки бо ифтихор аз арзишҳои ҷовидонии Ватан,модар, давлати соҳибистиқлол,фарҳангу анъанҳои миллии тоҷикон ҳамеша дар ҳифзи аслу насаби худ ҳушёру бедор бошанд».Давлате,ки рушд накардааст,новобаста аз масоҳат ва миқдори аҳолӣ метавонад,бозичаи давлатҳои абарқудрат бигардад.Аз ин рӯ,баҳри пешрафти давлати худ маърифатнокии аҳолии ҷумҳуриро бояд вусъат дод.
Истиқлол,волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷик аст,ки бисту шаш сол муқаддам муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омад: Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид.Ин ҳодисаи фараҳбахш аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуқӯъ пайваст ва 9 сентябр расман Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.Аз ҳамон вақт,то имрӯз ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас маҳсуб мешавад.
Даврони Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ,ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем.Истиклолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ,бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил,кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ,азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ,иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда ва меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро тахким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд.Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрӯз ифтихор доранд,ки бисту панҷ сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ-Парчам,Нишон,Суруди нави миллӣ гардидем.
Моҳи ноябри соли 1992 дар қасри арбоби ноҳияи Б.Ғафуров Иҷлосияи 16-Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба арсаи сиёсат шахсиятеро баровард,ки дастовардҳои минбаъдаи кишвар ба номи ӯ иртиботи ҳамаҷониба доранд.Аз рӯзи Сарвари давлат интихоб гардидани фарзанди барӯманди халқ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми фишангҳои ҳокимият асосҳои сохтори конститутсионӣ,меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар роиҷ гардида,пули миллӣ ба муомилот баромад ва шиносномаи миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардид.
Мо яке аз рукнҳои асосии давлатдории мустақил-Артиши миллӣ ва нерӯҳои сарҳадиро таъсис дода,ҳифзи марзу буми Ватан ва сарҳади давлати худро таҳти назорати доимӣ гирифтем.Чунон, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,Президенти мамлкат, Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳиятан шакли ҳуқуқбунёд, иҷимоӣ ва дунявиро дорад».
Мақсади асосии низоми демократӣ дар ҷомеаи мо,пеш аз ҳама таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон,фароҳам овардани шароит барои меҳнат ва зиндагии осуда, волоияти қонун,пойдории адолат ва иштироки фаъоли мардум дар идоракунии давлат мебошад,ки ба анъанаву сунатҳои давлатдории миллӣ,арзишҳои ахлоқиву фарҳангии миллат ва дастовардҳои тамаддуни башарӣ такя мекунанд.
Самараи неки истиқлол аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст.Таҷрибаи сулҳи тоҷикон-манбаи омӯзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт,ки боиси ифтихори ҳар як қавми тоҷикмиллат аст.Мо бояд аз ин миллати баруманд биболему барои боз ҳам машҳуртар гардидани он кӯшишу ғайрат намоем. Аз ин лиҳоз гуфтаниям:Бигузор иди муқаддаси Истиқлолият барои ҳар як фарди соҳибдилу бомаърифат саломатӣ,бахту саодат,бурдборӣ,комёбӣ,зиндагии осуда,саодату кушоишҳо оварад.
Поянда бод ваҳдати миллӣ ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон!
Нурмаҳмадов Ю.Ш. – дотсенти кафедраи таърих ва диншиносӣ