Тоҷиконро ҷазо доданӣ шудем, аммо худро ҷазо дода истодаем (тарҷумаи як мақолаи шаҳрванди Қирғизистон)
Инак, аз ҳодисоти наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон, задухўрди мусаллаҳонаи низомиёни ду кишвар, ки чандин тан куштаву садҳо нафар ярадор ва бехонаву дар шуда буданд, зиёда аз як сол сипарӣ мешавад. Ҳамон вақт, дар натиҷаи кўшишу ҷаҳди роҳбарияти ду кишвар пеши роҳи фарогир гаштани ин низоъ гирифта шуд. Роҳбарияти кишвари ҳамсоя гарчанд дар ҳар мавриди мусоид оид ба ҳалли мусолиҳатомези баҳси марзӣ сухан ронад ҳам, бо баҳонаи таъмини ҳифзи манотиқи наздисарҳадии худ тавассути харидории яроқу аслиҳаи муосир мехоҳад бартарии худро нишон дода, бо роҳи таҳдиду зўрӣ тақсимоти марзро ба манфиати худ анҷом диҳад. Оё ҳастанд дар Қирғизистон нафароне, ки тавассути ақли солим ҳолати ба миёномадаро таҳлил ва баҳогузорӣ карда, барои худ хулосаеро бардоранд ва садди роҳи муноқишаву хунрезиҳои нав гашта бошанд. Алҳол мо мехоҳем фикру андешаи сарвари авул окоми Оқ-Татири вилояти Боткани Қирғизистон Нурматов Кубаничекро, ки санаи 7 майи соли 2022 дар сомонаи «ЦентрАзия» ба нашр расидааст, бидуни ин ё он таҳрир, манзури шумо намоем.
Ҳадафи милитаризатсияи мамлакат ва ҷанг бо ҳамсояи наздик барои Қирғизистон кадом паёмадҳоро оварда метавонад?
- Қирғизистони мо солҳои охир марҳилаи душворро паси сар карда истодааст. Саноат дар ҳолати чуқури буҳронӣ қарор дорад, хоҷагии кишоварзӣ вобаста ба ҷой надоштани воситаҳои молиявӣ ва дастгирии давлат бо мушкилоти зиёд рўбарў аст, ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ бинобар афзоиш ёфтани хароҷот барои милитаризатсияи мамлакат ба вақти дигар гузошта шуданд. Бар замми ин муносибатҳои байнидавлатии носолим бо ҳамсоягони наздик, алалхусус баъди ба сари қудрат омадани дугоники Жапаров-Тошиев, боз ҳам тезутунд гаштанд. Чунин ҳолат имкониятҳоро барои савдои наздисарҳадӣ, ки ба шаҳрвандон ҷиҳати то як андоза ҳал кардани масъалаҳояшон имкон медод, маҳдуд намуд.
Аллакай як сол аст, ки нуқтаи сарҳадии Қизилбел-Гулистон бо Тоҷикистон баста аст. Ҳукумати мо дар бораи бастани сарҳад баъди ҳодисаҳои 28-30 апрели соли 2021, баъди иғвои пайдарҳами ҳарбиёни мо, ки боиси задухўрди низомӣ бо Тоҷикистони ҳамсоя гардида, дар давоми он талафоти мо 39 нафари ҳалокгаштаро ташкил дод, қарор қабул намуд. Дар он вақт тахминан 200 нафар захмдор гаштанд. Бидуни эътирофи он ки барои он задухўрди ҳарбӣ ҳиссаи зиёдтари масъулият ба зиммаи худамон аст, имрўз роҳбарияти мо роҳи қасосгириро пеш гирифтааст. Бо ин мақсад, бо баҳонаи ҳифзи минтақаҳои наздимарзӣ омодагии ҳарбӣ анҷом дода шуда истодааст, ки он таҳдиди ҷиддиро на танҳо ба амнияти сарҳад бо Тоҷикистон, балки барои тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ ба миён меорад.
Барои эътимоди бештар мехоҳам, андешаҳои худро ботартиб баён намоям. Инак, мо сарҳадро бо мақсади барои Тоҷикистон эҷод кардани мушкилоти иқтисодӣ бастем. Ҳатто аксарияти нафароне, ки ба самаранокии ин амал бовар надоштанд, дар он вақт чунин меҳисобиданд, ки дар давоми ду моҳ нархҳои маҳсулоти ниёзи аввал дар Тоҷикистон баланд мешаванд ва онҳо маҷбур мегарданд, ки бо мо масъалаҳои марзро ҳаллу фасл намоянд. Мо он ҳолатро фармўш кардем, ки ҳамсоягонамон дар давраи сари қудрат будани Ислом Каримов дар Ўзбекистон, новобаста аз бунбасти иқтисодӣ, зинда монданд. Дар он давра қариб тамоми шоҳроҳҳои асосии нақлиётӣ ба ҷануби мамлакат баста буданд. Вале онҳо дар муқоиса бо Қирғизистон бо суръати баланд иқтисодиёти худро рушд доданд. Дар марҳилаи барои кишварашон мураккаб тавассути қаторкуҳҳо дар баландии зиёда аз 2000 метр ду нақби нақлиётӣ – Истиқлол ва Шаҳристонро бунёд карда, Шимолу Ҷануби мамлакаташонро ба ҳам пайваст намуданд, роҳҳои автомобилгарди муосирро дар байни минтақаҳо ба истифода дода, ҳамкории фаъолро бо Чин, Эрон, Афғонистон ба роҳ монданд, шаҳру деҳаҳои худро обод гардонданд. Ҳанўз як сол пештар аз ҳодисаҳои барои мардумонамон фоҷиаовару ғамангез ман имкон доштам, ки қариб дар аксарияти шаҳрҳои Тоҷикистон қарор дошта бошам. Мушоҳида накардан мумкин нест, ки чи гуна маркази вилоятии онҳо – Хуҷанд зебо гаштааст, чӣ гуна намуди чунин шаҳрҳои наздимарзӣ, ба монанди Исфара ва Ғафуров тағйир ёфтааст. Дар бораи пойтахти онҳо сухан рондан зарурат надорад: он ба яке аз шаҳрҳои зеботарини Осиёи Марказӣ табдил ёфтааст. Алҳол, вақте ки муносибатҳои Тоҷикистон бо Ўзбекистон ба куллӣ тағйир ёфтаанд, барои ҳамсоягон бастани марзи мо барои ҳаракати нақлиёташон ягон аҳамият надорад. Онҳо танҳо сафархати ҳаракати худро ба самти Россия ва Қазоқистон, ки нисбатан кўтоҳ ва арзон аст, тағйир доданд. Нисбат ба самти шарқӣ онҳо роҳи худро ба тарафи Чин доранд. Бо интиҳои таҷдиди роҳи баландкўҳи Помир ба самти Чин багумон аст, ки онҳо ба роҳҳои автомобилгарди Қирғизистон эҳтиёҷ пайдо намоянд. Баръакс, роҳҳои Тоҷикистон барои Қирғизистон ҷиҳати баромадан ба бозорҳои рушдёбандаи Покистон, Ҳиндустон ва мамлакатҳои Ҷанубу Шарқии Осиё заруртар мегарданд. Алҳол мо худро аз имконияти гирифтани даромад аз ҳисоби транзит ва савдо маҳрум кардаем. Зеро соҳибкорони тоҷик аз сабаби доштани имконияти савдо бо мо барои фурўши маҳсулоти кишоварзиамон дар Россия, Қазоқистон, Украина, Беларус ёрӣ мерасониданд. Инкор карда ҳам наметавонем, ки онҳо бо бозорҳои Россия алоқаҳои қавию мустаҳкам доранд. Онҳо зардолу, сиёҳолу, чормағзу пистаҳои моро харидорӣ намуда, ба кишоварзонамон кўмаки ҷиддӣ мерасониданд. Мо, бошандагони ноҳияҳои наздисарҳадӣ, аз он қаноатманд будем, ки бидуни саргардонии зиёд маҳсулоти худро, ба монанди картошка, сабзӣ, биринҷ, дар бозорҳои Тоҷикистон фурўхта, аз он ҷо намудҳои зиёди маҳсулоти саноатиро бо нархи дар муқоиса бо бозорҳои Ушу Бишкек хеле арзон бихарем. Худатон тасаввур кунед, барои он ки ашёҳои барои хоҷагӣ заруриро харем, маҷбур ҳастем, ки садҳо ва баъзан ҳазорҳо километр роҳро тай карда, ба марказҳои бузурги саноативу савдоямон равем. Акнун қазоват намоед, аз баста шудани сарҳади байни Қирғизистону Тоҷикистон кӣ бисёртар азият мекашад?!
- Акнун дар бораи он ки чи гуна ҳисси қасосро ба роҳбарӣ гирифта, бидуни андеша дар бораи паёмадҳои амалҳоямон, мо маблағҳои буҷети давлатиро бепарвоёна барои милитаризатсияи кишвар, алалхусус минтақаи наздимарзӣ бо Тоҷикистон, ки дар он вазъи тарканда ба вуҷуд омадааст, сарф менамоем. Ба ман ҳамчун сокини наздисарҳадӣ он қадар маъқул нест, ки барои кадом як майдони футбол, чуноне ки дар авули Максат ҷой дошт ва ҳатто барои иншооти обтақсимкунии «Головной», ки онро мо барои худ объекти стратегӣ меҳисобем, одамон ҳалок гарданд. То андозае ки медонам, новобаста аз он ки ин объект моликияти Тоҷикистон мебошад, ҳамсоягон ягон маротиба бароямон муаммо эҷод накардаанд. Сухан ҳамеша дар бораи қоидаҳои истифодабарии объект мерафт, зеро он маҷрои обро ба Тоҷикистон, Ўзбекистон ва Қирғизистон танзим менамуд. Наход, ҳалли оқилонаро дар доираи чунин баҳсҳо дарёфт кардан ғайриимкон бошад?
Ба назар чунин менамояд, ки ба тариқи сунъӣ вазъи мухолифатомезро ба миён оварда, мо мумкин аст, ҳадафҳои дигарро пайгирӣ намоем, вале ҳамаи инро аз аҳолии худ пинҳон медорем. Акнун маблағҳои бениҳоят зиёди буҷетро барои мақсадҳои ҳарбӣ харҷ менамоем. Охир, ин маблағҳоро чуноне ҳамсоягон мекунанд, барои сохтани корхонаҳои нави саноатӣ, алалхусус дар минтақаи наздисарҳадӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва бо ин восита паст кардани шиддати вазъи иҷтимоӣ, дастгирии камбизоатон, нафақахўрон, оилаҳои серфарзанд, омўзгорон, табибон, сохтмони мактабу беморхонаҳо сарф карда, барои рушди соҳаи кишоварзиву бизнес мусоидат карданамон мумкин буд. Мо бошем, ин маблағҳоро барои хариди яроқу аслиҳаи марговар харҷ намуда, кишварамонро барои солҳои дурудароз ба қашшоқиву нодорӣ маҳкум менамоем.
- Худатон қазоват намоед, барои соли нопурра аз буҷети давлатӣ Қирғизистон зиёда аз 2 млрд. сомро барои мақсадҳои низомӣ харҷ кардааст. Ин маблағ дар тафовут аз солҳои қаблӣ даҳҳо маротиба зиёд аст. Зиёда аз 2 млрд. сом (24 млн.$) танҳо барои харидани 55 машинаи зиреҳпўши «Тигр»-и истеҳсоли Россия сарф гардидааст. 50 КАМАЗ-и барои Хадамоти сарҳадӣ харида низ дар Россия истеҳсол шуда, хароҷоти он барои хазинаи давлат 100 млн. сом (1,3 млн.$)-ро ташкил медиҳад.
Маблағҳои бениҳоят калон беҳуда барои ба даст овардани ҳавопаймоҳои бе сарнишини зарбазан, аз ҷумла «Байрақтар»-и истеҳсоли Туркия, ки ҳар кадоми он тахминан 6 млн.$-ро ташкил медиҳад, харҷ гаштаанд. Дар маҷмуъ барои хариди онҳо аз буҷет зиёда аз 4,5 млрд. сом (69 млн.$) сарф карда шудааст. Агар он ҳолатро низ ба ҳисоб гирем, ки ҳукумат хариди мушаку бомбаҳоро барои чунин ҳавопаймо ба нақша гирифтааст, хароҷот ба тариқи ҷиддӣ боз афзоиш меёбад. Ин хароҷотест бидуни назардошти маблағҳое, ки ҳукумат маҷбур аст, барои омўзонидан, хизматрасонии техникаи ҳарбӣ ва харидории қисмҳои эҳтиётӣ ҷудо намояд. Ба андешаи ман, дар замони рушди техникӣ тамоми техникаи харидаи гаронарзиш дар намуди Байрақтар ақалан баъди 3-4 сол куҳна гашта, аз истифода мебарояд. Аз тарафи ҳукумати Қирғизистон ҳамчунин харидории ҳавопаймоҳои бе саришини бисёрфунксионалии «Орлан 10Е» ба нақша гирифта шудааст. Алҳол дар бораи шумораи умумии онҳо маълумот ҷой надорад. Вале ба он нуқта таваҷҷуҳ намудан лозим аст, ки арзиши ҳар як чунин ҳавопаймои навъи куҳна дар бозори ҷаҳонии яроқу аслиҳа аз 80 ҳазор $ то 120 ҳазор $-ро ташкил дода, навъи муосири онҳо барои буҷети давлатии мо якчанд маротиба гаронтар фаромаданаш мумкин аст. Ғайр аз он, ҳукумати мо ният дорад, чархболи МИ-17В-5-ро харад. Алҳол сухан дар бораи харидани танҳо як адад чунин чархбол меравад, вале теъдоди харидории чунин техника зиёдтар гаштанаш мумкин аст. Ҷиҳати хариди як адади чунин техникаи ҷангӣ мамлакат бояд зиёда аз 1 млрд. сом (12,65 млн.$) сарф намояд, ки барои чунин давлати нодор, ба монанди Қирғизистон, хеле зиёд аст. Ҳамаи ин маблағҳои ману шумост, маблағҳо аз кисаи андозсупорандагон, маблағҳое, ки барои такаббуру ғурури роҳбарони ҳозираи мамлакат пош мегарданд. Тахмин кардан мумкин аст, ки онҳо нияти ҳалли баҳсҳои наздимарзиро аз мавқеи истифодаи қувва ҳал карданӣ ҳастанд, ки чунин ҳолат боиси оқибатҳои фоҷиабор гаштанаш мумкин аст.
- Агар касе андеша дошта бошад, ки ба туфайли имкониятҳои пурзўр гаштаистодаи ҷангии Қирғизистон танҳо тарафи Тоҷикистон зарар мебинад, чунин андешааш ботил ва хаёли хом буда, ин натиҷаи надонистани шаклҳои муосири бурдани амалиёти ҷангӣ мебошад. Ин ҳолатро ҳодисаҳои Украина ва кунҷу канори дигари дунё тасдиқ карда метавонад. Бояд ба «сарҳои ҷўшон»-амон ҳушдор диҳам, ки аз ҷиҳати стратегӣ Қирғизистон ҳатто дар вазъи номусоид қарор дорад, зеро техника дар маҳалли кўҳӣ нақши ҳалкунанда доштанаш гумон аст. Сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон бошад, асосан минтақаи кўҳистон мебошад. Зиёда аз он, истифодаи чунин техника нисбат ба аҳолии осоишта ҳамчун ҷиноят бар муқобили инсоният баҳогузорӣ карда шуданаш мумкин аст. Боз як ҷузъиёте, ки, ба андешаи ман, бояд дар хотир дошта бошем: чӣ қадаре ки техникаи ҷангиро харем, дар давоми амалиёти ҷангӣ нақшаи асосиро омили инсонӣ мебозад. Ҳайати шахсии сохторҳои низомии Тоҷикистон аз ҷанги шаҳрвандӣ гузаштаанд ва таҷрибаи калони ҷангидан доранд. Мо ҳамчунин 15 миллион тоҷиконеро, ки дар ҳудуди Афғонистон ҳастанд, набояд фаромўш кунем.
Боз як ҷузъиёт. Мо доимо шаҳрвандони давлати ҳамсояро ё барои убури ғайриқонунии сарҳад ё латукўби шаҳрвандонамон ва ё ба сангпарронӣ ба машинаҳоямон айбдор мекунем. Оё мо маротибае эътироф намудаем, ки тарафи гунаҳкор худамон ҳастем?
Алҳол ҳамарўза фазои ҳавоии Тоҷикистонро дронҳо ва дастгоҳҳои бе сарнишини мо вайрон мекунанд. Мо ба фазои ҳавоии кишвари ҳамсоя даромада, гўё амали таҷовузкоронаро анҷом медиҳем. Мо дар ҳудуди давлати ҳамсоя қарор дошта, моҳиятан, фаъолияти ҷосусӣ мебарем. Оё мо оқибатҳои чунин амалро ба пуррагӣ дарк менамоем? Тарафи Тоҷикистон дар ин бора маълумоти лозимаро кайҳо ба тамоми ташкилотҳои байналмилалӣ пешниҳод кардааст. Худи ман шахсан ҳисоб кардам, ки дар давоми ду моҳи охир дастгоҳҳои бе сарнишини мо зиёда аз 30 маротиба фазои ҳавоии Тоҷикистон, он ҷоеро ки авули мо бо деҳаҳои кишвари ҳамсоя ҳамсарҳад аст, вайрон карданд. Ин танҳо мисолест оид ба ҳудуди на он қадар калон. Чунин ҳиссиёт пайдо мегардад, ки мо ҳудуди худро, чуноне ки доҳиёну пешвоёнамон арз доранд, тавассути ҳавопаймоҳои бе сарнишину дронҳо на бо мақсадҳои муҳофизатӣ назорат мекунем, балки барои ҳуҷум омодагӣ мебинем. Мо, сокинони наздимарзии нуқтаҳои аҳолинишин бо Тоҷикистон, аз тамоми ин хараҷу мараҷ ба ҳарос афтодаем.
- Агар касе дар боло чунин ҳисобад, ки ҳолати соли гузашта, вақте ки дар натиҷаи амалҳои иғвоангезамон дар назди иншооти «Головной» низоъ ба миён омаду худи мо таҳти зарба қарор гирифтем ва афкори ҷамъиятиро оид ба он ки гўё Тоҷикистон мамлакати таҷовузкор аст, ташаккул додем, такрор меёбад, саҳв менамояд. Ба андешаи ман, ҳамсоягон аллакай фактҳои вайронкунии фазои ҳавоиашон, мавҷудияти қўшунҳоямонро дар ҳудудашон, ки мо онро баҳснок меҳисобем, факту ҳолатҳои мақсадноки иғвоангез, вайронкунии протоколу созишномаҳои пештар имзошударо ба қайд гирифта истодаанд.
Имрўз Қирғизистон дар вазъи нисбатан нозук қарор дорад. Аз як тараф, Россия бароямон шарики стратегӣ ҳисоб меёбад, аз тарафи дигар, ИМА, Иттиҳоди Аврупо ва мамлакатҳои дигари ба истилоҳ «озод». Дар кишварҳои Ғарб амалҳои роҳбарияти мо – президент, парламент ва ҳукуматро дақиқ мушоҳида менамоянд. Ҳар таҷовузкорӣ нисбат ба давлати дигар ҳамчун амали бо розигӣ ва дастгирии ин ё он давлати дигар анҷомдодашуда баҳо дода, боиси маҳкумкунии фаврии байналмилалӣ, аз ҷумла санксияҳо, гашта метавонад. Охир, бе ҳамин ҳам мо имрўз таҳти шубҳа қарор дорем.
Вазъи кишваре, ки бе ин ҳам буҳрони шиддатноки иқтисодиро паси сар менамояд, фалокатовар гаштанаш мумкин аст, агар аз мо ташкилотҳои молиявии бонуфуз, ба монанди Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки умумиҷаҳонӣ, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Бонки осиёии рушд рў гардонда, СММ, САҲА, Иттиҳоди Аврупо моро гунаҳкор ҳисобанд, худро нисбат ба чунин мамлакатҳои бузург, ба монанди ИМА, Чин, Ҳиндустон муқобил гузорем, аз боварии ҳамсоягон, пеш аз ҳама Ўзбекистону Қазоқистон, бароем. Умуман, мо дар бунбасти шадиду тезутунд, вақте ки на ба Шимол ва на ба Ҷануб ҳаракат карда метавонем, қарор доштанамон мумкин аст.
Бовар кардан мехостам, ки роҳбарияти кишвар ба амали бемулоҳизаву шитобкорона роҳ намедиҳад ва бидуни таҳдиду ҳукмфармоӣ, дар паси мизи гуфтушунид баҳси наздимарзиро бо ҳамсояи наздики худ ҳаллуфасл менамояд. Беҳтараш аз милитаризатсияи марз даст кашида, роҳҳои дўстиву ҳамкории пештараро ҷустуҷў намоем ва воситаҳои молиявии озодгаштаро барои рушди иқтисодиёт, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ, ободии шаҳру деҳотамон истфода намоем.
Тарҷумаи Шавкат Зокиров – устоди Донишгоҳ давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон