САҲМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАЪМИНИ СУЛҲУ СУБОТ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

 

Дар ҳар давру замон барои рушду пешрафти ҳар миллат фарзандони барӯманду фарзонааш нақши мондагоре аз хеш боқӣ мегузоранд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун шахсияти барҷаста вақте ба майдони сиёсат ворид шуданд, ки миллати тоҷик парешон ва кишвар дар вартаи ҳалокат қарор дошт.

Мардуми кишварамон суханони таърихи Эмомалӣ Раҳмонро, ки гуфта буданд: “То вақте ки як фарди миллат дур аз Ватан ва дар ғурбат қарор дорад, ман худро орому хотирҷамъ намеҳисобам”,  хуб дар хотир доранд.

Пешвои миллат бо тадбирҳои хирадмандона ва матонату ҷасорати фавқулодда кишварро аз вартаи фалокат ва ҳалокат берун оварданд, мардуми парешонро сарҷамъ намуданд ва садҳо ҳазор ғурбатзадагонро ба ватан баргардониданд.

Бо иродаи Сардори давлат дар як муддати кӯтоҳ харобаҳо ба ободӣ табдил ёфта, иншооти азим ба вуҷуд омаданд, барои ба ҳам пайвастани тамоми гӯшаву канори мамлакат шоҳроҳи ваҳдат ва барои мустақиман баромадан ба уқёнус ва робита ёфтан ба кишварҳои дуру наздики хориҷӣ роҳҳои бузурги мошингард сохта шуданд.

Муҳимтарин комёбиву дастовардҳои кишвар натиҷаи меҳнати фидокоронаи халқи Тоҷикистон ва иқдомҳои қаҳрамононаи Эмомалӣ Раҳмон ва кормандони содиқашон мебошад.

Подоши ин ҳама корнамоиҳо маҳбубият ва маъруфиятест, ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар миёни халқи мамлакат ва ҳазорон ҳазор ҳамватанони бурунмарзӣ пайдо кардаанд. Мукофоти ин ҳама заҳматҳо ҳамчунин ҳусни таваҷҷӯҳ ва эҳтироми бузурги ҷомеаи ҷаҳон мебошад, ки мунтазам нисбат ба Сардори донову тавонои Тоҷикистон, сиёсатмадори варзида ва ифодагари марому ормонҳои умумибашарӣ иброз мегардад.

Бузургтарин дастоварди Пешвои миллат, бешубҳа, барқарор кардани сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон аст. Таҷрибаи талхи ҷангҳои дохилӣ дар ҷаҳон шаҳодат медиҳад, ки ягон давлат рақиби сиёсӣ ва ҳарифони қудратталабашро аз сангарҳои ҷанг берун оварда, бо силоҳи ҷангию лавозимоти ҳарбӣ ва сарбозони ҷангозмудааш дар сари дастгоҳи давлатию сохторҳои идоракунӣ ва мақомоти низомӣ нашинондааст.

Сардори давлат тавассути таъмини сулҳ ва ваҳдати миллӣ, ҳамчунин барои гузаштан ба марҳилаи барқарорсозии иқтисодиёт ва оғози корҳои созандагию бунёдкорӣ заминаи боэътимод гузоштанд.

27 июни соли 1997 ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ заминаҳои ҳуқуқиву сиёсиро фароҳам сохтанд, сулҳи тоҷиконро ба даст оварданд, ки ин барои ҷаҳониён таҷрибаи беназир аст. Заминаҳои эҳёи миллиро фароҳам сохтанд, ба корҳои азими созандагӣ ифтитоҳ бахшиданд, аҳволи иҷтимоӣ ва иқтисодии мардумро ба куллӣ беҳтар карда, хатари гуруснагиро аз байн бурданд, эътибори сиёсии давлатро дар арсаи байналмилалӣ афзуданд.

Хотиррасон кардан лозим аст, ки Тоҷикистон бо ҷанги шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ шуда, аз империяи бузурги собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мероси ночизе гирифт, зарари ҷанг беш аз сад миллион долларро ташкил дод, бештар аз 120 ҳазор одамон ҷонҳои хешро аз даст дода, иқтисод ва буҷети мамлакат ба сифр баробар шуда буд.

Пешвои миллат Эмомали Раҳмон тавассути сиёсати сулҳофару созанда ва дарҳои кушод таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба Тоҷикистон ҷалб сохтанд. Эълони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси кишвари демократӣ , дунявӣ ва ягона имкон дод, ки сиёсати дохилию берунии мамлакатро таҳти раҳнамоии Эмомалӣ Раҳмон аксар кишварҳои абарқудрату нерӯманд ќабул ва ҷонибдорӣ намоянд.

Эмомалӣ Раҳмон ба ивази саҳми хеле арзишманди худ дар таъмини сулҳи Тоҷикистон ва таҳкими амнияти минтақа ва дигар хидматҳои шарофатмандонаашон дар вусъати муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории байни мардумон бо унвону нишонҳои олии давлатҳо ва созмонҳои гуногуни ҷаҳон сарфароз гардидаанд.

Хизматҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар дохили кишвар ва ҳам берун аз он эътироф гардидаанд. Барои саҳми бебаҳо дар густариши ҷомеаи умумибашарӣ Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба гирифтани Ситораи тиллоии Алберт Швейтсер ва унвони фахрии Профессори Академияи умумиҷаҳонии тиб дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ сазовор дониста шудаанд.

Соли 2005 дар арафаи ҷашни Ваҳдат боз як ҷоизаи олӣ – медали тиллоии «Барои таҳкими сулҳ ва ризоияти байни халқҳо» – и Федератсияи байналмилалии сулҳ ва ризоият насиби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид. Эмомалӣ Раҳмон дар байни роҳбарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аввалин касе мебошанд, ки ба гирифтани ин ҷоиза ноил гардидаанд.

Сарвари мамлакатамон ҳамчун бунёдкори сулҳу ваҳдат халқу миллат ва ватанашонро чун фарзандонашон аз дилу ҷон дӯст медоранд. Баҳри беҳбудии некӯаҳволии халқ ва ободии Ватани азизашон ҷонашонро фидо мекунанд. Ҳамеша дастгири бечорагону бенавоён, камбизоатону ятимон ва дармондагон мебошанд. Аз ин ҷост халқ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро дӯст медорад ва чун Роҳбари давлат эътироф ва эъзоз мекунад.

Ба сарвари мамлакатамон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳазорон ҳазор ташаккур мегӯем, имрӯзҳо Тоҷикистони ҳамчун давлати соҳибистиқлол ба сатҳи баланди рушду инкишоф расида истодааст. Дар мамлакатамон тинҷиву оромӣ ҳукмрон мебошад, ки ин маҳз натиҷаи ташаббус ва меҳнати пурсамари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  мебошад.

 

Обидов Д.С.н.и.ҳ., дотсент, мудири кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуќуќи ДДҲБСТ

You might also like