МАРДУМИ ТОҶИК СОҲИБИМОН АСТ
Имрўзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ нафарони зиёд ба ноаҳлии тоҷикону қирғизон, ба интиқомҷўиву бедодгарии баъзе нафарон лаънат мефиристанд ва маҳкум менамоянд. Ҳар як нафари соҳибимон наметонад дар ин ҳол бетараф бошад.
Нафарони ҷоҳил аз ҷониби Ҷумҳурии Қирғизистон ҳар ҷиноятеро аз қабили нодида гирифтани ҳуқуқи инсон, миллатгароии ошкоро, қатлу куштор содир мекунанд. Ин амалҳои саркардагони ҷониби Қирғизистон, ки ақли солим онҳоро қабул дошта бошад, мутаассифона, барои баъзе ноогоҳон хеле гўшнавоз мерасад ва онҳо ҳар гуна иттилооти дурўғ паҳн менамоянд. Айни замон ҷониби Қирғизистон бо мақсади пинҳон кардани амалҳои ғайриқонунии худ оммаро бо маълумоти бардурӯғ ва фейки дар ВАО ва манбаҳои гуногуни интернетӣ фаъолона коркард ва паҳн мекунад.
Дар ин маврид ва дар ин вазъи сиёсии ташаннуҷбори минтақа зиёиён бояд пешгом бошанд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ олимону ҷомеашиносон, сиёсатшиносону таърихдонон, ва умуман ҳар як нафари ватандори баору номус, бояд ором набошанд: мавқеи Пешвои миллатро бо далелу бурҳон, бо назардошти манофеи миллату давлат ҳимоя намоянд. Нагузоранд, ки нафарони беору номус обрўи халқи Исфараро дар назари оламиён сиёҳ намоянд ва бо мавқеи Тоҷикистон ошно созанд. Ин ҷо муҳим манофеи миллӣ ва давлатӣ аст.
Ҳамаи амалҳои ношоиста аз он далолат медиҳанд, ки баъзе аз ашхосон то ҳол дарк накардаанд, ки мардуми тоҷику қирғиз ҳамсоя ва дўсту бародар аст ва ин пайванд таърихи садсолаҳо дорад.
Видеонаворҳои интернетии ҷониби Қирғизистон, ки дурўғи маҳз аст, маҳкум менамоем. Вазифаи инсонӣ, имонӣ, шаҳрвандии зиёиён чун табақаи пешгоми ҷомеа он аст, ки заминаҳои маънавии ин мафкураи вайрони душманонаро ба хотири барҷою пойдор мондани низоми сиёсӣ, фазои сулҳу субот дар ҷомеа бо роҳи тарғибу ташвиқ, тафсир, фарогирии бештару густурдаи зиёиён ва ҷавонон решакан намоянд.
Дар ин ҳол мардуми Исфараро набояд танҳо гузошт. Тамоми мардуми Тоҷикистон дар муқобили душманони ваҳшӣ ва хунхор садо баланд кунанд, одамкушони ҷоҳилро маҳкум намоянд ва ҷомеаи ҷаҳониро аз тўҳматҳои ҷониби Қирғизистон огоҳ намоянд. Пеши роҳи куштори миллати тоҷикро, ки ба ҷаҳониён як тамаддуни бузург, олимону адибони ҷаҳонӣ, аз ҷумла С.Ғазнавӣ, Ҷ.Балхӣ, Ҳ.Кошифӣ, А.Ҷомӣ ва дигаронро ҳадя кардааст, бигиранд. Душманони миллат ҳуқуқи маънавӣ надоранд, ки сулҳу суботи мардуми сарбаланди тоҷикро тира намоянд.
Азимова Н.С.- дотсенти кафедраи фанҳои риёзӣ- табиатшиносии муосир