ТЭТ ҲНИТ ЯКЕ АЗ ШОХАҲОИ ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ 

Ба ҳамагон мусаллам аст, ки дар ҳудуди Тоҷикистони соҳибистиқлол то соли 2015 8 ҳизби сиёсӣ ба қайд гирифта шуда, амал мекарданд. Яке аз ин ҳизбҳо ин ҳизби наҳзати ислом буд. Намедонам, ки чи сабаб шуду ин ҳизбро ҳамчун ҳизби сиёсӣ расман ба қайд гирифтанд, ё ин ки дар аввал мардуми тоҷик ба таври кофӣ аз моҳияти он бархурдор набуд, ки имрӯз яқинан мардуми тоҷик фаъолияти ҲНИТ-ро дар ҳудуди кишвар намехоҳанд.

Дар моддаи 2-и боби 1-и Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» омадааст: Дар зери мафҳуми ҳизби сиёсӣ, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, ки вазифаи ӯ дар ворид шудан ба ҳаёти сиёсии ҷамъият тариқи таъсис додани гурӯҳи шаҳрвандони сиёсӣ, инчунин ба вуҷуд овардани ҳокимият бо воситаи намояндагони худ, фаҳмида мешавад.

Ва ё ба тарзи дигар ҳизби сиёсӣ ин иттифоқи ихтиёриест, ки бо аломатҳои идеологӣ асос ёфта, мақсади ба даст овардани ҳокимиятро дорад.

Ҳокимият ин воситаи амалигардонии барномаҳои сиёсӣ мебошад, ки ба манфиати ин ё он гурӯҳи ҷамъиятӣ хизмат менамояд.

Ҳизб аз калимаи лотинӣ ё фаронсавии-patu гирифта шуда маънояш қисм ё гурӯҳ мебошад.

Умуман ТЭТ ҲНИТ дар Осиёи Марказӣ ягона ҳизби хислати динидошта ба шумор мерафт, ки мақсади асосии он исломигардонии ҷомеъа буд. Вале онҳо ношукрӣ аз соҳибистиқлолӣ ва тинҷию оромӣ дар Тоҷикистон карда, мехостанд, ки солҳои 1992-ро бори дигар дар Ватани худ такрор намуда, ҳокимиятро ба даст бигирад.

Аммо ҳамаи мо тавассути васоити ахбори омма медонем, ки собиқ ҲНИТ бо роҳбарии М.Кабирӣ ҳангоми ба таври расмӣ фаъолият доштанаш чи мехост ва кадом амалҳоро ба сари мардуми тоҷик овардани буд!. Аз тарафи кадом давлат мавриди маблащгузорӣ қарор гирифта, супориши кадом давлатро иҷро мекард.

Аз воситаҳои ахбори омма бармеояд, ки М.Кабирӣ аслан оиди муҳоҷирони тоҷик суханронӣ намуда, мехоҳад, ки мавқеи худ ва собиқ ҳизбашро дар байни онҳо пурзур намояд. Агар шахсе, ки дорои маълумот ё касб бошад, дар ҳеҷ куҷо хор намешавад. Беҳуда нагуфтаанд, ки «ба як мард чил хунар кам аст».

Имрӯзҳо мо дар сомонаҳои интернетӣ мехонему тамошо мекунем, ки М.Кабирӣ аз мавқеи хориҷа истода, ҳамчун «ватанфурӯш» бар зидди давлатдории Тоҷикистон, ки сиёсати имрӯзаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллатамонро дигар кишварҳо омӯхта, дар кору зиндагиашон мавриди истифода қарор дода истодаанд, зери суоли танқид кашида истодааст. Аммо, халқи баору номуси миллати тоҷик ин гуфтаҳои хоинонро паси сар карда, дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат бо меҳнати ҳалол зиндагиашонро пеш бурда истодаанд.

Агар нисбати М.Кабирӣ гуфтани шавем, мо медонем, ки ӯ ҳамчун соҳибкор ба ишқи пулу мол рафта, чунин шахс метавонад дар як лаҳза Модар-Ватани худро фурӯшад. Чунин шахсиятҳо ҳеҷ гоҳ ба манфиати халқу Ватан кор накарда, баръакс ба нафъи худ кор мекунанд.

Шогирдонашон аллакай ҳосили боғи «мурид»-иро дар «размгоҳ»-ҳои Сурия чида истодаанд. Аз ин ҷост, ки пайдо кардани «раҳбаре мутааллиқ ба ҳамаи мусулмонҳо» орзуест, ки ҳаргиз ҷомаи амал ба бар нахоҳад кард. Бори дигар ва такроран гуфтаниам, ки вақте дар асри 21 моро бо ғояҳои давраи тавлиди Ислом пеш бурданӣ мешаванд, дигар чӣ метавон гуфт? Ин роҳ танҳо сӯйи ҷаҳолат асту торикӣ.

Аз ин ҷост, ки М.Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ, М.Хайит, Саидумар Хусайнӣ ва дигарон, ки айни ҳол намаки маҳбусиро мечашанд, мазҳаби худро бар ивази маблащҳои муайян фурӯхта, маҳз бо дастгирии хоҷагони худ мехостанд, ки дар Тоҷикистон табадуллотро роҳандозӣ намуда, сохти конститутсиониро фалаҷ гардонанд.

Аммо, ҳушёриву зиракии мардуми ба ору номуси миллат, ва дигар сохторҳои қудративу низомӣ боиси пешгирии ин кирдори нангин гашт.

 

Каримов Р. А. – н.и.и., дотсент, мудири кафедраи хадамоти гумруки ДДҲБСТ

You might also like