Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст

Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 2022, № АП- 156, ки таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст, дар донишгоҳ моҳи апрели соли ҷорӣ Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» гузаронида мешавад.
Озмун аз рӯйи панҷ номинатсия баргузор карда мешавад:
– адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ;
– адабиёти классикии тоҷик;
– адабиёти муосири тоҷик;
– адабиёти ҷаҳон;
– эҷоди назму наср.
Тибқи талаботи нақша-чорабиниҳои донишгоҳ, санаи 18.04.2022 соати 12:00 даври донишгоҳии озмуни мазкур дар маҷлисгоҳи бинои асосии донипшгоҳ (ошёнаи 6) ташкил ва баргузор карда мешавад.
Барои ғолибони даври ҷумҳуриявии озмун, яъне барои ишғоли ҷойи яккум, дуюм ва сеюм, ҳамчунин барои иштирокчиён мукофотпулиҳо дар ҳаҷми зерин пешбинӣ гардидааст:
– барои ҷойи аввал дар сатҳи ҷумҳуриявӣ – дар ҳаҷми 10000 сомонӣ
– барои ҷойи дуюм дар сатҳи ҷумҳуриявӣ – дар ҳаҷми 7000 сомонӣ
– барои ҷойи сеюм дар сатҳи ҷумҳуриявӣ – дар ҳаҷми 5000 сомонӣ
– барои иштирокчиён дар сатҳи ҷумҳуриявӣ – дар ҳаҷми 500 сомонӣ
Ҳамаи донишҷўён, магистрантону докторантон ва омўзгорону кормандони донишгоҳро барои иштирок ба озмуни мазкур даъват менамоем.
Тел: (92) 720 61 96

You might also like