Ба худ оеду бо мафкураи худ амал намоед, қирғизҳо!
Тоҷикону қирғизҳо аз қадим дар ҳамсоягӣ зиста, муносибатҳои дуҷонибаи дӯстона доштанд. Ҳатто бо ифтихор қирғизҳо изҳор мекарданд, ки модари шоири номдорашон – Манас аз тоифаи тоҷиктаборон асту чунин шахси хирадмандро барои онҳо офаридааст.
Дар замони роҳбарии президенти даври Қирғизистон Аскар Акаев, ки шахси сиёсатмадору олим буд, ин муносибатҳо хеле самимиву хуб гардида буд. Сад ҳайф, ки дар замони ҳукмронии ӯ ҳудудҳои сарҳадии тоҷикону қирғизон аниқу муайян нагардида буд, чунки А. Акаев шахсияти аз таърих бохабару марзу буми Қирғизистон аз куҷо то куҷо буданашро нағз медонист. Дар замони ҳукмронии роҳбарони минбаъдаи қирғиз муносибатҳои байнисарҳадӣ ба дараҷаи пештара нигоҳ дошта нашуда бошад ҳам, чандон бад набуд, лекин бо сабабҳои аёну ноаён қирғизҳо он роҳбарони худро ҳам бо исёну бетартибиҳо барканор намуданд.
Мо зиёда аз ним аср аст, ки дар ҳамин сарҳади тоҷикону қирғизҳо зиндагӣ мекунем, аз урфу одат, хулқу атвор ва шуғлу зиндагии қирғизҳои дар ҳамсоягӣ буда, огоҳ ҳастем. Онҳо ҳоло ҳам самимияти дар ҳамсоягӣ бо мо доштаашонро гум накардаанд, чунки даҳсолаҳо инҷониб нону намакашон аз марзи тоҷикон аст. Бадшавии муносибатҳои байнисарҳадӣ, оқибат ҳуҷумҳои яроқноки беадолатонаи қирғизҳо дар замони ба сари қудрат омадани Содир Ҷаборов сар зад. Ӯ якбора итоаткори турктаборони размҷӯй шуд, аз онҳо яроқу аслиҳа гирифта, тоҷикону қудрати онҳо ва таърихи бостониашонро нодида гирифта, кинаву адовати набударо ҷустуҷӯ карду онро то ба муборизаи яроқнок оварда расонид. Содир Ҷаборов ҳоло президент аст, лекин ӯ ҳам аз рӯи мансубияти худ шахси мусалмон будагист, ин амалҳои ношоиста, ки бо роҳбарии ӯ бори дигар рӯзи 12-уми апрели соли 2022 дар давоми моҳи шарифи рамазон содир карда шуд, нобахшиданист, зеро ки Худованд ҳам хуни ноҳақро резонидани мусулмононро, махсусан дар ин моҳи муборак ҳеҷ гоҳ намебахшад.
Қирғизҳо дар хусуси бесалтанат кардани роҳбари давлаташон кайҳо таҷриба ҳосил кардаанд, қадру қимат ва заҳмати онҳоро намедонанд. Содир Ҷаборов ҳам дер ё зуд маззаи талху тунди ҳамон лаҳзаҳоро мечашад.
Бинобар беҳтар мегардид, агар дар қатори чунин амалҳои зишти дар мавқеъҳои байнисарҳадии тоҷикону қирғизҳо кардааш, танҳо як кори хуб, яъне ҳудуди сарҳадашро муайян карда, симхор мекарду қирғизу тоҷиконро аз ситаму шиканҷа ва хунрезӣ раҳо мекард, ки танҳо бо амру супориши ӯ шуда истодаанд, беҳтар буд. Ҷумҳурии Қирғизистон як сотиқ зиёд ё як гектар кам ин ҳамон Қирғизистон аст, хубтар буд, ки бо тезӣ ҳудуди сарҳадӣ муайян шуда, мардумон аз якдигарнофаҳмӣ раҳо меёфтанд.
Ю. Кенҷаев – устоди ДДҲБСТ