ВАТАНФУРӮШӢ НОБАХШИДАНИСТ!
Истиқрори сулҳу ваҳдат дар ватани азизи мо – Тоҷикистон маънии онро надорад, ки ҳар ҷинояти дигарро нодида гирифта, алайҳи ҷинояткор парвандаи ҷиноӣ боз нагардад. Пас, саволе ба миён меояд, ки чаро он нохалафоне, ки ба қадри сулҳу оштӣ нарасиданд, дубора даст ба нооромии кишвар ва инҳирофи ҷомеа заданд? Магар ин ҷиноятҳо бояд бидуни муҷозот афв гардад ва барои пешгирии дубора ноором гаштани вазъи ҷомеаи кишвар ҳеҷ гуна чораҷӯӣ нашавад?
Он чӣ гузашт, агарчи гузаштаи начандон дури таърих буд, аммо дарси ибрат барои мо тоҷикон бояд бошад. Бо ибораи мардумӣ “Кӯр асояшро як бор гум мекунад”. Ҷои ин ҳама изҳороти беҳуда ва ношукрӣ бояд шукри ободии Тоҷикистони азиз ва осудагии рӯзгори мардумро кунем ва бо андозаи зӯру тавони хеш дар атрофи Пешвои миллат муттаҳид гардида, барои пешрафт ва шукуфоии Ватани азизамон – Тоҷикистон камари ҳиммат бубандем. Чунон бояд рафтор кард, ки имрӯз низ ҷомеаи ҷаҳон тоҷиконро чун меросбарони тамаддуни ҷаҳонофар дигарбора эътироф намояд ва чун ҷузъи ногусастании ҷомеаи ҷаҳонӣ арҷ гузорад.
Ифротгароӣ ва терроризм дар Тоҷикистон аз аввали солҳои 90-уми асри гузашта сарчашма мегирад. Баъди пош хўрдани Иттиҳоди Шўравӣ яку якбора низоми маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон кудрати худро аз даст дод. Фалаҷ гардидани ҳокимияти давлатӣ, бўҳрони иқтисодӣ, бекори, паст шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ, аз назорат дур мондани таъмини амнияти давлатию ҷамъиятиро ба вуҷуд овард. Вазъияти баамаломада, ки идорааш аз ҷониби фишангҳои ҳокимияти иҷроия ва давлати ғайриимкон гардид, ба он боис шуд, ки зуҳуроти таҳдид ва зўроварӣ дар ҷамъият ба худ роҳ кушояд.
Аз ин ҳолат намояндагони ташкилотҳои террористию экстремистӣ, аз ҷумла аъзоёни ТЭТ ҲНИ истифода намуда, ба ғасби ҳокимияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шурўъ намуданд. Онҳо, пеш аз ҳама, ба торҳои эҳсоси мазҳабию дини нохун зада, аҳолиро ба масчидҳо ва тавассути онҳо ба фикри амали намудани мақсаду мароми худ ҷалб менамуданд. Барои онҳо барои ноил шудан ба ҳадафҳои нопоки худ аз ҳар гуна воситаҳо истифода мебурданд. Дар ҳамон вақт низ барои ба як самти барои худ дилхоҳ равона намудан мардуми баору номуси миллати тоҷик душвор буд ва барои ин маблағҳои калонро бо датгирии «дустони хориҷиашон» амалӣ менамуданд. Аз ин лиҳоз муассисони чанде аз ҳизбу ҳаракатҳои навтаъсиси ҳамонвақта бо баҳонаи ҳифз кардани дин ва аҳли тақво ба баъзе аз ташкилоту созмонҳои ба ном хайриявии мамолики дигар, аз ҷумла давлатҳои исломи муроҷиат менамуданд.
Ҳамаи инҳо ба он оварда расониданд, ки дар ҷумҳурӣ яку якбора гурўҳҳои террористӣ ва экстремистии ярокнок пайдо шуда, бо максади ғасб намудани ҳокимияти давлатӣ ва дигар кардани сохти давлатдорӣ фаъолияти худро оғоз намоянд. Сипас дар мамлакат чи гуна вазъият ба амал омад, рафти воқеаву ҳодисаҳои ҷанги бародаркуши дохилӣ чи тавр сурат пазируфт, ҳамчунин халқи табиатан хирадпеша ва сулҳпарвари тоҷик чи гуна пеши оташи хонумонсўзи ҷангро гирифт, барои аксари мардуми мо маълум аст, ки дар ин масъала макоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллати тоҷик, Президенти кишвар Эмомалӣ Рахмонро махсус ёдовари кардан ва арҷ гузоштан ба чунин хизматҳоро бояд таърих ва кулли шаҳрвандони Тоҷикистон новобаста аз ҷинс, нажод ва миллат аз хотир набарорад.
Натиҷаҳои нохалафиву ватанфӯшии аъзоёни ТЭТ ҲНИ бори дигар моро ҳушдор медиҳанд, ки барои амалиёти ҳар гуна гурӯҳҳои ифротиву ихтилофангез набояд фазои мусоид фароҳам оварем ва ватанро ба дасти нерӯҳои бадкор биспорем. Ин масъулияти шаҳрвандиву фарзандии мост, ки то ҷон дар бадан дорем, барои решакан кардани бадӣ ва ҳар чӣ бар зарари халқу миллати мост, бикӯшем.
Бо ёди Ватан будану дар оғӯши Ватан зистан саодат аст, аммо бо ҷурми хиёнат ба миллату Ватан дар кишвари бегона паноҳ ҷустан бадбахтии маҳз хоҳад буд. Имрӯз, ки М. Кабирӣ пас аз ин қадар носипосӣ ба халқу миллат ва хиёнат ба Тоҷикистон дар яке аз кишварҳои Аврупо ба ҳайси паноҳандаи сиёсӣ сукунат дорад, бо он ҳама иддае аз ҳамватанони моро дар хоки ғурбат чун фирорӣ ва ё бечора бидуни ресмон банд кардааст. Ин даста бо ҷурми он ки замоне узви ТЭТ ҲНИ маҳсуб меёфтанд ва ё бо амалҳои назарфиреб ва ғаразноки М. Кабирӣ фирефта шуда буданд, имрӯз наметавонанд бо сари баланд дар Ватан рӯзгор ба сар баранд. Ба фарҳангу оини миллат санги бегонапарстӣ задан, мардумро бо фитна ба гумроҳӣ кашидан, дар мулки ғайр овораву сарсон кардан магар бахшиданист? Не, ҳаргиз не! Ин тоифа хоинони Ватан ҳастанд. Хоини Ватан малъун аст ва заррае имон дар бадан надорад. Зеро ҳар як мусалмон хуб медонад, ки дӯст доштани ВАТАН аз имон аст!
Имрӯз ҳам ин дастаи нохалаф ва нотавонбин, ки худ дар ҳаққи Ватан ҷиноят содир намуда, ҳазорон ҳамватанонро гумроҳ, аз хонаву дар муҳоҷир, сарсону саргардон намуданд, ҳатто дар хориҷи кишвар низ ором надоранд. Бо ҳар роҳу восита фитна ангехта, осудагии амнияти халқу Ватанро халалдор месозанд, пешрафти Тоҷикистонро ба таъбири мардумӣ “чашми дидан надоранд”.
Дар замони муосир, ки бархӯрди тамаддунҳост ва аз ҷониби дигар фазои иттилоот васеъ аст, имкони лағжишҳои сиёсиву фарҳангӣ ҳам бештар хоҳад буд. Аз ин рӯ, моро ин нукта муҳим аст, ки то тавонем санъати бо ҷаҳон зистан, вале бо худ буданро омӯзем, ҳаргиз нагузорем, ки ба фазои осудаи Тоҷикистони соҳибситиқлол, ба мардуми шарифи он, ба арзишҳои миллии мо газанде бирасад. Пос доштани Ватан, онро аз дасти ватанфурӯшон эмин нигоҳ доштан қарзи муқаддаси шаҳрвандии мост.
Каримов Р.А. – мудири кафедраи хадамоти гумурки ДДҲБСТ