Ташаккули фазои мусоиди сармоягузорӣ дар татбиқи саноатикунонии босуръати кишвар
Раёсати Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон санаи 27 майи соли 2022 конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявиротаҳти унвони «Ташаккули фазои мусоиди сармоягузорӣ дар татбиқи саноатикунонии босуръати кишвар» баргузор менамояд.
Барои иштирок дар кори конференсия коршиносон, олимон, кормандони муассисаҳои илмӣ ва таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷи кишвар даъват карда мешаванд.
Ҳадафи конференсия: мубодилаи афкори олимону муҳаққиқон ҷиҳати фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат дар соҳаи саноат, дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар самти ташаккули иқтисодиёти индустриалӣ буда, дар доираи он муҳокимаи мавзуъҳои меҳварии зерин пешбинӣмегардад:
Забони кори конференсия: тоҷикӣ, русӣ, англисӣ.
Хоҳишмандон метавонанд барои иштирок дар кори конференсия мақолаҳои худро тариқи чопӣ ва электронӣ ба кумитаи тадорукот то санаи 10 майи соли 2022 пешниҳод намоянд.
Матни мақола бояд бо формати Microsoft Office Word, фосилаи байни сатр 1,5 мм бо истифодаи ҳуруфи Times New Roman Tj (бо забони русї – Times New Roman), шрифти 14, ҳошияҳояш 2 см омода шуда бошад.
Ҳаҷми мақола бояд на кам аз 5 саҳифа (форматиА4) иборат бошад.
Маълумот дар бораи муаллиф(ҳо)–и мақола бозикри насаб, ном ва номи падар, дараҷаи илмӣ, номимуассисаи таълимӣ ё ташкилоти илмӣ (пурра), ёвазифа ва ҷои кор, кишвар ва шаҳр дар кунҷи тарафирост оварда шуда, номи бахш пеш аз унвони мақола гузошта шавад.
Унвони мақола бояд мундариҷаи мақоларо дақиқва мушаххас тавсиф кунад.
Иқтибосҳо дар қавсайн бо қайди рақами адабиётаз рўйи рӯйхати сарчашмаҳо ва саҳифаи он боядишора шаванд.
Руйхати адабиёт дар охири мақола бо назардоштисаҳифаи умумии сарчашмаи истифодашуда навишта шуда, мувофиқи талаботи ГОСТ Р 7.0.5 – 2011 таҳия карда шаванд.
Матни мақолаи пешниҳодшаванда нусхаи ниҳоӣмаҳсуб шуда, бояд пурра аз назари таҳриргузаронида шавад ва аз ғалат тоза бошад.
Асолати матн на камтар аз 70% ҳаҷми мақолароташкил диҳад (дар барномаи «Антиплагиат» санҷидамешавад).
Масъулияти боэътимодии аснод ва муҳтавоимақолот бар дўши муаллифон мебошад.
Мақолаҳое, ки талаботҳои болоиро доронамебошанд, мавриди баррасӣ қарор намегиранд.
Нишонии электронӣ барои ирсоли мақолаҳо: dabir77@mail.ru ё мустақиман ба нашриёт (ш. Хуҷанд, микроноҳияи 17, ДДҲБСТ, бинои таълимии №1, утоқи 309).
Телефон барои иртибот: (83422) 2-31–63