ДАР РӮҲИЯИ ВАТАНДӮСТИВУ ХЕШТАНШИНОСӢ ТАРБИЯ НАМУДАНИ ҶАВОНОН

Гиромидошти арзишҳои фарҳанги милливу умумибашарӣ дар сиёсати давлат мавқеи асосӣ дошта, тамоми муассисаҳои фарҳангӣ, ҳифзи истиқлолият, инчунин, инкишофи тафаккури миллӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифату ҷаҳонбинии аҳли ҷомеа, ҳифзи мероси гаронбаҳои миллати тоҷик ва муаррифии он ба оламиён бошанд.

Қисми зиёди аҳолии ҷумҳуриро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлати ҷумҳурии соҳибистиқлол мебошанд. Дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллии ҷумҳурӣ, инчунин, дар сафҳои Артиши миллӣ ҷавонони бонангу номус содиқона хизмат ва кору фаъолият мекунанд ва дар пешрафти иқтисоди миллӣ ҳиссаи намоёни худро мегузоранд. Ҷавонони тоҷик дар ҷумҳури ва берун аз он дар риштаҳои гуногун таҳсил намуда, дорои маълумотҳои гуногуни касби шуда, барои ҷумҳурии соҳибистиқлоли ҷавонамон зарур ва ҳатмӣ мебошад.

Сарвари давлат, Пешвои миллат ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо имкониятҳои васеъ ба вуҷуд овардаанд. Ҷавонони соҳибистиқлоли моро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо таоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва нигоҳ доштани арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ саъю кӯшиш намоянд. Онҳо бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд. Онҳо бнштар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сазамин, марзу бум ва ҷумҳурии соҳибистиқлоламон гарданд.

Пешвои миллат дар Паёми соли 2017 дар қаламрави ҷумҳурӣ “Соли ҷавонон” иброз намуданд: “Насли наврас ва ҷавонони мо дар ҳар ҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи буму марзи худ ҳамеша омода бошанд. Насли замони истиқлол аз наслҳои пешина бо савияи илму дониш, маърифату ҷаҳонбинӣ, сатҳи тафаккур ва одобу ахлоқ фарқи куллӣ доранд, ки ин ҳама боиси ифтихори падар, модар ва давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад”.

Таърих гувоҳ аст, ки аз қадимуллайём мардуми соҳибтамаддуни мо ба тарбияи фарзанд аҳамияти хоса зоҳир намуда, барои дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, донишандӯзиву маърифатпарварӣ, ҷавонмардиву ахлоқи ҳамида ва нангу номус ба воя расонидани фарзандони худ ҳамеша кӯшиш мекарданд. Дар тӯли садсолаҳо хонаводаи тоҷик ҳазорон фарзандони фарзонаро ба дунё овардаву ба камол расонидааст, ки онҳо барои халқи худ ва тамаддуни башар хизматҳои зиёди таърихиро ба анҷом расонидаанд. Дар баробари омӯзиши саҳифаҳои арзишманди таърихӣ аҷдоди номдорамон имрӯз диққат додан ба омилҳое, ки онҳоро ба пирӯзию сарбаландӣ расонидаанд, амри зарурӣ мебошад. Зеро, маҳз таҳкими оила, таълиму тарбияи наслҳои солиму соҳибмаърифат, яке аз воситаҳои рушди ҷомеа, мустаҳкамии қудрати давлат ва побарҷойии тамаддунҳо ба шумор меравад. Ҳамаи дастовардҳо ва корномаҳои мардонагиву  қаҳрамонии фарзандони халқи тоҷик, бешубҳа, натиҷа ва самараи заҳмати шабонарӯзии падару модарони азизи мо мебошанд. Чунки ҳамчун инсони комил ба воя расонидани фарзанд ва тарбияи дурусти ӯ, ҳеҷ гоҳ бе меҳру муҳаббат ва дастгириву садоқати падару модар имкон надорад.

Аз ин лиҳоз, падару модарони арҷманд бояд рисолати муқаддаси худ – тарбияи поктинативу зебоипарастӣ, башардӯстиву инсонпарварӣ ва заҳматкашиву ободкориро дар замири фарзандон идома дода, насли навраси кишвари соҳибистиқлоламонро дар руҳияи ифтихори бузурги ватандорӣ ба камол расонанд, то онҳо тавонанд парчами давлатамонро дилпурона ба сӯи уфуқҳои ояндаи ободу осуда баранд. Дар баробари ин эҳтиром намудани падару модар ва расидан ба қадри заҳмати онҳо, қарзи фарзандии ҳар як инсони бонангу номус мебошад. Шахс дар сурате метавонад, ба пирӯзиву комёбиҳо ноил гардад, ки агар дуои неки падару модарро гирад ва ба қадри ранҷу заҳмат ва дилсӯзиву ғамхориашон расад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки низоми ҳуқуқии таърихан ташаккулёфтаи миллат барои пойдории оилаи устувор ва рушди ҷомеаи босубот, ки ба ваҳдату қудрати давлат замина мегузорад, тавассути роҳу усулҳои мухталиф ба вуҷуд омадааст.

Одату анъанаҳои ориёӣ, ҳуқуқи тамаддуни исломӣ ва ҳатто шӯравӣ роҳу равиши мухталифи бунёди оилаи устуворро тавассути меъёрҳои мухталифи иҷтимоӣ ҷустуҷӯ намуда, то ҳадде ба комёбиҳо ноил шудаанд. Меъёрҳои ахлоқӣ, динӣ ва ҳуқуқӣ тавассути китобҳои муқаддасу суннати паёмбарон, асарҳои тарбиявӣ, панду андарзҳо ва ҳатто санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ сарҳади озодӣ ва меъёру ҳудуди масъулияти волидон ва фарзандонро муқаррар мекарданд. Вобаста ба ин, таъкид бояд кард, ки сатҳи андешаву тафаккур ва ривоҷи одобу ахлоқ маҳсули воқеияти иҷтимоӣ  мебошад. Дар сад соли охир воқеияти иҷтимоӣ бар асари табаддулоту таҳаввулоти тазодангези худ, низоми таълиму тарбияро ба осебу монеаҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ сохт.

Бинобар ин, Ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, ҳифзи асолати миллиро бо дарназардошти воқеияти ҷаҳони муосир ва пеш аз ҳама, таъсири  раванди ҷаҳонишавӣ дар радифи вазифаҳои асосии фаъолияти сиёсии худ қарор дода, маҷмӯи иқдомотеро ба сомон расонид, то андешаву фарҳанг ва одобу суннати зиндагӣ ба маҷрои мувофиқ ба манфиат ва ормонҳои мардуми Тоҷикистон равона карда шавад.

Дар ин росто таҷдид ва такмили низоми таълиму тарбия аз ҷумлаи самтҳои афзалиятнок ва вазифаи муҳимтарини сиёсати давлатӣ эълон гадид.

 

Нурмаҳмадов Ю.Ш. – дотсенти кафедраи таърих ва диншиносии ДДҲБСТ

You might also like