Суханронии аъзоёни ТЭТ ҲНИ мисоли сагест, ки сӯи моҳтоб аккос мезанад

Мутаъсифона дар ҷомеаи ҷаҳонӣ гурӯҳҳое ҳастанд, ки ба “мағзшӯи”-и мардум машғул буда, баъзе аз ҳамватанони моро гумроҳ месозанд. Гурӯҳҳои террористӣ имрӯз низ шаҳрвандони мо бахусус ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғи динию дунявӣ ҷалб намуда, онҳоро ба ҷараёнҳои террористӣ сафарбар менамоянд. Террористҳо гурӯҳҳои хурде буда, ба ҷомеаи имрӯза бо ҳар гуна роҳ зиён мерасонанд. Дар ҳар як сомонаи сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғайра мавзӯи асосӣ ба пайвастани шаҳрвандон ба гурӯхҳои тундрав равона шудааст, ки ин яке аз мушкилоти асосии ҷомеаи имрӯзаи мо мебошад.

Яке аз чунин шахсони иғвоангез ин  М. Кабирӣ ва М.Садриддин мебошанд, ки бо ҳар роҳу восита мехоҳанд фазоӣ ороми кишвари моро халалдор намоянд, аз хориҷа истода тақдири тоҷиконро ҳал намоянд. Тариқи телевизонҳои маҳворавӣ ва шабакаҳои интернет ба халқи азизи мо таҳдид мекунанд, сиёсати пешгирифтаи ҳукуматро, ки баҳри таъмини сулҳу субот ва тараққиёт равона шудааст, маврида интиқом қарор медиҳанд ва мехоҳанд, ки ба воситаи қувваҳои баъзе афроди ҷиноятпеша таблиғот бурда, ҷавонони ноогоҳро фиреб диҳанд ва онҳоро ба муқобили ватану миллати худ барангезанд.

Ин хоинону ватанфурӯшон дар баромадҳои худ ҳамеша таъкид менамоянд, ки бояд ҷиҳод, митинг ва шӯриш кард. Як саволе ба вуҷуд меояд, ки ин амалҳоро алайҳи кӣ эълон медоранд? Муқобили мусулмонон, муқобили калонсолону кӯдакон, ҳамдаёрону ҳамватанони худ.

Аз гуфта ва навиштаҳои Муҳаммадиқболи Садриддину ҳаммаслаку ҳамтабақонаш дар шахси соҳибақл нафрат ба ин гуна гурезаҳо пайдо мешавад. Агар дар умум хулоса намоем Муҳаммадиқболи Садриддин ва ҳам монанди онҳо  лоиқи вокуниш нестанд.

Онҳо гўё кўранд ва каранд, дастовардҳои халқи  тоҷикро  бо сарварии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои соҳибистиқлолӣ дидан ва дарк кардан намехоҳанд.  Оромӣ, осудагӣ ва хотирҷамъии аҳли Тоҷикистонро хусусан  наслҳои калонсол хеле қадр менамоянд ва шукргузорӣ  мекунанд. Муҳаммадиқболи  Садриддин ва пайравони онҳо таҳлилҳои кўр – кўронаи равандҳои сиёсӣ – иҷтимоии  Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба «ўҳдаи» худ гирифтаанд, ки мо ба ин гуна таҳлилгарон ягон эҳтиёҷ надорем.

Сарварон ва аъзоёни ТТЭ  ҲНИ  мехоҳанд  ҷонибдорони нав пайдо намоянд, аммо онҳо фарқияти ҷаҳонбинии  ҷавонони солҳои 90-уми ва ҳозираро ҳис накардаанд ё кардан намехоҳанд.

Ҷавонони  Тоҷикистон  ҳидоят ва дастгирии ҳамаҷонибаи Пешвои муаззами миллатро қадр менамоянд ва ҳамеша кӯшиши дар диёри азизамон таъмини зиндагии шоистаро доранд.

Мо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти террористонаи ТЭТ  ҲНИ –ро маҳкум намуда, бо Пешвои худ фахр мекунем  ва ҳамаҷониба сиёсати дохилӣ ва хориҷии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро  дастгирӣ менамоем.

 

Абдуллоев О.О. – н.и.и., дотсенти кафедраи

 баҳисобгирии бухгалтерии ДДҲБСТ

 

You might also like