ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ – ПАДИДАИ НОМАТЛУБИ ҶОМЕА
Солҳои охир яке аз мушкилотҳое, ки кулли ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифтааст, ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, терроризм, экстремизм ва дигар зуҳуротҳои номатлуб ва хатаровар маҳсуб меёбад.
Барои ноил гардидан ба ҳадафҳои сиёсӣ, аксаран созмонҳои динии экстремистӣ ба фаҳмиши динию ҷаҳонбинии одамон таъсир расонида, онҳоро ба доми худ мекашанд. Дар ҳоле, ки таърихи афкору андешаҳои инсонӣ исбот менамояд, ки илму дониш ҳеҷ вақт душмани дину имон набуд. Баръакс, бар зидди хурофот, кўҳнапарастӣ, афсонаҳои баъзе диндорони камсавод буд. Аз ҷумла, ҳеҷ як мутафаккир ё донишманди асили гузашта ва муосир низ бар зидди дин набаромадааст, балки хурофот, нодонӣ ва ҷаҳолатро мавриди мазаммат қарор додаанд.
Ҳамаи ин воқеияту рўйдодҳо ҳақиқатеро таъкид менамоянд, ки мушкилоти аср ва таҳдидҳои нав ба тамаддуни башарӣ мунтазам таъсир расонида, амнияти давлатҳои хурду бузурги оламро ба хатари ҷиддӣ рў ба рў намудааст. Чунин ҳодисаҳо бори дигар исбот менамоянд, ки терроризм ва экстремизм чун вабои аср хатари глобалиро доро буда, худи террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, ҳамзамон, таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ба ҷони ҳар як сокини сайёра мебошад.
Таҳсили ҷавонони тоҷик дар муассисаҳои таълимии динии хориҷӣ яке аз омилҳои пайдоиш ва ривоҷи ифротгароӣ мебошад. Дар даврони соҳистиқлолӣ теъдоди зиёди ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимии динии кишварҳои арабӣ, Эрон, Афғонистону Покистон таҳсил карда, таҳти таъсири мазҳабҳои дигар, равия ва равандҳои хатарноки мазҳабӣ қарор гирифтаанд. Пас аз бозгашт ба Ватан хатмкардаҳои таълимгоҳҳои динии хориҷӣ дар Тоҷикистон ақидаҳои радикалиеро, ки барои ҷомеаи муосири мо бегона аст, таблиғ менамоянд. Дар натиҷаи чунин фаъолият дар кишвар тундгароӣ афзоиш меёбад. Бинобар ин, рафтани ҷавонон барои таҳсил ба хориҷа бо ҳар гуна роҳҳои ғайрирасмӣ хатари зиёд дорад.
Саркардагони нерўҳои тахрибкор, махсусан, ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурўғи динию дунявӣ ба ҷараёнҳои террористӣ ҷалб менамоянд. Аз ин рў, ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, барои дафъи он кўшиш кунанд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвари азизамон ҳифз гардад.
Мо бояд ба қадри неъматҳои даврони истиқлол ва муқаддастарин арзишҳои давлату давлатдорӣ бирасем, зеро ҳифзи ин неъмати бебаҳо барои ҳар як фарди ҷавон ҳам қарз, ҳам масъулият ва ҳам шарафу номуси ватандорӣ ба ҳисоб меравад.
Саидҷонов С.Ш. – муаллими калони кафедраи баҳисобгирии бугалтерии ДДҲБСТ