ШУКРИ НЕЪМАТ НЕЪМАТАТ АФЗУН КУНАД
Воқеаҳои охири дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯхдода ҳамагонро ҳушдор намуд, ки неъмати беҳамтои ваҳдат, якдигарфаҳмӣ, таҳаммулпазирӣ чӣ қадар қиммат аст. Дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо тинҷию оромӣ чӣ қадар қиммати баланд дорад.
Халқи меҳнатқарин ва ободкори тоҷик ба ин рӯзҳои амн бо чӣ қадар талошҳову ҷоннисориҳо расидааст ва қадри ин дастовардҳо баҳо надорад.
Аммо ин комёбиҳои халқи тоҷик ва Ҷумҳурии Тоҷикистон на ба ҳама писанд аст. “Дӯстои” – и берун аз марзии мо ва дохили кишвар бо ҳар баҳона мехоҳанд оромиши Ватани азизи моро халалдор намоянд. Онро аз рӯи шиори “Обро лой намою моҳиро дор” рафтор намуда, мехоҳанд ин меҳани азизи моро ба солҳои 1990-1997 монанд намоянд. Гӯё қасоси номардонаи худро ки дар вақташ гирифта натавониста буданд акнун гиранд.
Лекин “тушбераро хом шумориданд”. Ин халқи куҳанбунёд ин миллати фархунда ҳаргиз ин қабил дасисакоронро намеписандад ва ба макри фиреби онҳо таслим намешавад. Ба як ҳавзи чиркин нафаҳмида як маротиба медароянд маротибаи дуюм не.
Аммо он дӯстоне, ки қайд намудем ҷойи сусти занҷирро гӯё дарёфт кардаанд, ки он ҳам сад афсӯс, ки як қисми мардуми кӯҳистонии бовиқору сарбаланди Помир гардидааст.
Халқи баору номуси Помир ин бародарон ва хоҳарони мо, ҳаммеҳанони мо тамоми тоҷику Тоҷикистониён мебошад.
Ин халқ таърихи кӯҳнаи маънавӣ бунёд бо расму оинҳо хосу фарқкунанда ва фарҳанги дилҳоро тасхиркунанда мебошад.
Онҳо аз мо боқимонда тоҷикони ҷумҳурӣ ҳеҷ гоҳ ҷудо набуданд ва мо ҳамеша бо онҳо будем.
Имрӯзҳо маҳз бо ташаббуси сиёсати раиятпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намояндагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҳамаи шохаҳои ҳокимият ва хоҷагии халқи тамоми ҷумҳурӣ сарбаландона кору фаъолият доранд.
Дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар донишҷӯён аз ин вилоят бомувафақона таҳсил менамоянд ва мо тоҷикон ва Тоҷикистониён халқи ягона миллати ягона буда ягон фарқу тафриқ дар байни моён мавҷуд нест.
Тоҷикистон ҳеҷ давру замон кишвари кӯчак набуд ва намебошад.Ӯ бузург аст ва ҳадду канор надорад чунки забони тоҷикӣ ин ҷаҳони тоҷик аст ва дар ҷаҳон зиёда аз 100 млн аҳолӣ бо забони тоҷикӣ ҳарф мезананд ва фардои дурахшони мост.
Роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон диққати махсус зоҳир менамояд ва барои ободии ин қисми кӯҳистони кишварамон аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ грантҳои дохилӣ ва хориҷӣ маблағҳои зиёде сарф мешаванд. Ҳар як сафари роҳбари муаззами кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин вилоят кушодашавии объектҳои нави таълимоташон гуногун, ба истифода додан ва таъмири роҳҳои наву кӯҳна мебошад. Ба ҳар як сафари худ ба ин водӣ тӯҳфаҳои зиёд ва ёрии гуногуни моддӣ – молиявӣ ба ин вилоят расонида мешавад.
Мо бовари надорем, ки он амалҳои манфие, ки рӯзҳои наздик дар ВМКБ рух доданд воқеӣ бошанд. Балки натиҷаи дассисаҳои “хоҷагони хориҷӣ” ва ифротгароии дохилӣ аст.
Ба халқи сарбаланд, боғурур ва баору номуси Помир муроҷиат намуда, гуфтанием, ки ҳаргиз фирефтаи ҳилаю найранг нагарданд.
Ба ободии кишвари азизу маҳбубамон саҳмгузор бошанд. Шукри осмони софу беғубори кишвар намоянд.
Тоҷзод Д.Ҳ. – Сардори раёсати таълими ДДҲБСТ