Тақвият додани ҳувияти миллӣ – пешгирии шомилшавии ҷавонон аз ҳаракатҳои тундрав
Дар самти тақвият додани ҳуввияти миллӣ ва бедор намудани ҳисси ватанпарастӣ, баланд бардоштани маърифати динӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ, огоҳӣ додани мардум аз хатарҳои зуҳуроти терроризму экстримизми динию байналмилалӣ, ба роҳ мондани тарбияи дурусти оилавӣ, ташвиқи илмомўзӣ дар миёни наврасону ҷавонон ва ҷалби онон ба машғулиятҳои лозимӣ метавонад барои аз байн бурдани ин зуҳуроти номатлуб мусоидат намояд.
Ташкилотҳои экстремистӣ ва террористӣ аз Интернет барои амалӣ намудани амалҳои зерин истифода мебаранд:
Имкониятҳои интернет, аз қабили дастрасии осон, аудиторияи зиёд, махфӣ, суръати интиқоли иттилооти зарурӣ, чандрасонаӣ ба созмонҳои ифротӣ ва террористӣ имкон медиҳад, ки дар шабака фаъолиятҳои худро, аз қабили таблиғи ғояҳои худ, ҷамъоварии маблағ, табодули молу мулки худ амалӣ созанд. Маълумот, банақшагирӣ ва ташкил кардани амалиёти экстремистӣ, ба амалиёти ҷинояткоронаи худ ҷалб намудани онҳо, афзун намудани сафи аъзоёни нав.
Технологияҳои нав ба онҳо кӯмак мекунанд, ки дар сомонаҳои худ маълумот дар бораи ҳадафҳо, вазифаҳо ва эътиқоди созмони намояндагӣ кунанд ва ҳамзамон аз зӯроварӣ дар он ҷо зикр накунанд. Инчунин гурўҳҳои ифротӣ берун аз Ватан ҷойгир шуда, бо воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ ҷавононеро, ки сатҳи пасти дониши диниву дунявӣ доранд мағзшӯӣ карда, онҳоро ба сафи худ ҳамроҳ менамоянд.
Бояд қайд кард, ки ба ифротишавии ҷавонон пеш аз ҳама мушкилоти мавҷудаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ таъсири манфӣ мерасонанд ва ба он мусоидат мекунанд.
Барои аз байн бурдани ин раванди ниҳоят хавфнок ва таъмини боэътимоди амният зарур аст, ки ҷавонон аз мақсадҳои нопоки онҳо огоҳии комил дошта бошанд ва худро аз ҳар гуна амалҳои бемақсад дур созанд. Дар ин раванд, вазифаи мо – омўзгорон ва аҳли ҷомеа аз он иборат аст, ки барои амалӣ гардонидани тадбирҳои ҳадафманди пешгирӣ корҳои фаҳмондадиҳиро байни ҷавонон ҷоннок намоем.
Бинобар ин, бо мақсади пешгирӣ намудани ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб аз қабили терроризму экстремизм бо воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ ба аҳли ҷомеа, падару модарон ва омӯзгорон муроҷиат менамоем, ки дар истифодаи воситаҳои техникӣ, ҳамкориву ҳамнишинӣ бо ашхоси бегона, муошират бо нафарони шубҳанок, пайвастшавӣ дар сомонаҳои гуногун, ки хусусиятҳои таъсиррасонӣ ба ҳолати равонӣ доранд, эҳтиёкориро риоя намуда, худро дар канор гиранд. Зеро, бехабарӣ аз фарҳанги истифодаи техника ва технологияи иттилоотӣ, корбарии бемақсади телефонҳои мобилӣ ва пайвастшавӣ ба шабакаҳои интернетӣ, ки аз беаҳамиятии падару модарон ва ё боварӣ ба фарзанд ба миён меояд, оқибатҳои нохуш дошта, касро ба мушкиливу муаммоҳои зиёд дучор менамояд.
Аз ин рӯ, мебояд ҳар яки мо дар ҳамҷоягӣ бо эҳсоси баланди ватандӯстиву ҳуввияти миллӣ баҳри пешгирии падидаҳои номатлуб сари вақт чораҷӯӣ намоем.
Қоситов Ҷ. Р. – ассистенти кафедраи андоз ва андозбандии ДДҲБСТ