ТАРАФДОРОНИ СОБИҚ ТЭТ ҲНИ БОЗ ЧӢ МЕХОҲАД?
Авлодони гузаштаи миллати мо, борҳо шакли ташкили иҷтимоии беназирро эҷод намуда буданд, ки он шакли санҷидашударо имрўз мо меомўзем ва пайваста бо тақозои замони муосир тадбиқ менамоем. Воқеан ҳам, ҳамон расму қоидаҳо умри ҷовидон дораду нигоҳ дошта мешавад, агар рақобатпазир бошанд. Ва ифтихор бояд кард, ки кулли арзиҳшо ва меёрҳои иҷтимоиро, ки ориётаборон эҷод намуда буданд, дорои сифатҳои умумибашарӣ буда, ба мазмуни ҷомеаи дунявӣ комилан рост меояд ва заминаҳои бунёдии он ҳам мебошад.
Дар вақти суханрониҳои Сарвари давлат доир ба ваҳдати миллӣ ва эҳёи гаштани Тоҷикистон мо дарк мекунем, ки дар ниҳоди ин шахс ду чиз ҳаст: якум- беҳ гардонидани вазъияти ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии мардум аз солҳои 1992 то имрӯз; дуюм- иртиботи қавӣ ба арзишҳои маънавии халқи тоҷик, ки дар тӯли асрҳо рушду камол ёфтаанд. Масъалаҳои оштӣ, дӯстӣ, сулҳ дар таърихи халқи тоҷик ба ҷанг, таҳрибкорӣ ва низову нифоқ муқобил гузошта шудаанд. Тоҷикон, ки аз аҳди Муҳаммад паёмбар (с) дини мубини исломро қабул кардаанд, ба арзишҳои маънавию ахлоқии он ҳамеша садоқат доштанд.
Аммо баъди пош хурдани Иттиҳоди Шуравӣ аз бесару сомониҳои ҳукумати Тоҷикистон суистифода бурдани иддае аз гурӯҳҳои фитнагарон, хиёнаткорон Тоҷикистонро ба майдони ҷанг мубадал гардониданд. Ҳар ҳизбу ҳаракатҳои оммавие, ки хоҳ аз тарафи халқ ё аз тарафи ҳукуматдорон ташкил карда шуд, ин карахтии мардумро шикаст, вале барои якпорчагӣ ва устувории давлатро нигоҳ надоштан, Тоҷикистон ба вартаи ҳалокат оварда шуд. Дар давраҳои гуногуни таърихӣ мардумро ба хотири ҳаёти осоишта ба дӯстию рафоқат, ҳамбастагию ваҳдат мехонданд. Амнияту саодати халқ ҳадафи асосии мардум ба ҳисоб мерафт. 7-уми апрели соли 1995 дар иҷлосияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат таъкид карда буданд: «Барои миллати мо на ҷангу зӯроварӣ, балки фарҳангдӯстиву сулӯпарварӣ, одобу ахлоқи ҳамида, шаҳрдорию бунёдкорӣ, меҳмоннавозию инсондӯстӣ хос аст».
Яке аз усулҳои фаъолияти давлат ба ҷо овардани эҳтироми динӣ, тарафдории гуногунандешагӣ, мубоҳисаҳои корӣ дар роҳи муайян намудани сиёсати иқтисодӣ ва илмию фарҳангист, на тарафдори xанг, низову нифоқ. Аксарияти мардуми Тоҷикистон мусалмон ҳастанд. Дар ҷумҳурӣ намояндагони дину мазҳабҳо кам нестанд. Хукумат танҳо мазҳаби дини мубини исломро эҳтиром мекунад, ҳамчунин барои ба ҷо овардани эҳтиром, эътиқоди динии халқҳои дигар дахолат намекунад. Вале ин маънои онро надорад, ки пешвоёни дин, ҳизбҳои дине, ки фаъолият мекарданд, онҳоро давлат маҳкум накарда буд. Лек афродоне дар ҷамъияти мо намудор шуданд, ки тарафдорони дини Ислом ва дигар динҳоро тақсим намоянд ва байни онҳо низоъ ангезанд. Ҳизбҳои сиёсие, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ фаъолият доранд, ташкилотӣ-оммавӣ ба шумор мераванд. Вазифаи онҳо ҳимояи манфиатҳои иҷтимоӣ ва синфиро ба ҷо овардан аст.
Дар қонун гуфта нашудааст, ки ҳизбҳое, ки қонунан амал мекунанд ба осудагии халқ халал расонанд ва байни онҳо низоъ барангезанд. Вазифаи онҳо баланд бардоштани некeаҳволии ҷамъият аст.
Соли 1993 Президиуми Суди Олии ҶТ ҲНИТ-ро барои вайрон кардани Конститутсия ва қонун дар бораи иттиҳодияҳои xамъиятӣ фаъолияташро манъ кард. Вале 12 августи 1999 ин ҳизб аз нав ба фаъолият шуруъ кард. Ҳамаи ин гузаштҳо ба хотири осудагӣ буд. Вале, роҳбарони ҳизби мазкур боз соли 2015 як қатор амалҳои террористӣ анҷом доданд, ки сабаби баста шудани ҳизбашон дар қаламрави Ҷумҳурӣ гардид. Пас чаро ТЭТ ҲНИ аз нав ба ҳукумати Тоҷикистон эътироз баён мекунад? Вале рафтори худ ва аъзоёнашро таҳлил намекунад? Аксарияти мардум ҳар чанде, ки мусалмон ҳастан тарафдори чунин ҳизб набуданд! Хуб мешуд, ки сарвари ҳизб ва тарафдоронаш аз хукумати мамлакат аз нав фаъолият карданро талаб накунанд. Эътиқод кори шахсии ҳар як инсон аст ва мо тамоми руҳониёни ҷумҳуриро даъват мекунем, ки умури диниро дар партави қонун танзим, дар рушду камоли маънавии мардум ва ба ин васила ба оромии ҷомеа ва рушди он хидмат намоянд.
Илова бар ин, чуноне, ки таърих шаҳодат медиҳад, ҳамон ҷомеаи инсонӣ ва қавму миллатҳо зинда мондаанд, ки агар механизми иттиҳодгардии онҳо фаъол кор кардаасту дар атрофи ягон ғояи асил гирд омадаанд. Имрўз мардуми кишварамон дар атрофи ғояи вахдати миллӣ гирд омадаанд ва онро дар арзу тўл густариш дода истодаанд, то ин ки мазмуни воқеии онро ғанӣ гардонанд.
Мухиддинов М. – кафедраи маркетинг-агробизнеси ДДҲБСТ