ПЕШГИРИИ ШОМИЛШАВИИ ҶАВОНОН БА ҲАРГУНА ГУРЎҲҲОИ ИФРОТГАРОӢ

Дар охири асри ХХ ва аз оғози асри ХХ1 инсоният ба хатари ҷиддии гурўҳҳои ифротгароӣ ва террористию экстримистӣ дучор гардид, ки дар натиҷа амнияти инсоният ва давлат дар хатар буда ва таъсири манфии худро расонида истодааст.

Дар замони ҳозира дар баробари рушд ва таррақӣ ёфтани техника ва технологияи нав гурўҳҳои ифротию террористӣ аз чунин ҳолати хуб истифода бурда, ба намуди нави терроризм – кибертерроризм даст задааст.

Имрўзҳо ҳамагон бархурдор мебошанд, ки хоинони миллат тариқи шабакаҳои интернетӣ фаъолияти нопоки худро давом дода истода, ҷомеаро бо роҳи суханҳои бардуруғ бераҳа намуда истодаанд.

Мутаасифона бештари ҷавонон аз ҳисоби нофаҳмию бесаводӣ ба чунин суханҳо боварӣ намуда, ба чунин гурўҳҳо шомил шуда худро ба ҳаргуна корҳои ғайри чашмдош зада истодаанд. Аксарият шахсоне, ки ба гурўҳҳои террористӣ ва экстремистӣ шомил мешаванд, ба ваъдаҳои бардурўғи ифротиён бовар мекунанд, баъзеҳояшон бошад дар шабакаҳои интернетӣ дониставу надониста ворид шуда, оқибат роҳгум задани худро надониста мемонанд. Экстрисистон ва террористон кўшиш менамоянд, ки ба сафи худ чунин ҷавононро ҷалб намоянд ва ба доми худ кашанд, зеро ҷавонон зудбовар ва ба осонӣ пайравӣ менмоянд.

Барои ин ҷавононро бештар оид ба чунин сомонаҳои гурўҳҳи ифротгар маълумотҳои бештар дода онҳоро огоҳи намоем, то ки онҳо ба чунин сомонаҳо даст назананд.

Дар ин асос, мо вазифадорем, ки пеш аз ҳама, худамон намунаи ибрат бошем, нангу номуси ватандорӣ дошта бошем, мардуми кишварро ба ободию пешрафта гардонидани сарзамини худ ҳидоят кунем, ах ҳама воло будани манфиатҳои миллӣ ва давлатдориро эҳсос карда, ҳамеша ҳушёру зирак ва ватандўсту меҳанпарвар бошем.

Дар баробари ин, мо омўзгорон бояд бо тамоми азму иродаи худ талош намоем, ки ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро шомил нагарданд.

 

Орипов А.А. – н.и.и., дотсент, декани факутети “Баҳисобгирӣ ва андоз”-и ДДҲБСТ

You might also like