Маҳалҳои наздисарҳадӣ набояд ҷойи нофаҳмиҳо ва низоъҳо бошад
Маҳалҳои наздисарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистон мунтазам ҷойи нофаҳмиҳо ва низоъҳо мегардад. Ҳодисаҳои охирин санаи 12 апрели соли равон, соати 18:20 дар ҳудуди хоҷагии деҳконии Зафари ҷамоати Хистеварз, рў ба рўи қишлоқи Ҷан- Шер, ҷамоати Кундулуи ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ба вуқўъ пайваст. Сабаби низои баамаломада баҳси сардори отряди сарҳадии Қирғизистон ва сарҳадбони тоҷик гардид. Аз ҷониби қирғиз як нафар зарар дида, аз ҷониби Тоҷикистон се нафар захмӣ гардиданд, ки ду нафари онҳо ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд. Ҳарчанд табибон кўшиш намуданд, лекин як нафар ҷавони марзбони 27 сола аз олам дарузашт.
Чанде пештар аз ҷониби низомиёни Қирғизистон дар минтақаи наздисарҳадии ҷамоати деҳоти Чорĸӯҳ тирпарронӣ ба вуқуъ пайваста буд. Баҳри гуфтушуниди ҳар ду ҷониб, гурўҳҳои корӣ зиёда аз 170 маротиба вохўрда буданд, то ки масъалаи маҳалҳои баҳсии сарҳадро ҳал намоянд. То ҳозир 68,4%-и масоҳатҳои наздисарҳадӣ муайян карда шудаанду халос. Айни ҳол тамоми заминҳои баҳсӣ, ĸи Ҷумҳурии Қирғизистон даъво дорад, аз рӯйи тақсимоти марзии даврони Шўрави қаламрави Тоҷиĸистон аст. Даъво ва ҳуҷумҳои мусаллаҳонаи қирғиз нишонаи халалдор шудан ба яĸпорчагии Тоҷиĸистон ва сиёсати забткоронаи онҳо аст.
Чанд рўз қаблан дар сафари кории худ ба шаҳри Исфара Пешвои миллати, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо халқ мулоқот намуда, ҳамагонро барои дўстӣ бо ҳамсоягон, меҳнату фаъолият ва ба таҳлука наафтодан даъват намуданд. Сарвари давлат таъкид намуданд, ки Тоҷикистон барои гуфтушунид ва ҷустуҷўи ҳалли муаммои мавҷуда, бо назардошти манфиати ҳарду ҷониб кўшиш менамояд. Муаммоҳои сарҳади байни давлатҳо танҳо бо роҳи гуфтушунид ҳалли худро ёфта метавонанд.
Мутаассифона, баъзе инсонҳо рисолати ирсӣ ва аслии хешро дарк накарда, бо ақидаҳои бебок ва тундгароии хеш номи худ ва нуфузи миллатро коста мегардонанд. Ин ĸуштору хунрезӣ ва таҳдиду фишоровариҳои миллати қирғиз қариб сад сол идома дорад. Баҳри нигоҳ доштани дӯстии байни ду миллат- қиргизу тоҷиĸ, халқи мо иззату эҳтиром, ҳаққи ҳамсоягӣ, саховат, нармдилӣ ва мeмoнaвoзиро нигоҳ дошта, доимо дар таҳаммул буд. Вале ин ашхос дандони тамаи худро боз ҳам тезтар гардонида, ба мавзеъҳое, ĸи қаламрави точиĸ аст, чашм дӯхтанд ва инсофу одамгариро фаромўш карданд.
Дар чунин вазъият масъулияти азими таърихӣ ва рисолати шаҳрвандии мо аз он иборат аст, ки давлати ҷавони миллӣ, истиқлолияти он ва ҷомеаи худро аз чунин пайомадҳои манфӣ эмин нигоҳ дорем. Тоҷикисон комилан ҷонибдори собитқадами ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мубориза бо тундгароӣ буда, дар он саҳми хешро мегузорад.
Ин амалҳои давлати Қирғизистон мутобиқ ба меъёрҳои равобити байналмилалӣ фишор ба давлати дигар дониста мешавад. Аз васоити ахбори омма мебинем ва мехонем, роҳбарони ĸишвари қирғиз ҳар рӯз сатҳи таҳдиду фишор ва таъсиррасонӣ ба андешаҳои мардумонашро бар зидди миллати тоҷиĸ болотар мебардорад. Муноқишаҳои наздисарҳадӣ ҳамеша аз ҷониби Қирғизистон сурат мегирад, вале дар ин амал дар расонаҳои хабарӣ тоҷиĸонро муттаҳам менамоянд.
Халĸи точиĸ дар тӯли таърихи чандҳазорсолаи худ ҳеҷ гоҳ ĸувваю зӯриро аз ақли солим боло нагузоштаанд. Тоҷиĸон ҳеҷ гоҳ бо мақсади забт намудани қаламрави мамлаĸати бегона ният надот ва аслиҳа ба даст нагирифта буданд, вале марзу буми худро аз ҳуҷуми аҷнабиёни истилогар сарбаландона ва мардонавор дифоъ менамуданд.
Азимова Н.С.- дотсенти кафедраи фанҳои риёзӣ- табиатшиносии муосири ДДҲБСТ