РОҲҲОИ МУҚОВИМАТ БО ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОӢ ДАР ФАЗОИ МАҶОЗӢ  

Ҷомеаи башарӣ дар шароити имрўза гирифтори мушкилоти зиёде аст, ки рушди терроризм ва ифротгароӣ аз ҷумлаи он масъалаҳои ҳалталаб ва доғи рўз мебошанд. Терроризм ва ифротгароӣ тамоми ҷомеаҳоро фаро гирифта, бо истифода аз абзорҳои мухталиф кўшиш бар он доранд, ки таъсир ва нуфузри худро боло баранд ва бо ин роҳ мақсадҳои манфури хешро амалӣ созанд. Нерўҳои созандаи аҳли башар дар шароити кунунӣ бар он мекўшад, ки таъсир ва нуфузи созмону гурўҳҳои террористӣ ва ифротгароиро ба мардум ва ҷомеаҳо кам намоянд ва ба нестӣ расонида бошанд. Яке аз масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи нерўҳои муборизабаранда бо терроризм ва ифротгароӣ ин кам намудан ва ё пешгирӣ намудани таъсири ин гурўҳҳо ва созмонҳо дар фазои маҷозӣ мебошад, ки имрўз аксари мардуми башар дар он ҳузур доранд. Саволи асосӣ дар ин маврид он буда метавонад, ки чи гуна метавон таъсири созмонҳои террористӣ ва ифротгароро дар фазои маҷозӣ кам намуд ё худ шаҳрвандони худро аз гирифторияшон дар доми гурўҳҳои террористӣ ва ифротгаро дар ин фазо боздошт?

Чи хеле ки қайд намудем, созмонҳои террористӣ ва ифротгаро аз тамоми имконе, ки доранд барои мустаҳкам намудани мавқеи худ истифода мекунанд. Аз он ҷумла, дар шароити имрўза фазои маҷозӣ ё интернет ба майдоне табдил ёфтааст, ки чунин созмонҳо ва гурўҳҳо бо лаҳну шеваи мухталиф дар он фаъолият мебаранд.

Дар даҳсолаҳои охир Интернет чун абзори муҳими пайванд ва иттилоотрасонӣ таваҷҷуҳи васеи гурўҳҳои террористӣ ва ифротгароро ба худ кашидааст, то бо пайравон ва мухотабони худ дар алоқа қарор гирифта бошанд. Гурўҳҳои террористӣ ва ифротгаро дар замони муосир ба таври васеъ аз интернет истифода мекунанд. Аз он ҷумла террористон ва ифрогароён дар фазои маҷозӣ ҷанги равонӣ мебаранд, иттилооти зарурияшонро ҷамъ меоваранд, дигаронро дар заминаи андешаҳо ва мақсадҳои худ омўзиш медиҳанд, кўмаки молӣ меҷўянд ва меситонанд, тарғибот мебаранд ва дигаронро ба фаъолияташон ҷалб менамоянд, шабака месозанду нақша мекашанд ва ҳатто амали террористиро ҳамоҳангсозӣ мекунанд. Дар умум дар шароити имрўза шабакаи интернет барои созмонҳои террористию ифротгаро чун як василаи хуби таъсиррасонӣ ба дигарон гаштааст.

Чи хеле ки мушоҳида мегардад, дар шароити кунунӣ Интернет дар баробари хубиҳо ва истифодаи самараноки он ҳамчунин абзоре барои паҳну пахши маводи мўҳтавои фаҳшдошта ва террористию ифротгароӣ баромад мекунад. Гурўҳҳои дорои мақсадҳои мухталифи сиёсӣ аз он ҷумла гурўҳҳои террористӣ ва ифротгаро пас аз зуҳури Интернет имкониятҳои ин шабакаи иттилоотии ҷаҳониро барои паҳн намудани андеша ва таблиғи худ, пайванд бо пайравону ҳаммаслаконашон, огоҳии ҷомеа аз мавқеъгирияшон истифода мекунанд.

Бо табиат ва хусусиятҳои худ фазои маҷозӣ аз чанд ҷиҳат барои фаъолияти созмонҳои террористӣ ва ифротгаро фазои мусоид мебошад. Фазои маҷозӣ барои гурўҳҳои террористӣ ва ифротгаро чунин имкониятҳо медиҳад:

– дастрасии осон ба фазои маҷозӣ, ки хусусан ҳузури физикиро талаб намекунад;

– набудани идоранамоӣ ё идораи маҳдуд, сензура ё дигар навъҳои назорати давлатӣ;

– мухотабони зиёд дар тамоми ҷаҳон, зеро аксари одамон ва хусусан ҷавонон имрўз аз имкониятҳои интернет ба таври мухталиф истифода мекунанд;

– пўшида ва махфӣ будани ҳамагуна иртиботот, ки аксари ҳолат аз чашми мардум ва субъектҳои муборизабаранда бо терроризм ва ифротгароӣ пинҳон мемонад;

– ҷоришавии босуръати иттилоот, паёмҳо ва андеша;

– ҳузури арзон ва таъминоти арзон;

– муҳити мултимедӣ (имкони фарогирии матн, графика, аудио ва видео, имкони истифодабарандагон барои гирифтани нусхаи электронии кинофилмҳо, сабтҳо, китобҳо, расмҳо ва ғ.);

– имконияти кўчидан ва фарогирии мўҳтавои он дар васоити ахбори оммавии анъанавӣ, ки Интернетро чун манбаи иттилоот ифтифода мекунанд.

Интернет воситаи иттилоотии ғайрисензурӣ мебошад, ки ҳикоятҳо, расмҳо, мавқеъгириҳо, ваҳшатафканӣ ё паёмҳои мухталифро новобаста аз воқеият доштан ва ё надоштанашон ба мухотабон мерасонанд. Чунин имконияти шабакаи интернет ҳатто ба гурўҳҳои хурде имкон медиҳад паёми худро бузург ва хатари худро барзиёд нишон диҳанд.

Ҷиҳати дигари истифодаи интернет аз ҷониби гурўҳҳои террористӣ ва ифротгаро ин ҷамъиятӣ шудани таблиғоти онҳо аст. Интернет дар шароити имрўза барои гурўҳҳои террористӣ ва ифротгаро он имкониятеро фароҳам сохтааст, ки ҷамъиятӣ шудани худро таъмин намоянд. То ба зуҳури интернет гурўҳҳои террористӣ ва ифротгаро мехостанд ҷамъиятӣ шудани худро бо ҷалби телевизион, радио ва воситаҳои ахбори чопӣ таъмин намоянд. Албатта, созмонҳои террористию ифротгаро ҳадди муайяннамударо дар воситаҳои ахбори анъанавӣ убур карда наметавонистанд. Аммо дар сомонаҳои интернетии худ ин гурўҳҳо чунин ҳадди муайяне барои маҳдудият надоранд ва ҳарчӣ дилашон хост ба самъи ҷомеа мерасонанд. Мусаллам аст, ки дар шароити имрўза гурўҳҳои террористӣ ва ифротгаро худ мўҳтавои паёмашонро дар интернет муайян мекунанд, ки ба онҳо имкон медиҳад симои худ ва ҳарифашонро мувофиқи хосташон тарҳрезӣ ва пешкаши мухотабон созанд.

Созмонҳои террористӣ ва ифротгаро дар шароити имрўза аз имкониятҳои интернет барои ҷалби аъзову пайравон ва сафарбаркунии онҳо ба амалҳои террористӣ васеъ истифода менамоянд. Интернет дар шароити имрўза чун абзори муҳими сафарбаркунӣ барои террористон баромад менамояд. Ҷалбкунандагон барои ҷалби нафарони нав ба гурўҳҳои террористӣ метавонанд аз чатхонаҳо, паёмрасонҳо, фиристодани мактуб ба суроғаҳои электронӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ дар интернет васеъ истифода намоянд.

Истифодаи интернет ба гурўҳҳои террористӣ ва ифротгаро чунин шароитеро фароҳам намудааст, ки шабакаҳои худро ташкил дода бошанд ва ё бо дигар гурўҳҳои ҳамақидаи худ пайвандро барқарор созанд. Фазои маҷозӣ барои чунин гурўҳҳо пайванди мусоидро фароҳам намудааст.

Ҷиҳати дигари истифодаи интернет аз ҷониби гурўҳҳои террористӣ ва ифротгаро ин паҳн намудани иттилоот ва ё расонидани иттилоот мебошад. Имрўз дар шабакаи интернет ҳатто сомонаҳое ҷой доштаанд, ки дар мавриди ҳамлаҳои вайронкунанда ва шеваҳои баргузории онҳо маълумот паҳн мекунанд.

Чи гунае, ки муайян шуд дар марҳилаи имрўза мубориза бо ҳузури терроризм ва ифротгароӣ дар фазои интерент яке аз масъалаҳои муҳим ва ҳалталаб мебошад. Зеро дар аксари ҳолат назорати ҷавонон дар фазои маҷозӣ ғариимкон ва мушкил аст ва эҳтимоли дучори онҳо бо иттилоот ва тарғиби ҳаргуна созмонҳои террористӣ ва ифротгароӣ ҷой дорад. Аз ин рў, мушкилоти ҳузури  созмонҳои террористӣ ва ифротгаро дар фазои интернет ба яке аз масъалахои ҳалталаби имрўз табдил ёфтааст. Субъектҳои бар зидди терроризм ва ифротгароӣ муборизабаранда ва мардуми кишварро зарур аст, ки сари ҳалли ин масъала биандешанд то ҷомеа ва наздикону пайвандонашонро аз шарри ҳузури терроризм ва ифротгароӣ дар фазои маҷозӣ эмин нигоҳ дошта бошанд. Дар шароити Тоҷикистон дар солҳои охир мисолҳои зиёде буданд, ки ҷавонони моро дар фазои маҷозӣ гумроҳ сохтанд ва ба сафи гурўҳу созмонҳои террористӣ ва ифротгаро шомил намуданд. Нафарони зиёди гумроҳшуда ва пайвандгашта ба созмонҳои террористӣ дар фазои маҷозӣ ба тарғиби ин гурўҳҳо машғул  буданд, ки албатта дигар ҷавононро низ гумроҳ мекарданд.

Агарчанде назорат ва ё комилан ба нестӣ расонидани таъсири созмонҳои террористӣ ва ифротгаро дар фазои маҷозӣ дар шароити имрўзаи рушди технологӣ ғайриимкон ва мушкил аст, чанде аз қадамҳо дар пешгирии таъсири онҳо ба мардум ва хусусан ҷавонон метавонанд муассир бошанд. Омилҳои пешгирикунандаи нуфузи созмонҳои террористию ифротгаро дар фазои маҷозӣ ва таъсири онҳо ба мардум ва қишри ҷавонро метавонем шартан ба ду гурўҳ ҷудо намоем. Аввалан омилҳои пешгирикунанде, ки ба истифодабарандагони фазои маҷозӣ пайванд аст ва дуюм он омилҳои пешгирикунандае, ки ба фаъолияти субъектҳои зиддитеррористӣ алоқамандӣ доранд.

Дар аввал дар мавриди омилҳое сухан меронем, ки ба рафтори истифодабарандагони фазои маҷозӣ иртибот доранд. Пеш аз ҳама моро зарур аст, ки фарҳанги истифодаи дуруст ва саҳеҳ аз интернет ва фазои маҷозиро ба мардуми кишвар ва хусусан ба қишри ҷавон омўзонида бошем. Фазои интерент дар шароити имрўза ба як баҳр ва ё уқёнуси иттилоотӣ монанд аст, ки фарогири анвои мухталифи иттилоот, аз ҷумла иттилооти созанда ва сўзанда мебошад. Албатта ҳузур дар ин баҳри иттилоотӣ аз мо шиновари моҳир буданро тақозо мекунад, то дар мавҷҳои иттилооти нолозима ва тўфонҳои фаҳшу разолат ғарқ нагардида бошем. Аз ин рў, моро зарур аст, ки ба ҷавонони кишвар ва хусусан ба он қишри аҳолӣ ки ҳанўз аз ҷиҳати ақлонӣ пухта нестанд фарҳанги дуруст ва саҳеҳи истифода аз шабакаи интеренет ё худ истифодаи бомавриди онро омўзонида бошем. Ба андешаи мо истифодаи бамаврид аз шабакаи интернет метавонад яке аз кафолатҳои муҳими дучор нашудан ба тарғиб ва доми созмонҳои террористию ифротгаро бошад. Аксари ҳолат истифодаи бомаврид аз шабакаи интернет миёни мардум ва хусусан қишри ҷавон ба воқеиятҳои зиндагии онҳо пайванд дорад. Истифодабарандагони бомавриди шабакаи интернет ин фазои иттилоотиро танҳо ба хотири ба даст овардани иттилооти зарурӣ дар амалӣ намудани нақшаву барномаҳои ҳаётии худ истифода мекунанд ва ғарқи фазои маҷозӣ намегарданд.

Омили дигари пешгирикунандаи таъсири созмонҳои террористӣ ва ифротгароӣ ба истифодабарандагони фазои маҷозӣ ба сатҳи худшиносии мардум ва хусусан ҷавонон пайванд дорад. Ба андешаи мо аксари вақт он нафароне ба доми созмонҳои террористӣ ва ифротгароӣ дар фазои маҷозӣ дучор мешаванд, ки сатҳи худшиносӣ ва худогоҳияшон хеле паст аст. Он нафароне, ки сатҳи зарурии худшиносӣ дар онҳо рушд ёфтааст ва дар заминаҳои динию фарҳангӣ, ахлоқӣ, миллӣ, сиёсӣ, идеологӣ, кабӣ ва ғ. огоҳӣ доранд дар ягон ҳолат гирифтори доми ҳаргуна ҳизбу созмонҳои террористӣ ва ифротгароӣ намегарданд. Одамони худшинос ва худогоҳ дар зиндагӣ нақшаву барномаҳои худро доранд ва қисми барномаву нақшаҳои тахрибкорона ва манфиатҷўёнаи дигарон намегарданд.

Дар самти пешгирии таъсири созмонҳои террористӣ ва ифротгароӣ ба истифодабарандагони шабакаҳои маҷозӣ пахши таҷрибаҳои нафарони дучоршуда ба доми террористон ва ифротгароён метавонад муҳим бошад. Хусусан, омода намудани маводҳо дар мавриди ҳолати зиндагии пайвандони онҳо, чи гуна тавассути фазои маҷозӣ пайваст шуданашон ба созмони террористӣ, паёмадҳои хатарбори иштибоҳи кардаашон ва дар охир пушаймон гаштанашон метавонад таъсирнок бошад ва мухотабонро аз хатари терроризм ва ифротгароӣ дар фазои маҷозӣ огоҳ намояд. Ҳамчунин дар ин самт зарур аст, ки пурсиши ҷомеашинохтии нафарони бо ҷурми терроризм ва ифротгароӣ айбдоршуда дар мавриди таъсири фазои маҷозӣ ба онҳо баргузор карда шавад. Ташкили ин гуна таҳқиқоти ҷомешинохтӣ ошкор месозад, ки то кадом андоза гаравиши муҷримон ба созмонҳои террористию ифротгаро зери таъсири фазои маҷозӣ сурат гирифтааст, шеваҳои амали созмонҳои террористӣ ва ифротгаро барои ҷалби истифодабарандагон дар фазои маҷозӣ чи гуна аст, кадом гурўҳи маводҳои фазои маҷозӣ боиси гаравиш ба созмонҳои террористию ифротгаро мешаванд, сарчашмаи таблиғотҳои маҷозии созмонҳои террористӣ ва ифротгаро аз куҷо маншаъ мегиранд ва ғ. Албатта, бо ошкор шудани ҳолати масъала пешгирии таъсири созмонҳои террористӣ ва ифротгаро дар фазои маҷозӣ самараноктар мегардад.

Чи гунае ки дар боло қайд намудем, омили дигари пешгирии таъсири созмонҳои террористӣ ва ифротгаро ба фаъолият ва амали субъектҳои зидди терроризм ва ифротгароӣ муборизабаранда пайванд дорад. Пеш аз ҳама зарур аст, ки субъектҳои бар зидди терроризм ва ифротгароӣ муборизабаранда аз ҳолати кунунии масъала огоҳӣ дошта бошанд. Онҳоро зарур аст, ки рушди технологиро пайгирӣ карда тавонанд. Субъектҳои зидди терроризм ва зидди ифротгароӣ муборизабарандаро зарур аст, ки аз зарфиятҳои технологӣ ва барномасозии муосир васеъ истифода намоянд. Дар ин самт зарур аст, ки субъектҳои муборизабаранда бар алайҳи терроризм ва ифротгароӣ гурўҳҳои хоссаи барномарезӣ ва ковишии худро дошта бошанд, то матнҳо ва сомонаҳои мўҳтавои террористӣ ва ифротӣ доштаро ошкор ва пайгирӣ намоянд. Дар нақши истифодабарандагон низ онҳо метавонанд аз шеваҳои амали созмонҳои террористӣ ва ифротгаро дар фазои маҷозӣ огоҳ шаванд ва дигаронро аз доми онҳо огоҳ созанд.

Дар умум масъалаи муқовимат ба нуфузи созмонҳои террористӣ ва ифротгаро дар фазои маҷозӣ дар шароити имрўзаи рушди технологӣ ва дастрасии васеи мардум ба интернет хеле муҳим ва ҳалталаб шудааст. Масъалаи мазкур омўзиш ва баррасии ҳамаҷонибаро талаб мекунад. Дар шароити кунунуӣ моро зарур аст, ки чеҳраи манфури созмонҳои террористӣ ва ифротгароиро дар фазои маҷозӣ ошкор намоем ва насли имрўзаву ояндаро аз шарри онҳо эмин нигаҳ дошта бошем.

Солиев Ш.Х.

ассистенти кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

You might also like