Масъалаҳои худшиносии миллӣ дар партави асарҳо ва паёмҳои Пешвои миллат
Дар вазъе, ки арзишҳо ва ҳадафҳо дар замони ҷаҳонишавӣ бо суръат тағйир меёбанд ва раванди аз нав баҳодии арзишҳо вусъат ёфтааст, таъмини ҳушёрии баланди сиёсӣ, миллӣ, эҳтиёткорӣ ва бо андешагӣ аз ҷумла вазифаҳои муҳимтарин барои ҳар як дарди миллат маҳсуб меёбад.
Ниёгони заковатманди мо дар ҳама давру замонҳо роҳи ягонаи наҷоти миллатро танҳо бо дар худшиносиии миллӣ ҷӯё шудаанд. Онҳо дар воқеъ ба масоили худшиносӣ ишора намуда, ибтидои дарки оламро худи одам, зинаи аввали саодатро дар худшиносӣ диданд.
Сарвари кишварамон Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид мекунад, ки фалсафа, таърих, забон, адабиёту фарҳанги халқи тоҷик ба туфайли офаридаҳои донишмандон ва адибон, гузаштагон ва мероси гаронбаҳои онҳо, ки аз шуҷоату қаҳрамонии халқ, ахлоқи олӣ, ҳаёту корнамоиҳои аҷдоди ориёии мо ҳикоят мекунад дар ташккули ҳисси худшиносии миллӣ нақши муҳим доранд.
Оре, таърих гувоҳ аст, ки фарзандони фарзонаву худогоҳ, бедордилу равшанзамир, дар ҳама ҳолат ва дар ҳар замон бахти баланди худро дар саодати халқи худ дидаанд ва заҳмати ҳамвораро, ки дар маҷмӯъ барои ҷамъият нафъ бошад, мояи ифтихор медонанд.
Масалан, устод С.Айнӣ ва Б.Ғафуров барои аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун миллати камназир шинохта шуданамон хизматҳои шоиста кардаанд. Миллати тоҷик хизматҳои эшонро ҳаргиз фаромӯш нахоҳад кард. Ин бузургони миллат таърихи тӯлониамонро таҳқиқ, намуда, хизматҳои таърихӣ ва илмию фарҳангии фарзандони тоҷикро дар марҳилаҳои гуногун омӯхта, сараввал имрӯзи моро ба гузаштаамон пайвастанд ва ба ҷаҳониён сабит намуданд, ки ин миллат дар пешрафти тамаддуни ҷаҳонӣ ҳиссаи арзанда доранд.
Барасии таҷрибаи таърихӣ барои ҳаёти имрўза аҳамияти бузург дорад. Зеро ки, инсоният дар ҳама давру замон ниёзманди шинохту маърифати табиат ва моҳияту ҳикмати зиндагӣ аст. Зарурати дарку тааммули гузаштаи худ ҳаводису воқеоти марбут ба рӯзгори эшон, агар чорагари рафъи мушкилуву душвориҳои табииву иҷтимоӣ маҳсуб гардад, аз ҷониби дигар он қудратест, ки ояндаро тасхир месозад. Бозҷӯии таърих, гароиши пайваста ба арзишҳои волои таърихӣ, дарки ҳақиқати воқеӣ ба офаридану сохтан ва иршоди ҷомеаи муосир манфиати афзун доранд. Тозакорихои ҷаҳони муосир ва равандҳои мухталифи иҷтимоиву иқтисодӣ, фарҳангию сиёсӣ собит месозанд, ки падидагирӣ, кӯтоҳназарӣ, бепарвоиву ғафлат нисбат ба таърих боиси адами тамаддунҳо, халқҳо ва миллатҳо мегарданд.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар асарҳои худ ”Тоҷикон дар оинаи таърих”(дар ду ҷилд, Душанбе,1990), “Тоҷикистон дар остонаи қарни XXI” (Душанбе,2001), ”Ориёиён ва идроки тамаддуни ориёӣ ”(Душанбе, 2008), ”Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат“(дар панҷ ҷилд,- Душанбе, 2006), ва дар паёму суханрониҳои худ иқдоми бузургони миллатро идома дода, дар онҳо масоилҳои ҳимояи забону фарҳанг ва бузургворони гузаштаи тоҷик, гиромидошти таърих ва мероси гаронбаҳои миллат, худшиносӣ, ваҳдат ва ягонагиро ҳамчун дарки дили ҳар як инсони худшинос ифода намудаанд.
Сарвари кишвар аз фоҷиаҳои таърих сабақ омӯхтанро ҳамеша ёдрас мешаванд ва аҳли ҷомеа, бахусус ҷавононро даъват ба бедорӣ ва худшиносӣ мекунад. Ба таъбири сарвари кишвар оини ватандорӣ танҳо аз ҳимояи марзу бум ва ҳудуди муайяни ҷуғрофи иборат нест. Ватандорӣ пайвасти нагустании наслҳои дирӯзу имрӯзу фардо, муҳофизати истиқлолиятӣ ва дастовардҳои он, пос доштани хотираи неки аљдодон ҳифз ва гиромидошти мероси таърихиву фархангӣ ва саъю талоши доими ба хотири пешрафти давлату миллатва шукуфоии ватани аҷдодӣ аст.
Ба андешаи мо, – таъкид менамояд сарвари сарвари кишвар, – будуни пайванду ҳамгироии тамаддуни имрӯзаи тоҷикон бо таърихи куҳанбунёди хеш ба қадри истиқлолият, ифтихори ватану ватандорӣ, ҳувияти миллӣ ва худшиносиву худогоҳии комил расидан мушкил аст. Ҳамчунин бе дарки огоҳонаи решаҳои таърихӣ, таҳкими истиклолият, пойдорӣ ва бунёди ҷомеаи мутамаддин мушкилтар хоҳад буд.
Дарку таомули гузашта, ҳаводису воќеоти рўзгори пешина, мушкиливу душвориҳои табииву иҷтимоиро равфъ месозад. Ҳамзамон омӯхтани таърих танҳо ба хотири донистани гузашта нест, балки он дурнамоест, ки роҳи ояндаи миллат ва пешомадҳои давлатро равшан менамояд.
Қобили тазаккур аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори бевосита сарвари кишвар дар баробари арҷгузорӣ ба арзишҳои волои таърихию фарҳаргӣ ба арзишҳои динӣ низ эътибори махсус дода мешавад. Масалан, китоби муқаддаси Қуръони карим чаҳор маротиба бо забони адабии тоҷикӣ чоп шуда, ба таври ройгон ба мардум тақсим гардид.
Ҳамзамон, аз ҳисоби буҷети давлат даҳҳо китобҳои дигар:”Саҳеҳ”-и Имом Бухорӣ,”Тафсири Табарӣ”,“Кимёи Саодат”-и Имом Муҳаммад Ғаззолӣ, тарҷумаи ”Муснад”-и Имом Абу Ҳанифа”, Ҳидояти Шариф”-и Аллома Марғелонӣ ва ғайра интишор гардид.
Махсусан, дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ ҷашн гирифтани 1310-солагии поягузори мазҳаби ҳанифӣ Имоми Аъзам афкори динии ҷомеаи суннатии моро вусъат бахшида, ба нуфузи Тоҷикистон дар ҷаҳони ислом таќвият бахшид.
Рукнҳои хело муҳими дар мафкураи ҷавон парваридани руҳияи худшиносии миллӣ ҳимоя ва пос доштани забон, адабиёт ва фарҳанги миллӣ мебошад. ”Моро,-таъкид менамояд сарвари кишвар,-аз тамоми гармиву сардиҳои рӯзгор, аз тӯфону бӯҳронҳои пурфоҷиаи таърих танҳо фарҳангу хирад наҷот додааст. Ва маҳз фарҳанги волои аҷдоди тавонист, ки моро аз вартаи ҳалокат раҳонида, ба пойгоҳи сулҳу осоиш ва ваҳдату якдилӣ бирасонад”. Забони модарӣ бошад, дар ҳақиқат асоси ҳаёт ва баќои умри миллат аст.
Забони зебову шево ва ширину шоиронаи тоҷикӣ дар марҳилаҳои ҳассоси таърихи халқамон ҳамеша нақши тақдирсоз бозида, аҷдоди бо шарфу тамаддунсози моро аз гирдоби ҳаводиси пуртазоди асрҳои миёна то ба имрӯз эмин нигоҳ доштааст. Дар баробари ин,-таъкид менамояд сарвари кишварамон дар Паёми таърихии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,-“донистани забонҳои дигар, махсусан забонҳои русӣ ва англисӣ барои наврасону ҷавонони мо зарурияти воќеии рӯз аст. Аммо ин иќдом набояд сабаби бо забони шевои тоҷикӣ роҳ ёфтани унсурҳои нозарури бегона гардад”.
Мусалам аст, ки ташаккулёбии шахсияти худшинос, танҳо тавассути пайвасти омӯхтан ва такмил додани хироҷ ба даст меояд. Махсусан, донистани мазмуну мундариҷаи асари безаволи А. Фирдавсӣ “Шоҳнома”, ”Маснавии Маънави”-и Ҷалолиддини Румӣ”, “Ал-Қонун”-и Ибни Сино осори бегазанди Рӯдакӣ, Ҳофиз, Садию Ҷомӣ, Айни, Ғафуров, Турсунзода, Лоиқ, Бозор Собир, Гулрухсор, Фарзона ва дигарон дар ташаккули ҷаҳонбинии инсони худшинос нақши мунир доранд.
Осори дилҷӯ ва меҳрангези бузургони дирӯзу имрӯзу фардои мо парвози ҷовидона доранд. Сарвари кишвар дар суханрониҳои хеш, самтҳои муҳими худшиносии миллиро таҳрезӣ намуданд. “Фаромӯш набояд кард, ки худшиносӣ танҳо гирифтори дастовардҳои гузашта шудан ва аз мероси илмиву адабӣ ва фарҳангии ниёгон ифтихори хушкухолӣ доштан нест, балки он пойгоҳи устувори маънавиест, ки фарзандони бонангу номус ва огоҳу бедордили миллатро ба қиёсу хулосабарориҳои таҳлилӣ ва бо дарку воқеияти замони нав пайрези кардани ҳадафҳои неку созанда барои даҳсолаҳои минбаъда ҳидоят месозад”.
Бо таъбири сарвари кишвар ҷавҳари худшиносиро дар меросияти ақлонӣ дар тақвияти дастовардҳо ва тарбияи насли солими муосир шарҳ додан лозим аст. Аз гузашта ифтихор кардан маънии худшиносии комилро надоранд, балки донистани решаҳои таърихӣ,бо такя ба дастоаврдҳои ниёгон, дар шароити нав, дар муқобили мушкилию муамммоҳо мисли онҳо истодагарӣ карда тавонистан ва ба осиёбӣ илми ҷаҳонӣ об рехта, обрӯ ва нуфузи миллатро дар арсаи дунё бардоштан, нишонаи худшиносист. Ва аз ҳама асосӣ, аломати аслии худшиносӣ дар ин ҷаҳони пурмоҷаро ва пурғавғо сару калобаи хешро гум накарда, ба таассубу ҳуруфот дода нашуда, бароати миллию динни хешро дар чаҳорчӯбаи манфиати соҳибистиқлолӣ нигоҳ доштан аст.
Дар вазъи соҳибистиқлолӣ афзун гаштани талаботи ҷомеа нисбати камолоти маънавии инсон, хусусан рушду нумӯи худшиносӣ, худогоҳӣ, ифтихори миллӣ, ҳисси волои меҳанпарастию шаъну шарафи шаҳрвандӣ водор менамояд, ки мо аз пешина дида, бештар нерўихешро барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон ва устувор гардонидани мавқеи он дар қатори кишварҳои мутараққӣ сафарбар намоем.
Раҳмонова Н. Р. – муовини декан оид ба корҳои тарбияи факултети инноватсия ва ТК