Хоинони ватан Кабирӣ ва Муҳаммадиқболи Садриддини ватанфурӯш

Дар ҷомеа нафароне пайдо мешаванд, ки дар натиҷаи паст будани донишҳои сиёсиву динӣ фирефтаи суханҳои дурӯғини созмонҳои ифротгароӣ гардида, бо онҳо ҳамкорӣ менамоянд. Террористону экстремистон, хоинону ватанфурӯшон ҷиҳод алайҳи кӣ эълон медоранд? Муқобили мусулмонон, муқобили калонсолону кӯдакон, ҳамдаёрону ҳамватанони худ. Вазифа меистад, ки шахсони масъул, шӯъбаю бахшҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимията давлатӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, маҳаллаҳо, зиёиён бояд ба мардум фаҳмонем, ки аз Худо битарсанд ва ба даъвати душманону хоинон бовар накунанд.

Мардум симои манфури он Муҳаммадиқболи Садриддинеро, ки тавассути расонаҳои интернетӣ нисбати Тоҷикистони азиз суханҳои дурӯғу пур аз кинаву кудурат мегуфт, шинохт. Дар ҳақиқат, ӯ имрӯзҳо дар Аврупо истода, бо супориши хоинони миллат – роҳбарони ТТЭ ҲНИ ба сӯи Ватан санг мепартояд ва дар бораи сарсупурдагони Ватан дурӯғбофӣ мекунад. Фикр мекардам, ин бадбиние, ки дар шуури Муҳаммадиқболи Садриддин ҷо шудааст, аз куҷо бошад?

Баромадҳои Муҳаммадиқболи Садриддинро тамошо карда истода, дар ҳақиқат ба равоншикаста будани ӯ бовар кардам. Маҳз барои ҳамин ҳам ӯ аз пайи қасдгирӣ ба сӯйи кишвари ободу озод ва сарсупурдагони миллат мегаштааст.

Банда ҳаёти “афғонии” Муҳаммадиқболи Садриддинро такрор карданӣ нестам. Фақат гуфтаниам, ки он низ қурбони сиёсати ТТЭ ҲНИ аст. Имрӯз низ ӯ ғуломи ТТЭ ҲНИ буда, аз номи ин ташкилоти бевиҷдон сухан меронаду ҷавонони ноогоҳро ба сӯи худ, яъне ба сӯи нестиву бешарафӣ мекашад.

Душманони дар хориҷи кишвар қарордошта танҳо дар бораи камбудии ин ё он соҳа ва давлат ҳарф мезанад, ки ягон асос надорад. Оё дар дунё ҳаст давлате, ки муаммову мушкилӣ надошта бошад? Нест, албатта. Пешрафтатарин давлатҳо дар ҷомеаи худ муаммоҳои мухталиф доранд. Куҷо расад Тоҷикистон, ки имсол ба истиқлолияти он 31 сол мешавад ва даҳ соли аввали он ба давраи нооромии сиёсӣ рост меояд. Аммо ба ин нигоҳ накарда, дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ дастовардҳои назаррас ба чашм мерасад. Мо бояд ба наврасону ҷавонон фаҳмонем, ки бояд муттаҳид, якдил ва дастаҷамъ бошем, ба иғвои хоинон дода нашавем, тамоми кӯшишро ба харҷ диҳем, то ин ки ватани худро аз дасисаҳои душманон эмин нигоҳ дорем. Ба насли наврас ва ҷавон фаҳмонем, ки ҷиҳоди мо ҳифзу ҳимояи ватан, обод кардани он, хизмати падару модар, тарбияи фарзандон, тарғиби некиву накӯкорист.

Мо таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу вахдата миллӣ- Пешвои миллат, Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон посбони сулҳу суботи кишвар мебошем.

 

Мухиддинов М. – дотсенти кафедраи маркетинг-агробизнеси ДДҲБСТ

You might also like