ИФРОТГАРОӢ ВА ХАТАРИ ТЕРОРРИЗМ БА ҶОМЕА
Дар олами муосир хатари терроризм ба гуруҳҳои ифротгароӣ яке аз масъалаҳои мубрами илмҳои сиёсӣ буда, омилҳо, хусусиятҳо, харобаҳои он аз ҷониби илмҳои гуногуни ҷомеашиносӣ мариди омӯзиш тадқиқи илмӣ қарор гирифтааст. Ин раванди номатлуб ҷомеаи башариро нигарон намуда, баҳри пешгирии омилҳои террористӣ тамоми омилҳо, сабабҳо ва дарёфти роҳу усулҳои самарабахши мубориза алайҳи терроризмро пайдо хоҳад намуд. Ба ин маъни омӯзиши ҳамаҷонибаи ин масъала талаби замон мебошад.
Агар одамон ба масъалаҳои терроризм ва муборизаҳои он бевосита пайваст ҳам набошад ҳам, тавассути чизи дигаре ва ё субъекти дигаре бо масъалаҳои мухталифи терроризм ва шаклҳои дигаре экстремизми сиёсӣ алоқаманд гашта, мавқеи худро муайян менамояд. Аз ин рӯ дар тамоми ҷаҳон марказҳо ва паҷуҳишгоҳҳи илмию тадқиқотӣ ба омӯзиши ин падидаи номатлуби иҷтимоӣ равонаанд. Дар ин радиф ҷараёнҳои экстремизми сиёсӣ ва терроризм пешсаф аст. Экстремизми сиёсӣ аслан аз ғояи фаъолияти канораи таркиб ёфтааст, ки одатан тавассути зӯроварӣ барои воқеӣ гардонидани ҳадафҳои сиёсӣ истифода мешавад. Илова бар ин экстремизми сиёсӣ бо тамоми зуҳуроташ ҳамчун ҷараёни иртиҷоӣ аён гашта, доираи васеи кишварҳо ва минтақаҳои оламро фаро гирифта, бо ҳодисаҳои мудҳиши умумибашарӣ табдил ёфтааст. Аз хотири зарурати дарки амиқ ва фаҳми васею ҳамаҷонибаи он пеш меояд.
Дар марҳалаи кунуни мафҳуми терроризм ва ифротгарои динӣ ба худ маънии васеътар пайдо кардаст. Дар зери мафҳуми ифротгароии динӣ муқаррароти устувори динӣ ё яке аз намудҳои шуури динии муосир фаҳмонида мешавад. Сарфи назар аз он, ки дар заминаҳои гуногуни динӣ зуҳуроти тамоили ифротгароӣ сабабҳои гуногун дорад. Дар бори ифротгароии динӣ ҳамчун ҳодисаи махсусе сухан рондан мумкин аст, оғози арзи вуҷуд кардани он ба солҳои 70-80-уми Қарни ХХ рост меояд. Инро мо дар Шарқ дар мисоли ҳаракати “Толибон”, “Ал-қоида” ва “Ҳизб-ут-таҳрир” мушоҳида карда метавонем. Дар ғарб бошад, ифротгароии масеҳӣ низ вомехӯрад.
Воситаи ахбори аксарияти мамолики Ғарб ин маводро ҳамчун сенсатсияи хурсандона чоп карданд ва касе аз нашриёти ин кори ифротгарои ҷазое надид. Фаъолияти ташкилотҳои зиддиисломӣ дар Ғарб бо номи “Не Ислом” – ро низ бояд ном бурд. Ба ин маънӣ дар тӯли чанд даҳсолаи охир диққати олимони диншинос ва сиёсатшинос ба ислом ва нақши он дар равандҳои сиёсиву иҷтимоӣ дар кишварҳое, ки аксарияти аҳолии онҳоро мусулмонон ташкил медиҳанд, равона карда шудааст. Сабаби асосии чунин таваҷҷуҳ афзоиш ва шиддат ёфтани таъсири ислом ба сиёсати ҷаҳонӣ ва байналмиллалӣ мебошад. Хусусан дар охири солҳои 70-уми ва аввали солҳои 80-уми асри гузашта дар тамоми кишварҳои Шарқи Наздик ва Африқои Шимолӣ раванди сиёсишавии ислом ва исломишавии сиёсат оғоз ёфт.
Сабаби асосии таҳкими чунин мақом дар сиёсати ин кишварҳо дар он мебошад, ки ислом метавонад ва қодир аст ҳамчун як низоми том ва мукамали динӣ тамоми соҳаҳои ҳаёти фардӣ ва иҷтимоиро ба танзим даровард ва идора намояд. Барои таҳкими нақши ислом дар сиёсати ин кишварҳо инчунин ақоиди анъанавӣ дар бораи ягонагии дин ва давлат, пайванди ҳаёти дуниявӣ ва динӣ, ки дар шуури ҷамъиятии миллатҳои мусулмон хеле аниқреша давонидааст, низ нақши хеле муҳимро мебозад. Ақидаҳои мазкур бештар дар байни аъзои ҳаракатҳо, ҳизбҳо ва гурӯҳҳои сиёсӣ, ки барои ба ормонҳо ва меъёри исломӣ мутобиқат сохтани сиёсати давлатӣ ва ҳаёти ҷомеа мубориза мебаранд, хеле роиҷ буда, ҳаматарафа таблиғу ташвиқ карда мешаванд. Хусусан баъди суқути Иттиҳоди Шуравӣ ҷуғрофиёи амалкардаи созмонҳо ва ҳаракатҳои навбаромади диниву сиёсӣ вусъат ёфта, бархе аз онҳо дар кишварҳо ва минтақаҳои мусулмоннишини пасошӯравӣ роҳ ёфтанд.
Омӯзиш ва таҳқиқи ҳамаҷонибаи масъалаи мазкур, таъриху идеологияи созмонҳо ва ҳаракатҳои диниву сиёсии исломӣ барои муҳаққиқони ҷомеашиносӣ тоҷик аз он сабаб зарур мебошад, ки тавассути он мо бо ин падидаҳои нави диниву сиёсӣ “аз наздик шинос шуда”, характеру аҳдофи диниву сиёсии онҳоро дуруст баҳо дода метавонем. Ҳамчунин аз тариқи омӯзиши бонизомии ин масъала чигунагии таносуби байни ҳадаф ва идеологияи созмонҳо ва ҳаракатҳои нави диниву сиёсӣ аз як тараф ва арзишҳои динӣ, миллӣ ва сиёсииТоҷикистон аз тарафи дигар муайян карда мешавад.
Аз ин сабаб мо бояд дар раванди омӯзиши таърих ва идеологияи ин созмонҳо ва ҳаракатҳои дуруст муайян намоем ва кадоме аз ин ҳаракатҳо бо набзи ҳаёти диниву сиёсии ҷомеаи кишварамон мувофиқ ва кадомашон мухолифу хатарнок аст, аз бар намоем. Ҳамчунин натиҷаҳое, ки аз таҳқиқи ин масъала ба даст оварда мешаванд, барои матлаҳ кардани усулҳои илмиву амалии муносибати ҳуқуқӣ бо чунин падидаҳо ва ба мақоми салоҳиятдори давлатӣ пешниҳод кардани тавсияҳои заруриву саривақтӣ кӯмак мерасонанд.
Хӯҷаназарова М. И. – мудири кафедраи маркетинг – агробизи ДДҲБСТ