ОҚИБАТҲОИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ДАР ШАРОИТИ ҶАҲОНИШАВӢ
Ҷаҳонишавӣ барои тарақиёту пешрафти кулли кишварҳои дунё нақши бузург дорад. Вале ин раванд баробари паҳлӯҳои мусбат тарафҳои манфӣ низ дошта, дар ҷомеаи имрӯза як қатор мушкилиҳои ниҳоят ҷиддиро ба вуҷуд овардааст. Имрӯз дар ҷомеаи муосир дар радифи бисёр дастовардҳо, такмили қонуниятҳо давлатсозию давлатдорӣ бисёр муамову таҳдидҳо ҷой дорад, ки ин омилҳо ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш оварда истодааст.Якчанд таҳдидҳои замони муосирро ба монанди терроризм, экстремизм, ҳуҷуми фарҳанги бегона, ҷанги иттилоотӣ, нашъаманди ва бемории СПИД боиси нигаронии кулли давлатҳои дунё гардидааст. Экстремизм аз рӯи мазмун – динӣ ва дунявӣ ва аз рӯи зуҳурот – ҳудудӣ, минтақавӣ, байналхалқӣ шуда метавонад. Экстремизм динӣ дар доираи ҳаммаи динҳо (насронӣ, будоӣ) ва ғайра мавҷуд аст. Экстремизми динӣ дар доираи ислом низ мавҷуд буда, он дар куҷое, ки зуҳур кунад дар назди худ мақсади асосӣ – барпо намудани “халифаи системаи идоракунӣор дар ислом” – ро мегузорад. Мақсади терроризми динӣ сарнагун намудани давлати дунявӣ ва давлати динӣ мебошад. Терроризми иҷтимоӣ-( аз ҷиҳати мафкуравӣ омодагардида ) мақсади пурра ё қисман тағйир додани низоми иқтисодиву сиёсии давлатро дорад ва диққати ҷомеаро ба муаммоҳои муҳим ҷалб мекунад:
– хатари баланди иваз гардидани идеологияи солим бар иртиҷоӣ дар мафкураи ҷавонон;
– ҷавонони ба идеологияи иртиҷоӣ воридшуда, худро ҳамчун шахси комил дар ҷомеа идора карда наметавонанд;
– идеологияи носолими иртиҷоӣ ақлу хиради ҷавононро коста менамояд ва аз оилаву аҳли пайвандон дур месозад;
– идеологияи носолими иртиҷоӣ аз мафкураи ҷавонон калимаҳои муқаддаси зиндагӣ, Ватан, Модар, Ҳаёт ва Ишқро фаромӯш месозад ва айёми зебои ҷавониро барбод медиҳад;
Аз ин рӯ ҳар фарди худогоҳу худшинос ва ҳар сокини сайёраро зарур аст, ки нисбат ба ин гуна кирдори ҷиноятӣ ва амали ғайриинсонӣ бетараф набошанд, зеро ин вабои аср мисли тори анкабут сайёраро фаро гирифта аст ва ҳатто дар мутамаддинтарин, фарҳангитарин ва аз ин лиҳоз илму дониш пешрафтатарин манотиқи курраи арз нишонаҳояш ба назар мерасад.
Терроризми махсусан даҳсолаҳои охир оқибатҳои зиёди харобиовар ва талафоти зиёди ҷонӣ аз худ боқӣ гузошта, монеаи ташаккули ҷомеаи башарият гардидааст. Бахусус Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки узви ҷомеаи ҷаҳонист, нисбат ба ин ҳодисаи манфури ҷомеа бетарф нест. Сари ин масъала ҳама рӯза ҳукумати кишвар андеша дошта, онро дар мадди аввал гузошта, сармашқи фаъолияти худ қарор додааст. Ҷиҳати пешгирӣ намудани ин падидаи номатлуб ва оқибатҳои иртиҷоии он, баҳри ҳифзи арзишҳои милливу мазҳабӣ мардуми шарифи тоҷик зарурати аз нигоҳи қонунгузори танзим намудани масоили динӣ пеш омад.
Хушбахтона, баъд аз ба даст овардани истиқлолият соли 1994 қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ ” ва соли 2007 қонуни ҶумҳурииТоҷикистон “Дар бораи танзим анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар асоси таклифу пешниҳодоти мардуми кишвар қабул гардид. Мақсад аз қабули қонуну қарорҳои мазкур танзим ва таъмини фаъолияти ҳуқуқии иттиҳодияҳои динӣ ва ҳифзи динӣ мубини ислом аз ҳамин гуна ҳуруфоти одатҳои асримиёнагӣ ва ифротгароӣ буд. Зеро имрӯз динӣ мубини ислом аз ҷониби баъзе гурӯҳҳо дар шаклҳои гуногун ҳамчун омили низоъ ва муноқишаҳо истифода шуда истодааст. Дар ин замина мо бояд таҳдид ва хатарҳои тундгароӣ, ифротгароӣ ва терроризмро хусусияти динӣ касб кардаанд ва таҳдид ба ҳаёти мусулмонон ва умуман ислом доранд, муайан намуда, интишори онҳоро дар ҷомеа пешгирӣ намоем.
Ҳоҷиев Н.Н. – дотсенти кафедраи фанҳои ҷамъиятии ДДҲБСТ