РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ – ОМИЛИ ТАҲКИМБАХШИ ИСТИҚЛОЛИ СИЁСИИ МАМЛАКАТ
Рушди њар як кишвар аз дараҷаи иќтидории иќтисодии он вобаста мебошад. Ҳамаи давлатњо барои ба он расидан талош доранд ва мекўшанд, то аз лињози иќтисодї пешрафта бошанд. Зеро њарчи нишондињандаи иќтисодї баланд бошад, шароити зисту зиндагонии мардум низ беҳтар мегардад ва мавќеву нуфузи кишвар дар сатњи байналхалќї низ боло меравад.
Пешравии соҳаи соњаи саноатро бе ҷорӣ намудани технологияи муосир тасаввур кардан ѓайриимкон аст. Ҳоло технологияњои муосир таќрибан дар тамоми соњањои ҳаёти ҷомеа мавриди истифода ќарор дорад. Масалан дар даврањои пеш агар техника ва технология танҳо дар соҳаи истењсолот истифода шавад, имрўз он дар соњаҳои маориф, тандурустӣ, саноат, хизматрасонї ва ғайра ба таври васеъ истифода мешавад.
Бо назардошти муҳим будани соҳаи саноат дар иқтисодиёти ҷумҳурӣ, ҳадафи чоруми стратегии кишвар рушди босуръати саноатикунонӣ эълон карда шудааст. Воқеан соњаи саноат яке аз соњањои муњим дар иќтисодиёти њар як кишвар ба њисоб меравад, ки он дар ғанӣ намудани буљаи кишвар ва таҳкими мақоми давлат дар арсаи ҷаҳонӣ нақши назаррас дорад. Масалан, давлати Чин бо истиењсоли бештари номгӯи маҳсулотҳои љањонї, кишвари Љопон бо истењсоли бењтарин технологияњои раќамї ва автомобилї TOYOTA ва якчанд кишварњои Аврупои Ѓарбї ба монанди Фаронса, Итолиё, Олмон ва Англя аз њисоби истењсоли мањсулоти гуногуни саноатӣ ва бо рушди тиљорат дар дигаргуниҳои ҷаҳони имрӯз нақши калидӣ доранд.
Дар рушди соҳаи истењсолот яке аз масъалаҳои асосиро ҷоӣ намуани технологияи муосир ташкил медињад, ки маќоми он дар сифатнокии мањсулот ва арзиш мол таъсири назаррас дорад. Муддати чанд соли охир дар бисёре аз кишварњои рӯ ба рушд раванди ворид кардани технологияњои муосир рафта истодааст ва он бесабаб нест.
Барои Тољикистон низ имрўзњо ворид кардани технологияњои муосир яке аз масъалањои муњим ба шумор меравад. Зеро бе технологияи нав пешравии соњаи истењсолотро тасаввур кардан номумкин аст. Дар ин марњила бояд, диќќати љиддї дод, ки техникаю технологияи муосири ба доихили Точикистон ворид шаванда сифати баланд дошта бошад ва он солҳои тӯлонӣ мавриди истифода ќарор гирад. Ҳамзамон доир ба нарху шартњои сабук ворид кардани технологияњои муосир диққат дидан лозим аст, ки то он боиси баланд рафтани арзиши маҳсулоти истиеҳсолшаванда нагардад ва дар бозори дохилӣ харидор пайдо карда тавонад.
Хушбахтона, соҳибкорони тољик барои ворид кардани технологияњои муосир ба Тољикистон ќадамњои љиддӣ гузошта истодаанд, ки он дар рушди соҳаи саноат ва бо шуғл таъмин намудани аҳолӣ таъсири назаррас дорад. Бо дастгири Њукумати Тољикисон нисбати санљиши фаъолияти соњибкории хурду миёна маратория эълон карда шуд ва њамзамон илова бар ин, дањњо номгўй имтиёзњои дигарро низ мукаррар намуданд, ки ин сиёсат ба рушди соҳаи саноат таъсири назаррас дорад.
Имрўзњо бисёри намуди мањсулоти ниёзи мардум аз беруни кишвар ворид карда мешаванд, ки аҳолии кишвар асосан аз он молҳо харидорї менамоянд. Дар баробари ин аз ҷониби соҳибкорони дохилӣ низ мањсулотњои гуноун истењсол карда мешавад, ки он ба талаботи бозор љавобгў буда, ба рушди саноат ва иқтисоди миллӣ нақши назаррас дорад.. Гарчанде имрӯз дар Точикистон имконияти истеҳсоли технологияҳо муосир нест, аммо истеҳсоли махсулоти ниёзи мардум дар рушди иқтисодиёти мамлакат ниҳоят муҳим мебошад. То он замоне, ки маҳсулотҳои талаботи мардум аз кишварҳои берун ворид карда мешавад, пешрафти иқтисодиёти мамлакат ғайриимокн аст ва он вақт истиқлолияти сиёсӣ низ ҳамеша зери хатар қарор мегирад. Аз ин рӯ, дастгири намудани соњибкорони тољик бањри ворид кардани технологияњои муосир ва ташкил кардани корхонањои саноатї дар кишвар дар самти таҳкими иқтидори сиёсиву иқтисодиёти мамалакат қадами асосӣ ба ҳисоб меравад.
Рушди саноат на танҳо ба ғанӣ намудани буҷаи давлат, ҳамчунин ба боло бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва коҳиш додани раванди муњољират дар Тољикистон нақши назаррас дорад. Маҳз дар баробари рушди саноат фароњам овардани љойњои нави корї боис мегардад, ки шаҳрвандон, махсусан насли ҷавони кишвар тамоми неруи хешро баҳри корҳои созандагиву ободкории Ватани хеш сафарбар намоянд.
Хулоса, татбиқи чор ҳадафи стратегии кишвар, аз ҷмула ҳадафи чорум – рушди босуръати саноатикунонии мамлакат барои расидан ба нишондиҳандаҳои баланд дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, таҳкими истиқлоли сиёсӣ ва боло рафтани мақоми Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамояд.
Шӯҳрат Саидзода – н.и.с., дотсент, мудири кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ