Илм-фурӯғи маърифат

Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалисозии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон моҳи апрели соли 2022 даври донишгоҳии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯги маърифат» ташкил ва баргузор мегардад.
Озмун аз рӯйи панҷ номинатсия гузаронида мешавад:
– математика (арифметика, алгебра, геометрия);
– физика ва астрономия;
– география;
– технологияи иттилоотӣ;
– ихтироъкорӣ ва навоварӣ.
Озмуни мазкур сараввал аз санаи 09.03.2022 то 19.03.2022 дар гурӯҳҳои академии донишгоҳ, аз санаи 28.03.2022 то 01.04.2022 марҳилаи факултетӣ ва баъдан аз санаи 13.04.2022 то 15.04.2022 даври донишгоҳии озмун тибқи талаботи Низомнома баргузор мегардад.
Барои ғолибони даври ҷумҳуриявии озмун, яъне барои ишғоли ҷойи яккум, дуюм ва сеюм, ҳамчунин барои иштирокчиён мукофотпулиҳо дар ҳаҷми зерин пешбинӣ гардидааст:
– барои ҷойи аввал дар сатҳи ҷумҳуриявӣ – дар ҳаҷми 15000 сомонӣ
– барои ҷойи дуюм дар сатҳи ҷумҳуриявӣ – дар ҳаҷми 10000 сомонӣ
– барои ҷойи сеюм дар сатҳи ҷумҳуриявӣ – дар ҳаҷми 7000 сомонӣ
– барои иштирокчиён дар сатҳи ҷумҳуриявӣ – дар ҳаҷми 500 сомонӣ
Ҳамаи донишҷўён, магистрантон ва докторантони донишгоҳро барои иштирок дар озмуни мазкур даъват менамоем.
Тел: (92) 799 06 00

You might also like