ПАЁМ – ИН РИСОЛАТИ ҲОЗИРА ВА ОЯНДАИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Паёми навбатии Асосгузории сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дурнамоест барои созандагӣ ва бунёдкории халқи тоҷик мебошад. Дар Паём дастовардҳои 30 сол истиқлолияти давлатӣ дар тамоми зинаҳои тараққиёт, аз ҷумла, сиёсати дохилию хориҷӣ, иқтисодию фарҳангии мамлакат ба таври пурра таҳлил ва баррасӣ гардид. Яке аз нуқтаҳои муҳими Паёми Пешвои миллат ин дар панҷ соли оянда бунёд намудани ҳазор иншоот дар соҳаи маориф мебошад. Дар ин раванд баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода намудани кадрҳои баландихтисос, омўзиши забонҳои русӣ ва хориҷӣ, хусусан забони англисӣ махсус қайд гардид. Дар Паём Асосгузории сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд, ки дар қатори шаш забон, ки СММ қабул кардааст, забони русӣ ва англисӣ низ ҷой доранд ва омўзиши ин забонҳо бояд боз ҳам беҳтар роҳандозӣ карда шаванд.

Дар замони муосир пешравии илму техника ва рушди системаи нави иттилоотиро ба миён меорад ва Пешвои миллат маорифро вазифадор намудаанд, ки системаи нави иттилоотро омўзанд.

Сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат барои ҳар фарди ҷомеа ҳамчун дастуру қутбнамо буда, ҷиҳати зиндагии шоиста ва пурфараҳро ноил гардидан роҳкушоӣ менамояд, дар баланд бардоштани сифати таҳсилот, таҳия ва тадвин намудани дастуру китобҳои таълимӣ ва тайёр кардани кадрҳои ҳирфавӣ таъсири мусбат ба бор меорад.

Оре, бо ташаббус ва иқдоми маорифпарварона ва адабпарастонаи Пешвои миллат озмонҳои «Илм-фурўғи маърифат», «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст», соли сеюм аст, ки дар ҷумҳурӣ баҳри бедор намудани завқи зебоипарастӣ ва истеъдодҳои нав имконияти мусоид фароҳам оварда мешавад.

Ғамхорӣ ва дастгириҳои Пешвои миллат дар ҳамаи самтҳои кишри ҷомеа беҳамто мебошад, бо дарназардошти рушди соҳаи саноат, ки пешрафти ҷомеа ба он пайванди устувор дорад, солҳои 2022-2026 Солҳои рушди саноат эълон карда шуд. Доир ба он, вобаста ба саноатикунонии кишвар, ки чорумин ҳадафи стратегии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон эълон гардидааст, ба мутахассисони кордону ҳирфавӣ сахт ниёзманд аст. Иқтисодиёт ҳамон замон ба пешрави назаррас ноил мегардад, ки кормандони донову кордон дар истеҳсолот фаъолият кунанд ва дар ин раванд дар омода намудани мутахассисони донишманду зиракро тарбият кардан вазифаи аввалиндараҷа ҳисобидан лозим аст.

Аз ин лиҳоз Паёми ҳамасолаи Пешвои миллат ба ҳар як сокини кишвар дарси ибрат, худогоҳиву хештаншиносӣ, ватандўстӣ ва ҳувияти миллӣ мебошад.

Умуман, ҳидоятҳои судманди Асосгузории сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар як сокини миллатро барои расидан ба самти қуллаҳои нави созандагиву бунёдкорӣ рўҳбаланд менамояд.

 

Ахмедов Н.И. – мудири кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика ва пешгирии коррупсияи ДДҲБСТ

You might also like