МУҲИДДИН КАБИРӢ: ДАР ЗАБОН НОМИ ХУДО ДАР ҚАБЛ ШАЙТОНГАРӢ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои зиндагии ороми мардуми халқи тоҷик шароитҳои хубро муҳайё намуда истодааст. Дар муддати кутоҳ кишвари азизамон ба миқдори зиёди дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, илмиву фарҳангӣ, ҷомеъашиносиву дунёшиносиро ноил гардид. Қайд кардан лозим аст, ки дар суханрониҳои худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати ҷавонон ва саҳми онҳо дар раванди ҷомеа, таъкидҳои падарона намуда, онҳоро ба дӯст доштани Ватан, худшинос будан ва касби хислатҳои ҷавонмардона даъват менамоянд. Инчунин ҷавононро барои омӯхтани забонҳои хориҷӣ, рӯ овардан ба илму дониш, истифода намудан аз технологияҳои муосир даъват менамояд. Чунки ҷавонон давомдиҳандаи анъанаҳои неки ниёгон буда, фарҳангу маданияти миллиро бояд ҳифз ва эҳё намоянд, сазовори боварии бузурги халқу миллат ва давлат бошанд, ору номуси ватандорӣ мояи асосии зиндагии онҳо бояд бошад.
Чӣ хеле, ки ба ҳамагон маълум аст, экстремизм ва терроризм аз зуҳуроти хатарнок ва номатлубтарини ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, бештар ба ҳаёту ояндаи ҷавонон хатарнок мебошад. Ин вабои аср бештар ба ҳолати равонии аҳли башар таъсири ҷиддӣ мерасонад. Ифротгароӣ дар байни ҷавонон на танҳо ба тартиботи ҷамъиятӣ хатар дорад, балки ин амали номатлуб бештар ҷиноятҳои вазнинро низ ба миён меорад. Афсӯс аз сабаби паст будани сатҳи маърифатию ҳуқуқӣ ва сиёсии баъзе ҷавонон шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротгароӣ зиёд шуда истодааст, ки он ин вабои аст.
Онҳо кӯшиш намуда истодаанд, ки ҷавонони ноогоҳ ва сатҳи пасти маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсӣ доштаро ба сафҳои худ ҷалб намуда, онҳоро бо роҳи амалҳои ғайриқонунӣ ба гурӯҳҳои террористӣ шомил созанд. Мардуми халқи тоҷик бояд донанд, ки ақидаи ин шахс бар зидди озодии ҷомеа аст.
Имрўз ҳар як фарди ҷумҳурӣ, бахусус ҷавонон лозим аст, ки дар мубориза алайҳи зуҳуротҳои номатлуби ҷомеа омода ва фаъол бошем.
Қосимова М.И. – н.и.и., муаллими калони кафедраи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва барномарезӣ