Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман»

Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 03.02.2022, таҳти №АП – 154 ва дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи санъати мусиқӣ, баланд бардоштани маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба ҳунари баланди иҷрокунандагӣ, сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд ба муносибати ҷашни 30-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ташкилу баргузор мегардад.

Озмун аз рӯи номинатсияҳои зерин гузаронида мешавад:

  • композиторӣ;
  • сарояндагӣ;
  • навозандагӣ.

Баргузории даври факултетӣ (санаҳои 05-07.04.2022) ва даври донишгоҳӣ (санаҳои 12-14.04.2022) тибқи талаботи Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ба нақша гирифта шудааст.

Нақшаи чорабиниҳои баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман»-ро, ки аз ҷониби ректори донишгоҳ санаи 05.03.2022 тасдиқ карда шудааст, аз сомонаи шуъбаи корҳои тарбияи донишгоҳ (http://tarbiya.tj/) метавонед дастрас намоед.

Донишҷўён, магистрантон ва докторантони донишгоҳ метавонанд дар озмуни мазкур иштирок намоянд.

Телефон барои тамос: (83422)-2-25-63, (92)-950-22-12

You might also like