Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст

Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 2022, № АП- 156, ки таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст, дар донишгоҳ моҳи апрели соли ҷорӣ Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» гузаронида мешавад.
Озмун аз рӯйи панҷ номинатсия баргузор карда мешавад:
– адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ;
– адабиёти классикии тоҷик;
– адабиёти муосири тоҷик;
– адабиёти ҷаҳон;
– эҷоди назму наср.
Озмуни мазкур дар ду давр – даври аввал, аз санаи 09.03.2022 то 16.03.2022 дар гурӯҳҳои академии донишгоҳ, аз санаи 28.03.2022 то 30.03.2022 дар факултетҳо ва баъдан аз санаи 18.04.2022 то 20.04.2022 дар сатҳи донишгоҳ тибқи талаботи Низомнома ташкил ва баргузор карда мешавад.
Ҳамаи донишҷўён, магистрантону докторантон ва омўзгорону кормандони донишгоҳро барои иштирок ба озмуни мазкур даъват менамоем.
Тел: (92) 720 61 96

You might also like