Пешгирии зухуроти бегонапарстӣ, гаравиш ба ташкилоту созмонҳои ифротгаро ва таасуби динӣ

Нақши шахс дар таърих аз мавзӯъҳои басо ҷолиб ва мураккаби илми ҷомеашиносист. Таърих гувоҳ аст, ки таҳаввули бунёдӣ дар ҳаёти сиёсӣ, андешаи миллӣ, фарҳанги зиндагӣ ва шуури иҷтимоии ҷомеа бо кору пайкори шахсиятҳои барҷаста, шахсиятҳое, ки дар фазилату иродаи сиёсӣ, маънавӣ ва ахлоқии худ ормонҳои таърихии мардумро таҷассум кардаанд. Рӯшан аст, ки на ҳама Сарварони давлат дар таърих ҳамчун Пешвои миллат ворид шудаанд. Ин аст, ки Пешвои миллати мо соҳиби сифатҳои инсонианд, ки мутафаккири бузург Форобӣ дар асари худ «Китоб-ул-мадинат-ул-фозилат» чунин rайд карда буд: камолоти ҷисмонӣ, борикбинию дурандешӣ, зиракии табиӣ, ақл ва хотираи солиму мустаҳкам, бофаросат, хушбаён ва тозабаёни андешаҳо, маърифатнокӣ, муҳаббат ба ҳақиқат, нафрат ба дурӯғ ва дурғгӯён, қадри шарафу номус, нияти нек ва ҳимматбаландӣ, адолатнокӣ, дар зарурият бо қатъият рафтор намудан, дар ҳама ҳолат ҷасуриро аз даст надодан ин фазилатҳои мардии Пешвои даврони худро мо дида истодааем.

Вакте, ки мегўем Пешвои миллат: «дар хотирамон инъикоси шахсе меояд, ки дар ҳақиқат зебандаи  Пешвои дорад ва миллатро аз қаъри торикиҳо аз парокандагию нестшавӣ ба сӯи рўшноию умедҳо баровард». Ба  миллатонаш сулҳро овард, ки ҳамон вақтҳо барои  мо хело зарур буд.

Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат метавонад боиси амиқ гардидани таҳдиду хатарҳои сиёсиву иқтисодӣ, амниятӣ ва башариву фарҳангӣ дар минтақаҳои гуногуни олам гардад.

Барои худшиносиву хештаншиносии миллат, дар навиштани тақдири халқу миллат бо дасти хеш давлатдориву раиятпаноҳии Пешво ё худ Сарвари кишвар бғоят нақши муассир дорад. Президенти имрўзаи Тоҷикистон дар тўли сарварии худ ҳамеша кўшидааст, то халқи тоҷик нахуст дар амнияту осоиш умр ба сар баранд ва барои иҷрои ин ҳадаф бошад, тамоми имконият ва маҳорати мулкдории худро масраф сохтааст. Омўзиши таърихи инсоният гувоҳи он аст, ки ҳеҷ давлату миллате бидуни сулҳу оромї ва субот ба ҳеҷ мақому мартабае ноил нагардидааст. Бо пирӯзии сулҳ ва ризогии миллӣ ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон чун ба давлате, ки роҳи демократиро масири пешрафти худ интихоб кардааст, бо созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ аз ҷумла СММ, САҲА, Бонки умумии ҷаҳонӣ, Фонди байналмилалии асъор, Бонки Осиёи Рушд, Бонки исломии рушд ва дигар субъектҳои фаъоли байналхалқӣ ба Тоҷикистон дасти кӯмак ва ҳамкорӣ дароз карданд. Ин аз фаъолият ва кордонии ин марди бузург дарк аз он медиҳад, ки  бо дигар давлатҳои ҷаҳонӣ фазилати инсонии худро нишон додаанд.

Одамон, ки худ офарандаи таъриханд, дар муносибатҳои байниҳамдигарӣ ва муносибат бо ҳодисаю падидаҳои дигари ҷамъиятию табиӣ мақсади муайянро асосан фаъолияти худ қарор медиҳанд. Инсон, асосан дар зери таъсири шароити муҳити атроф амал менамоянд. Одамон низ қодиранд ба шароити ҳаёти худ таъсир расонанд ва ҳатто самти инкишофи онҳоро тағйир бидиҳанд. Шахсони зиёде буданд ва ҳастанд, ки ба ҳаёти ҷомеа такони пурзӯре додаанд. Бузургии ин гуна одамон дар он аст, ки тавонистанд манфиатҳои умумиро ифода намоянд ва баҳри ҳимояи онҳо кӯшишҳои зиёдеро ба харҷ диҳанд. Аз ин хотир, оммаи мардум ин гуна одамонро эҳтиром намуда, Пешвои худ мехонанд. Одамони бузург, пешвоён то ҳамон даврае вазифаи худро иҷро карда метавонанд, ки ба ҳаракатҳои оммаи халқ такя намоянд.

Пешвои миллат ҳамчун кафили адолат, қонуният ва тартибот бо ҳифзи амнияти шаҳрвандон, қонуншиканиҳо, ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, фазои муносиби эҷоди қонун ва риояти онро устувор намудан аст. Миллати тоҷик дар марҳилаи басо ҳассоси таърих симои Пешвои худро дар шахсияте дид, ки ӯ аз қалби мардум бархост ва бо садоқати беназир ба халқ ва ба ин марзу бум дар замони бениҳоят мураккаби гузариш рисолати пурмасъулиятро ба дӯш гирифтааст, дар оянда ба насли наврас тарғибгару ташвиқгар хоҳад гашт. Чунки ояндаи кишвар дар дасти ҷавонон аст, ки насли наврас дар осмони софу беғубори ватани азизи худ илм омӯзанд, касб аз худ намоянд ва дар пешрафти зинадагии худ муваффақ шудан саҳм гузоранд. Ҳамаи ин орзуҳои инсонӣ дар ҷомеаи солим, ватани обод, Сарвари адолатнок, тинҷию осудагӣ ба иҷро хоҳад шуд.

Лаънат ба он шахсоне, ки ба воситаи расонаҳои ахбори омма нону намаки Тоҷикистонро хӯрда дар ин Ватан ба воя расида, имрӯз хиёнатро пеша намудаанд.

Ин гуна шахсон тинҷиву ободии кишварро дидан намехоҳанд.Фикру ақидаи чунин эшонҳо оромии кишвари азизамон, рушди босуботи иқтисодӣ иҷтимоии кишварамонро халалдор намуда, ба нооромиҳои соли 90-ум кашанд. Онҳо хато мекунанд, чи тавре дар боло қайд карда шуд мардуми тоҷик хусусан ҷавонон ҳоло хело зираку доно, мутахассисони варзидаи соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ буда, фирефта намешаванд, балки содиқона ба Ватани азизамон хизмат мекунанд.

Мухиддинов М. – дотсенти кафедраи маркетинг – агробизнеси ДДҲБСТ

You might also like