ЭКСТРЕМИЗМ (ИФРОТГАРОӢ) ВА ТЕРРОРИЗМИ ДИНӢ – МАЗҲАБӢ
Дар тафсири Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳи мақсадҳои терроризм чунин омадааст: “Мақсади ибтидоии терроризм халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани одамон, ба воҳима ва таҳлука овардани аҳолӣ буда, таввасути он фишор овардан ба мақоми давлатист”. Чунин ҳаракатҳо мақсади ниҳоии ҷинояткорон дар маҷбӯр сохтани мақомоти давлатӣ барои қабули қарори ғайриҳуқуқӣ мебошад, ки ба манфиати онҳост ва ё бо мақсади резонидани обрӯ ва манзалати мақоми давлатист.
Дар баробари терроризм дар бисёр кишварҳои ҷаҳони муосир амалиёти эктремистӣ ба амал омада, боиси ташвишу изтироби ҷомеа гардида истодааст.
Экстремизм маънои аслиаш канораҷӯӣ, ифродгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона ба ҳисоб меравад. Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳуроти номатлуб метавонад, дар тамоми соҳаи фаъолияти инсон дар дин, сиёсат, идеалогия, илм, фарҳанг ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд.
Экстремизм аз рӯи мазмуни динӣ ва дунявӣ ва аз рӯи зуҳурот ҳудудӣ, минтақавӣ ва байналмиллалӣ шуда метавонад.
Зуҳуроти ифротгароӣ хеле решадор буда, он ҳеҷ гоҳ ҳудуд ё дину миллат надорад ва ҳудуди ягон миллатро эътироф намекунад.
Экстремизми дунявӣ намудҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва мафкуравӣ дорад. Ифротгароии диннӣ бошад, дар доираи ҳамаи динҳо мавҷуд аст. Вусъати экстремизм дар ниҳояти кор ба терроризм меорад.
Таърих қатлу куштори зиёди рафшанфикрону донишмандонро аз қабили Мансури Ҳаллоҷ, Айнулқуззоти Ҳамадонӣ, Шаҳобуддини Сӯҳравардӣ ва дигаронро медонад, ки ба хотири ақида аз ҷониби мутаасибони диннӣ ва мазҳабӣ таҳдиду фишор ва қатлу ғорат шуданд.
Тӯли асрҳо Рӯдакӣ, Фирдавсию Сино, Берунию Розӣ бадгӯиҳои мутаасибон ва бо фитнаи онҳо дучори таъқибу фишори давулатдорони арабгаро қарор доштанд.Мақсадашон танҳо як буд, нагузоранд, ки бузургон қудрати фитрию фарҳанги ҷаҳонро тахсир намуда, ба манфиати қавму пешрафти миллаташон истифода баранд. Онҳо буданд, ки Абӯалӣ ибни Синоро дар назди халифаи Бағдод кофару мулҳид ва китобҳояшро муқобили дин тавсир карданду тамоми осори ин алломаи тамоми давру замонҳо ба коми оташ партофта шуд.
Онҳо буданд, ки васфи ватанпарварию миллатдӯстӣ, тараннуми мардию ҷавонмардиро дар “Шоҳнома” – и безаволи Фирдавсӣ таблиғи зидди арабӣ шаҳр доданду Маҳмуди ҷоҳил ва хизматгузори халифаи арабро таҳрик доданд, то ба зери пои пил партофтани Фирдавсии бузург фармон диҳад.
Аз тӯмату бадгӯии муттаасибон ҳатта Абӯ Ҳанифа (Имоми Аъзам) нобиғаи илми фиқҳ, шахсе, ки ҷойнишин шудани забони форсӣ – тоҷикӣ дар адои намоз, дар сиғаҳои шаръи фатво дода ин забонро аз хатари аз байн рафтан наҷот дод ва покизагии дини мубини исломро аз ҳамагуна равияҳои иртиҷоӣ ҳимоя мекард, раҳо наёфт.
Дар сарчашмаҳо оварда шудааст, ки бадхоҳони Абӯҳанифа ба халифаи Аббосӣ Мансур (754 – 757) расонидаанд,ки ӯ вазифаи қозиюлқуззоти халифаро қабул намекунад, Мансур амр кард, ки ӯро ба зиндон партоянд ва ҳаррӯз аз зиндон бароварда, даҳ дарра бизананд. Бадани ӯро маҷрӯҳ карданд. Аз бадани ӯ хун ҷорӣ мешуд.Рӯзе маъмурони халифа ҷомеро ба ӯ пешкаш намуданд.Имоми Аъзам гуфт: “Ман медонам, ки дар ҷом заҳр омехтед. Дар худкушӣ ба шумо ҳамроҳ мешавам”. Аммо маъмурон ӯро ба пушт афканда, ҷабран ҷоми майро дар даҳонаш рехтанд. Пас аз ин ӯ аз ҷой бархесту сар ба саҷда ниҳод ва ҷон дод.
Нурмаҳмадов Ю. Ш. – дотсенти кафедраи таърих ва диншиносии ДДҲБСТ