РАЪЮ АНДЕШАИ СОЛИМ ДОШТА БОШЕД

Имрўз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эътирофу эътиқоди шаҳрванд нисбат ба дину мазҳаб садде гузошта намешавад. Давлати дунявӣ ва демократӣ ифодагари манфиату талаботҳои тамоми мардуми кишвар мебошад. Ин аст, ки баъди истиқлолияти Тоҷикиcтон, аксари мардуми тоҷик ба дини ислом ҳамчун манбаи ростӣ, покизагӣ, накўкорӣ, меҳнатдўстӣ, инсондўстӣ, ҳидоятгари роҳи рост рўй оварданд. Ҳамаи дар асоси таъмини озодии интихоби эътиқод буд.

Дин ва аҳкоми динӣ барои ташкили гурўҳҳое, ки ба гирифтани ҳокимият нигаронида шудааст, зид мебошад. Ислом дини озодӣ, ростӣ, инсондўстӣ ва покӣ мебошад. Агар имрўз аъзоёни ТЭТ ҲНИ ҳидоятгари роҳи рост мебуданд, ба манфиати давлат ва ҷамъият фаъолият мебурданд. Мутаассифона, баъзе шахсони ин ҳизб яроқ-аслиҳаро пинҳон карда, боиси гумроҳии баъзе одамон мешавад. Ин ҳодиса боиси паст гардидани обрў-эътибори ин ҳизб дар мамлакат гардада, мақсади ғарази роҳбарияти гуруҳро ошкор намуд.

Фаъолият ва пинҳонкориҳои аъзоёни ин ҳизб таблиғгару сияҳкори он тадриҷан хатарҳои нав ба навро барои ҷомеаи кунунии мамлакат ба бор оварда истоданаш мумкин аст.

Мо дар ин радиф дар роҳи тинҷу оромию давлатамон ба даъвати Сарвари мамлакатамон ҳамроҳ шуда, ҳамчун яке аз аъзои ҷомеаи Тоҷикистон даъват ба амал меорем, ки барои Тоҷикистони имрўзаи мо дигар кашмакашиҳо, бесарусомониҳо зарур нест. Зеро фардо фурсат ба ҳар яки мо имкон намедиҳад, ки пас аз хулосаҳои зиндагӣ аз сари нав ҷавон шавему ҳаёти босамар барем.

 

Умарова С.И. – муаллими калони кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва минтақаи ДДҲБСТ

You might also like