Таъсири авҷи ташвиқоти таҳрибкорӣ ба амният, муттаҳидӣ ва пешрафту ҳамкориҳои ИДМ 

 

Таҳлили вазъияти имрўзаи сиёсӣ  атрофи Украина ва аз тарафи  Федератсияи Россия эътироф  ва таҳти ҳимоя қарор  гирифтани  ҷумҳурияҳои навтаъсиси Донетск ва Луганск аз он шаҳодат медиҳад, ки  роҳбарияти сиёсии Украина  амнияти кишвари худро бинобар роҳ додани як қатор хатогиҳои ҷиддӣ, аз ҷумла иҷро накардани Паймонаи Минск, бо супориши  давлатҳои Ғарб пеш гирифтани сиёсати ҷангҷўёнаи неофашистӣ, тарғиботи бадбинӣ нисбати  мардуми кишвари худ аз руи эътиқод ва забон ва ҷойгир кардани қувваҳои низомии давлатҳои хориҷӣ дар ҳудуди давлат, ноустувор кард.

Украина ташкили фазои сулҳу оромиро дар минтақа таъмин карда натавонист, баракс тариқи  ВАО  баромадҳои зоҳирӣ карда, сиёсати худро  бо роҳандозии  неруҳои «беруна» ва дастгирии неофашистон амалӣ намуд, ба умеди аъзогӣ  ба  Иттиҳоди Аврупа ва неруи низомии Атлантаи Шимолӣ ҳамкории муфидро  дар  соҳаи  иҷтимоӣ  ва иқтисодӣ бо шарикони наздики худ пурра барҳам дод, руйдодҳои воқеии таърихиро ғалат эълон карда, муҳорибаҳои шадиди таърихиро зидди фашизм ва думравони онҳо  ва ҳатто Иди Ғалабаро дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ беаҳамият донист, нисбати  шарикони  иқтисодии кишвари худ даъвоҳои  беасос  карда,  вазъиятро  атрофи  амнияти кишвар мураккаб ва осебпазир кард.

Ҳамин тавр, муноқишаи  байни Украина ва Россия рӯз  аз рӯз мутташаниҷ гардида, то сатҳи СММ ҳамчун  масъалаи  муҳим   барошта шудааст.

Таҳлили  ин ҳодисаҳо нишон медиҳанд, ки ҳанӯз аз соли 2014 дар Украина,  бинобар инқилоби ранга вазъият мураккаб гардида буд.  Гуфтушуниди байни ҳукумати  Украина бо вилоятҳои Донетск ва Луганск дар  шаҳри Минск бо ташабусси    Россия, Франсия, Германия ҷиҳати ба эътидол овардани вазъият натиҷа  надод.

Дар  натиҷа таъсисёбии ҷумҳуриҳои халқии Донетск ва Луганск, инчунин  амалӣ  шудани  амалиётҳои низомӣ оид ба  озод кардани  ҳудуди минтақаҳои номбаршуда,  неруҳои  ифротиро  бо роҳандозии ҳукуматдорони  Украина ва як қатор кишварҳои  Ғарб  ба ташвиш овард. Онҳо зидди  ташкили  чунин воҳиди сиёсӣ дар ҳудуди Украина баромад карда, истисмори мардуми ин  минтақаҳоро бо неру ва қувваҳои мусаллаҳшудаи неофашистӣ авҷ дода, ба иқтисодиёти  тамоми  давлатҳои Аврупо бо ҷорӣ кардани муҷозот  ва  тарҳиб зидди Россия зарари ҷиддӣ расонида истодаанд. Фишори навбатии иттилоотӣ, иқтисодӣ, молиявии давлатҳои Ғарб зидди сиёсати пешгирифтаи Россия, ки амалиёти махсуси низомиро бар зидди  неофашистон, зархаридон  ва қувваҳои моҷароҷў дар Украина оғоз кардааст, ҳоло авҷу  идома дорад.

Ин воқеаҳо,  идомаи аз  ҷониби давлатҳои Ғарб кушишҳои ба тариқи сунъӣ ҷорӣ кардани “демократия ва арзишҳои ғарбӣ” (дар Югославия, Ироқ, Миср,Лубнон,Сурия ва Афғонистон) мебошад, ки бо ҷанги иттилоотию мафкуравӣ  оғоз ёфта, то  амалиётҳои мусаллаҳонаи  шадид амалӣ гардида, иқтисодиёт ва низоми ин давлатҳоро нобуд ва  мардуми онро бо сарсонию ғарибӣ овард. Воқеаҳои дар кишвари ҳамсояи мо Афғонистон , Покистон рух дода истода  низ ҷузъи муҳими ин руйдодҳо мебошанд,  ки хатари экстремизм ва терроризмро дар минтақа афзун мекунад.

Ҳоло доираҳои муайяни давлатҳои Ғарб арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ, сабабу омилҳои дигаргуниҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоиро  дар  Россия  ва ИДМ аз нигоҳи манфиатҳои  гурўҳиву  минтақавӣ арзёбӣ мекунанд, ки ба муттаҳидӣ ва пешрафту ҳамкории  давлатҳо  минбаъд низ халал мерасонанд. Ғайр аз ин, воқеаҳои дар Афғонистон, Қазоқистон, Украина, Озарбойҷон, Арманистон ва Гурҷистон рухдода нишон медиҳанд, ки  ин ҳодисаҳо силсилаи як занҷир буда, қувваҳои  моҷароҷўи  давлатҳои Ғарб  ба ҳаёти иқтисодиву сиёсии кишварҳо аз нигоҳи манфиатҳои худ ошкоро дахолат мекунанд, бо маблағузорӣ ва ёрии  расонаҳои хабарӣ аз ниятҳои бади худ, аз кушишҳои паст кардани аҳамияти арзишҳои маънавию ахлоқӣ, ҳамкориҳои  ИДМ, аз ҷумла дигаргун кардани низоми давлатдорӣ  ва  халалдор кардани  осоиштагии мардум даст намекашанд.

Бояд дар назар дошт, ки дар шароити авҷ гирифтани таблиғу ташвиқоти  ба ном «арзишҳои демократӣ» (лекин дар асл зўроварӣ, бадбинӣ ва ниҳоят низои иҷтимоӣ), бо дастгирӣ ва маблағгузории давлатҳои Ғарб  кушишҳои қувва ва доираҳои муайяни  ифротӣ (аз ҷумла хоинони миллат) аз  рўи сенарияи инқилоби ранга фаъолияти таҳрибкорӣ ва зиддиҳукуматии худро ошкоро фаъол мекунанд.Ин ҳолатҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки онҳо бо тарғиботу ташвиқоти ғалат ният доранд, мардумро фирефтаи арзишҳои бегона кунанд, ба    сатҳи  масъулиятшиносӣ, ҳамкории судманди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ва муттаҳидии мардуми кишварҳои аъзои ИДМ монеаҳои сунъӣ эҷод намоянд.

Дар чунин вазъият вазифаи аҳли ҷомеаи мо аз он иборат аст, ки давлати миллӣ, Истиқлолият ва дастовардҳои онро аз чунин пайомадҳои манфӣ, аз таъсири тарғиботу ташвиқоти  арзишҳои бегона, қувваҳои моҷароҷў эмин нигоҳ дорем. Худогоҳӣ, худшиносӣ ва дорои фарҳанги ғании маънавӣ будани аҳли ҷомеа қодир аст, ки таъсири ҳар гуна зуҳуроти таҳрибкориро, ки ба нооромӣ,  бесарусомон сохтани ҳаёти осоишта  нигаронида шудаанд, пешгирӣ ва бартараф намояд.

 

Раҳматулоев А.Э. – профессори кафедраи

 ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории

ДДҲБСТ

You might also like