МУСОИДАТ БА ЗИДДИЯТ – РОҲИ ҲАЛЛИ МУАММОИ МАРЗӢ НЕСТ

Осиёи Марказӣ сарзамини азим дар қитъаи Осиё мебошад, ки дар сарчашмаҳои қадимии форсӣ қисмати дар байни ду дарёи Амударё ва Сирдарё ҷойгир шудаи онро “Мовароуннаҳр” ва шимол ва шарқи Осиёи Марказиро “Туркистон” низ меномиданд.

Қисмати мазкур асосан, аз сарзаминҳои Марғиён (Марв), Бохтари Қадим (бохтариён), СуғдХоразм ва Сакостон (Сарзамини сакоиҳо) ташаккул ёфта, ҳазорсолаҳо ҳамчун роҳи пайванди ҳаракати мол ва ғояҳо миёни Аврупо, Ховари Миёна, Осиёи Ҷанубӣ ва Осиёи Шарқӣ ба ҳисоб мерафт.

Дар нимаи дуюми асри XIX ва ибтидои асри ХХ дар минтақаи мазкур асосан тоҷикон, ӯзбекҳо, туркманҳо, қирғизҳо, қазоқҳо, қароқалпоқҳо, ки мардуми муқимии ин сарзамин ба ҳисоб мерафтанд, зиндагӣ мекарданд. Шурӯъ аз нимаи дуюми солҳои 60-уми асри ХХ дар ҳудуди Осиёи Марказӣ муқимишавии русҳо ва дигар халқҳои аврупоӣ, ки онҳоро ба таври умум «русзабонҳо» мегуфтанд, оғоз гардид.

Аз рӯи маълумоти оморӣ сокинони Осиёи Марказӣ, зиёда аз 50 миллат буда, шумораи он 72 млн. (соли 2020) нафарро дар бар мегирад.

Аз таърих маълум аст, ки халқҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла тоҷикон ва қирғизон ҳазорсолаҳо бо ҳам дар ҳудуди як давлат зиндагии дӯстона дошта, пастиву баландии зиндагиро бо ҳам чашидаанд. Яъне тамоми зарарҳои ғасбкорони хориҷиро бо ҳам паси сар намудаанд. Барои мисол зиёда аз 70 сол дар ҳайати ИҶШС ҳамчун ду халқи бародар паҳлу ба паҳлу зиндагӣ намуда, зиндагии осоиштаи ҳамсоягӣ доштанд ва ҳолатҳоро дучор омадан мумкин аст, ки намояндагони ин ду қавм бо ҳам хешу табор гардидаанд.

Маврид ба зикр аст, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон 56 ҳазор қирғизҳо зиндагӣ намуда, 64 мактаби қирғизӣ мавҷуд аст. Дар 37 мактаб, забони таълим қирғизӣ, дар 24 мактаб – қирғизӣ ва тоҷикон, дар ду мактаб дарсҳо бо забонҳои ӯзбекӣ ва қирғизӣ, инчунин як мактаби омехта бо забонҳои тоҷикӣ, қирғизӣ ва русӣ мавҷуд аст.

Дар Қирғизистон бошад, тақрибан 50 ҳазор тоҷикони этникӣ зиндагӣ намуда, дар ин кишвар 7 мактаби тоҷикӣ мавҷуд аст. Дар сетои онҳо, дарсҳо бо забони тоҷикӣ таълим дода шуда, се мактаб бо синфҳои тоҷикӣ ва як мактаби қирғизӣ бо синфи тоҷикӣ низ кор мекунанд.

Албатта ҳамаи ин гувоҳӣ аз эҳтироми самимӣ гузоштан ба урфу одат, забон ва фарҳангӣ ҳамдигар буда, нишонаи дӯстиву бародарӣ байни ду кишвар ва халқҳо мебошанд.

Вале, ҳодисаҳои тирпарроние, ки вақтҳои охир дар ҳудуди наздисарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистон нисбати солҳои пешин бисёртар содир шуда истодаанд, мо сокинони ду минтақаро бояд ором нагузорад.

Зеро, дар ин муноқишаҳои бемаънӣ танҳо фарзандону наздикони мо ҳалок мешаванду халос. Аз таърихи муносибатҳои дипломатӣ маълум аст, ки охири ҳамаи ҷангҳо ин сулҳ аст. Аз ин лиҳоз, бояд роҳи муросо ва ҳамдигарфаҳмиро пеш аз оғози ҷангу  вайронкориҳо пеша намуд.

Мо – халқи тоҷик дар таърихи мавҷудияти худ нисбати ягон қавму миллатҳо лашкар накашидаем, зеро тамоми муносибатҳои худро бо ҳамсоягон бо роҳи ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми арзишҳои ҳамдигар ҳал намудаем. Вале ин маънии онро надорад, ки халқи тоҷик аз ҷанг ҳарос дорад ва барои ҳимояи марзу буми кишвари худ омода намебошад. Мо дар роҳи ҳимояи Ватан ҳамеша омода ба тамоми намуди зиддият ҳастем. Вале, ҷониби Тоҷикистон чун ҳамешагӣ хоҳони ба эътидол овардани вазъят бо роҳи гуфтушунид мебошад, ки ин суханҳо борҳо аз забони Роҳбарияти олии кишварамон садо доданд. Ҳамзамон маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон як ваҷаб замини худро ба касе нахоҳад дод ва ба як ваҷаб замини ҳамсоя чашм ало нахоҳад кард.

Мо мардуми Тоҷикистон ба дӯстиву бародарии халқамон бо халқи қирғиз эҳтироми беандоза дорем ва ҳамеша хоҳони тинҷиву оромӣ ва мустаҳкамии дӯстиву бародарӣ мебошем.

Вале, аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва телевизионӣ мо огоҳ гардида истодеам, ки ҷониби Қирғизистон бар хилофи созишномаҳои бо Тоҷикистон басташуда, амал намуда, шумораи сарбозонро дар минтақаҳои наздисарҳадӣ зиёд, бисёртар гузаронидани машқҳои ҳарбӣ дар минтақаи мазкур, харидорӣ намудани техникаҳои ҳарбӣ аз давлатҳои хориҷиро ба роҳ мондаанд. Барои мисол моҳи октябри соли 2021 Қирғизистон аз Туркия бесарнишинҳои «Байрактар»-ро харидорӣ намуда, шумораи умумии онҳоро эълон накард. Дар маросими дидан намудани Президенти Қирғизистон аз техникаи ҳарбии мазкур қайд карда шуд, ки техникаи мазкур барои омодагӣ ба ҷанг набуда, балки барои ҳимояи кишвар мебошад. Вале боз илова карда шуд, ки  “Агар кӯшиши забти ҳудуди мо гардад, ҷавоб қотеъ хоҳад шуд”.

Дар баъзе мавридҳо гарчанде мавқеи давлатӣ ҳам набошад, аз ҷониби бисёре роҳбарон ва шахсони шинохтаи қирғиз рӯирост даъво ба заминҳои Тоҷикистон карда мешавад, ки бевосита гувоҳи аз миллатгароӣ ва мақсади ғасбкоронаи онҳо дарак медиҳад.

Чунин амал ва рафтори мансабдорон, шахсони шинохтта ва барӯманди қирғиз танҳо ба зиддият оварда расонида, сабагори ҷангҳои бемаънӣ шуда истоданду халос. Амалҳои онҳо танҳо шаҳодат аз ҷанг мебошанду халос.

Ба ҳамаи мо маълум аст, ки муносибатҳои дуҷонибаи дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон 14 январи соли 1993 ба имзо расида, моҳи марти соли 1997 дар Душанбе сафорати Қирғизистон кушода ва дар Бишкек сафорати Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ намуданд. Ҳамзамон, таҷрибаи ҷаҳони гувоҳӣ аз он медиҳад, ки дар замони муосир барои рушди ҳамаҷонибаи давлат ба роҳ мондани муносибатҳои дӯстонаи дуҷониба байни кишварҳои ҳамсоя хеле муҳим мебошад.

Вобаста ба ин, ҷониби Қирғизистонро мебояд, ки барои нигоҳ доштани сулҳу субот дар минтақа ва рушди ҳамаҷонибаи кишварҳо ба сухану амалҳое, ки ба зиддият ва нофаҳмиҳо оварда мерасонанд хотима бахшида, дар фикри ҳалли масъалаи марзӣ бо роҳи гуфтушунид ва ба инобатгирии манфиатҳои ҷонибҳо бошанд. Зеро масъалаи мазкур бо роҳи дигар ҳал нахоҳад гардид.

 

Ахмедов Н.И. – мудири кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика ва пешгирии коррупсияи ДДҲБСТ

You might also like