ПЕШГИРИИ ҶАВОНОН АЗ ШОМИЛШАВӢ БА ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ

Аз баракати истиқлолияти давлатӣ имрӯз дидгоҳ ва ҷаҳонбинии ҷавонон ба кулли тағйир ёфта, сатҳи одобу маърифат ва муносибати онҳо ба зиндагӣ ва иштирокашон дар корҳои давлативу ҷамъиятӣ бамаротиб беҳтар шудааст.

Аз вохӯриву суҳбатҳо ва таҳлили андешарониҳои ҷавонон хуб эҳсос мегардад, ки онҳо нисбат ба ҷавонони охири асри гузашта ба масъалаҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ назари ниҳоят фарох доранд.

Баробари ин, ҷавонон дар раванди давлатсозӣ фаъолона иштирок карда, дуруст дарк менамоянд, ки ширкати фаъолона дар ин марҳалаи таърихӣ, пеш аз ҳама, ба манфиати худи онҳо мебошад ва фардо худашон ин давлатро роҳбарӣ ва ободу зебо мегардонанд.

Дар баробари ин, ҷавонони мо таҳаввулоту равандҳои ҷаҳони муосирро дуруст дарку таҳлил намуда, техника ва технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро самаранок истифода мекунанд, дар таъсиси марказҳои ҷавонон, корхонаҳои хурду миёна, бунёди муассисаҳои варзишиву фароғатӣ фаъолона иштирок менамоянд.

Инчунин, барои омӯзиши илму донишҳои муосир кӯшиш намуда, ба забономӯзӣ машғул мебошанд ва дар мусобиқаву озмунҳои минтақавию байналмилалӣ ширкат карда, барои гирифтани шаҳодатномаҳои муаллифӣ доир ба ихтироъкорӣ саъю талош менамоянд.

Ҷавонони мо бо мақсади аз худ кардани ихтисосҳои замонавие, ки дар оянда барои манфиати иқтисоди миллии мо заруранд, дар мактабҳои олии кишварҳои гуногуни олам таҳсил карда истодаанд.

Ба андешаи мо, истиқлолияти давлатӣ ҳамчун арзишмандтарин дастоварди миллӣ манфиатҳои ҷавононро бештар ҳимоя карда, орзуву омили онҳоро дар ҳаёт амалӣ месозад ва барои кору зиндагии шоиста, яъне фардои ободу осудаи ҷавонон шароиту заминаҳои мусоид фароҳам меорад.

Давлату Ҳукумат ба ҷавонон ҳамчун нерӯи созанда муносибат намуда, нақши онҳоро дар пешрафти кишвар басо муҳим ва арзанда мешуморанд.

Ҷавонони худогоҳу худшинос ва ватандӯсту ватанпарвари мо дар ҳамаи ҷабҳаву самтҳо ташаббус нишон дода, дар арсаи байналмилалӣ нуфузу обрӯи Ватани маҳбубамонро баланд мебардоранд.

Дар марҳилаи навини рушди иқтисодиву иҷтимоии кишварамон ҷалби нерӯи ҷавонон, хусусан, дар татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳукумат ниҳоят муҳим мебошад.

Ин нерӯи созанда имрӯз аз амнияти давлату ҷомеа, марзу буми сарзамини аҷдодӣ ҷавонмардона ва далерона ҳимоят менамоянд ва дар дифоъ аз Ватани маҳбубамон шуҷоату далерӣ ва устувориву иродаи матин нишон медиҳад.

Имрӯзҳо дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат беш аз 87 фоизро ҷавонон ташкил намуда, онҳо бо ҳисси баланди ватандорӣ ва ору номуси баланди миллӣ ба Ватан ва халқи Тоҷикистон хизмат мекунанд ва номбардорони падару модар ва халқу Ватани маҳбубамон мебошанд.

Имрӯз барои рушди сайёҳӣ шароити бештар муҳайё шудааст.

Як қисми марказҳои сайёҳӣ аз ҷониби худи ҷавонон таъсис ёфта, ин соҳаи муҳим дар мамлакат сол ба сол тараққӣ карда истодааст.

Аммо дар муқоиса бо кишварҳои дигар инфрасохтори сайёҳӣ дар кишвар то ба ҳол дуруст рушд накардааст ва ба талаботи муосир ҷавобгӯ нест.

Дар мамлакат барои сайёҳон ҳанӯз меҳмонхонаҳои муосири хурду миёна, марказҳои фаъоли сайёҳӣ, нуқтаҳои кӯҳгардӣ ва техникаву таҷҳизоти ҳозиразамон намерасанд.

Бо мақсади эмин нигоҳ доштани давлату миллат аз таҳдиду хатарҳои замони муосир ҷовонони мамлакатро зарур аст, ки донишҳои сиёсиашонро пайваста мукаммал гардонанд, аз таҳаввулоти босуръати ҷаҳони имрӯза мунтазам огоҳ ва барои ҳимояи манфиатҳои милливу давлатӣ доим омода бошанд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки баъзе падару модарон ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллии фарзандон бетарафӣ зоҳир намуда, гузашта аз ин ва поймолшавии ҳуқуқ ва озодиҳои ҷавондухтарон дар таъмини таҳсилоти баробар роҳ медиҳанд.

Чунин муносибат сабаб гардидааст, ки иддаи ҷавонон аз таҳсилу касбомӯзӣ дур монда, ба амалҳои ношоиста даст мезананд.

Бинобар ин, ҷавононро лозим аст, ки ба илмҳои дақиқ, риёзӣ бештар аҳамият дода, дар оянда ҳамчун мутахассиси дараҷаи олӣ кор ва фаъолият намоянд.

 

Нурмаҳмадов Ю. Ш. – дотсенти кафедраи таърих ва диншиносии ДДҲБСТ

You might also like