МАВҚЕИ СОЗАНДА ВА ГУМАНИСТИИ ТОҶИКИСТОН БО ДАВЛАТИ ДӮСТУ БАРОДАРИ АФҒОНИСТОН

Чӣ хеле, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ дар яке аз суханронии, худ ки ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бахшида шуда буд, изҳор доштанд «Бетафовутӣ нисбат ба сарнавишти Афғонистон боиси афзоиши хушунат, боз ҳам вазнинтар шудани зиндагии сокинони он, сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ бо миқёси солҳои 90-уми асри гузашта, фалокати башарӣ, ҳамчун маркази терроризми байналмилалӣ боқӣ мондани қаламрави ин мамлакат ва ба таври ҷиддӣ халалдор гардидани амнияту субот дар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон мегардад».

Моҳҳои охирро бе ҳеҷ калавиш моҳи фоҷеаи Афғонистон гуфтан мумкин аст. Аслан, мардуми Афғонистон, ҳамаи халқҳои ин кишвар, ҳам тоҷику ҳам паштуну ҳазораву ӯзбеку туркману нуристониву қавмҳои дигар муддатест, ки ба кашмакашиҳои қувваҳои гуногуни сиёсӣ банд шуда, рӯзгори бад доранд.

Он қувваҳое, ки Толибро ҳамчун қувваи сиёсӣ ба вуҷуд оварданд, кӯшишу талош доштанд, ки ин қувваро дар Афғонистон ба қудрат расонанд. Толиб ба истилоҳ гӯё халқи алоҳида, миллати алоҳида ва қавми алоҳида нест, ин қувваи сиёсист. Он қувваи сиёсӣ, ки гӯё ба Ислом такя карда бошад. Ҳақиқат ин, ки ин қувваи сиёсӣ ба шиори паштунизм пайваст шудааст. Яъне, қувваи сиёсии дар таркиби худ хусусияти фашистидоштааст. Ба ин маъно қувваест, ки ба муқобили халқи дигар нигаронида шудааст.

Хотирнишон месозам, ки барои ба миён омадани чунин вазъи фоҷиабор мардуми Афғонистон бо таъриху тамаддун ва фарҳанги чандинҳазорсолаи худ гуноҳ надоранд. Ноамнӣ ва бадбахтие, ки ба сари мардуми ин кишвари бостонӣ омадааст, натиҷаи дахолати кишварҳои хориҷӣ, яъне фаъолияти доираҳои манфиатдори минтақа ва ҷаҳон мебошад, ки ҳоло низ идома дорад. Бинобар ин, мавқеи Тоҷикистонро доир ба қазияи Афғонистон, ҷонибдори ҳарчи зудтар барқарор гардидани сулҳу оромӣ дар ин кишвари ҳамсояи наздиктарин, дӯст, ҳамзабон ва ҳамфарҳанги худ бо роҳи ташкили ҳукумати фарогир ва бо дарназардошти манфиатҳои ҳамаи қавму миллатҳои сокини он, раъйи тамоми мардуми мамлакат, эҳтирому риояи ҳуқуқи шаҳрвандон дар доираи меъёрҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон пазируфташуда ҳастем.

Ташвишовар он аст , ки тамоми ниҳодҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи башар хомӯширо ихтиёр кардаанд ва дар мавриди пуштибонӣ аз ҳуқуқи мардуми Афғонистон ҳеҷ гуна ташаббус нишон намедиҳанд.

Аз ин лиҳоз, бо истифода аз фурсат ҳамаи созмонҳои байналмилалӣ, кишварҳои минтақа ва ҷаҳонро бори дигар даъват менамоем, ки доир ба ҳалли мушкилоти ин кишвар ва ташкили ҳукумати мусолиҳаи миллӣ бо фарогирии манфиатҳои тамоми қавму миллатҳои сокини Афғонистон тадбирҳои фаврӣ ва дастҷамъона андешанд.

Қаюмов Ф.Ғ. – дотсенти кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва минтақаи ДДҲБСТ

You might also like