Тоҷикистон дар таъмини амнияти минтақа ва рушди муносибатҳо шарики боэътимод аст
Имрӯз тамоми ҷаҳон шоҳиди он гардида истодааст, ки доираҳои моҷароҷў бо сиёсати духура ва манфиатҷўӣ муҳити ороми давлатҳо, иқтисодиёти онҳо ва ҳаёти осоиштаи мардумро бо монеаҳои сунъӣ дучор карда истодаанд. Лекин, аён аст, ки таҳдиди хавфи давом ёфтани муноқишаҳои мусаллаҳона дар ҳудуди давлатҳо бояд бо роҳи гуфтушунид, мусолиҳа пешгирӣ ва бартараф карда шаванд.
Ҳоло ангезаҳои ифротӣ, неофашистӣ ва терроризми маънавӣ, иқтисодӣ, ки дар ҳудуди як қатор давлатҳои Ғарб густариш ёфтааст, зери ниқоби “ҳомиёни ҳуқуқу озодии инсон, демократия, ҳифзи амнияти Аврупо” намоишкорона шаҳрвандони худро ба фишороварӣ ва зуроварӣ нисбати мардум ва миллати дигар, ба зархаридӣ дар амалиётҳои ҷангӣ дар ҳудуди давлатҳои дигар даъват мекунанд. Чунин падидаҳо ба мазмун ва моҳияти ғояҳои асили инсонӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамзиштии осоишта, сулҳу созандагӣ ва ҳамкориҳои муфиди таърихан шаклгирифтаи давлатҳои ИДМ мухолифанд ва набояд ба амалишавии арзишҳои иҷтимоӣ ва маънавӣ монеъ гарданд ё ҷойи онҳоро иваз намоянд. Дастовардҳои кишварҳои ИДМ дар ҳама самтҳо ҷузъи муҳими рушди иқтисодиёти минтақа, эҳёи ҳамкориҳои бисёрҷониба, таъмини аманият ва ҳаёти осоишта аст, ки заминаҳои таърихию фарҳангӣ дошта, вобаста ба рўйдодҳои ҷаҳони муосир, ба рушди ҳамаҷонибаи тамоми давлатҳои аъзои он мувофиқанд. Тоҷикистон ҳамкории судмандро бо тамоми кишварҳои ҷаҳон, хусусан бо ИДМ баҳри пешрафти ҳаёти ҷомеа идома медиҳад.
Сиёсати пешгирифтаи Тоҷикистон ба шарикӣ ва ҳамкории иқтисодӣ, ба инкишофи муносибатҳои дутарафа ва бисёртарафаи байни давлатҳои ИДМ ва ба самаранок, мақсаднок ҳал кардани масъалаҳои гуногун дар соҳаҳои амнияти минтақа, рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ мусоидат хоҳанд кард. Лекин, ҳодисаҳои дар сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон рухдода истода, бо айби низомиён баъзе аз роҳбарони кундфаҳми Қирғизистон мебошад, ки ба ҳамкорию осоиштагии мардум таъсири манфӣ мерасонад.
Аз ин рў, кўшишҳои хоинони Ватан, ки бо иттилооти ғалат ва иғвоангез, мехоҳанд нуфузи Ватани моро дар арсаи байналхалқӣ паст кунанд, ҳаргиз ба мавқеъ ва сатҳи ҳамкории Тоҷикистон бо давлатҳои ҷаҳон, хусусан бо ИДМ таъсир нахоҳад расонд. Чунки Тоҷикистон барои расидан ба ҳадафҳои худ дар таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва амнияти озуқаворӣ, саноатикунонӣ, густариши фазои иттилоотӣ, васеъ ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳат ва хизматрасонӣ, сохтумони объектҳои энергетикӣ, роҳу пулҳо, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ; дар татбиқи сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамзиштӣ дар фазои сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ, дар рушди муносибатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар доираи арзишҳои демократӣ ва умумибашарӣ устувор ва шарики боэътимод аст.
Барои паст кардани таҳдид ва таъсири ақидаҳои ғалат, носолим, баҳри ҳифзи арзишҳои маънавӣ аз тарғиби нобоварӣ ва ҷудоиандозӣ, инчунин бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои судманд, бояд шаклҳои нави корбариро дар таъсиси корхонаҳои якҷояи саноатӣ, хизматрасонӣ дар соҳаи нақлиёт, ҳамлу интиқоли бору маҳсулот куллан беҳтар бояд намоем, ба пешрафти маориф ва илму техника, таъсиси ҷойи корӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ таҷдиди назар карда, сатҳи худшиносӣ, худогоҳӣ ва сатҳи таълиму тарбияи мутахассисонро вусъат бахшем.
Раҳматулоев А.Э. – проф.кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон