Террористӣ – ин фаъолияти инсонӣ нест

Чуноне, ки иттилоъ дорем  соли равон дар ҳамаи давлатҳои ҷаҳон ва кулли Аврупоро таркишҳои мудҳиши террористӣ ва тирпаррониҳои шадид такон дод. Ин амалҳои ваҳшиёнаи зиддиинсонӣ, ки бо номи давлати исломӣ баромад мекунанд барои мардуми ҷаҳон корҳои онҳо заруратие нест, ки онҳо сохти давлат ва ҷомеаро дигаргун кунонад. Мардуми тамоми ҷаҳон аз давраҳои қадим то ба имрӯз фақат барои тинҷию зиндагии хушбахтона мубориза мебаранд. Ба инсони оқил зарурати кунҷковие нест, ки ин ё он фарди ҷомеа дар кадом дин аст, дар кадом дине, ки набошад, кадом миллат ё нажоде набошад, инсон якдигарро эҳтиром кунанд, зӯроварии ваҳшониятро ба ҳамдигарӣ нишон надиҳад ва ин ҳолатҳои ногувори зиддиинсониро  ва то ҳол дидан ҳам намехоҳад.

Ягон дине, дар ҷаҳон нест, ки инсонро ба зӯроварию, ваҳшонияту, гаровгонию инсонкушӣ даъват намояд. Ҳар як дине, ки дар ҷаҳон пайдо шудааст, мардумро ба тиниҷию осоиштагӣ тарғибу ташвиқ мекунад. То якдигарро дӯст доранд, хиёнат ба ҳамдигар накунанд, муносибати некбинона бо якдигар дошта бошанд, шаҳодати дурӯғ надиҳанд, дуздӣ накунанд, қати зӯроварӣ набошад. Акнун ин чӣ хел дине аст, ки тамоми ҷаҳонро ба ларзиш оварда истодааст. Ба осудагии мардум халалдор мекунад. Вақте, ки инсон дар ин рeзҳои вазнини иқтисодӣ зиндагии худро гузаронида истодааст, чӣ мехоҳанд? Мусалмон он шахсе, ки бо дасту забонаш касеро озор надиҳад. Пас, ин шахсон кӣ ҳастанд? Дар ягон қонуни зиндагӣ ва Сарқонуни тамоми ҷаҳон гуфта нашудааст, ки инсонро аз зиндагӣ маҳрум созанд.  Ин қадар инсонҳоро аз пайвандонашон ҷудо сохта истодаанд. Марги садҳо нафар кушташудагон бар гардани кист? Ашки модарони фарзандгумкардагонро кӣ бармегардонад?

Дар дини ислом эҳтироми волидайн ва онҳоро ҳурмату эҳтиром кардан дар ҷойи аввал меистад. Акнун чаро амалҳои террористӣ бо номи давлати исломӣ ин қадар модаронро сӯзу гудоз менамояд. Аз чунин амалҳои мудҳиши террористӣ тамоми фарзандони ҷаҳон бераҳму шафқатӣ меомӯзанд, на ин ки инсону инсонгароӣ. Барои баркамол тарбия ёфтани кӯдакон  як идда гурӯҳҳои манфиатҷӯ ба аҳли башар халолдорӣ намуда истодаанд. Фарзандоне, ки кушта шудаанд, чӣ гуноҳ доранд, ки ба гарвгонӣ, мегиранду мекушад. Оё он  шахсоне, ки ба чунин амалҳои зишт даст мерасонанд, модар, фарзанд, бародар, хоҳар надоранд магар?

Барои он давлат бунёд ёфтааст, ки аманияти халқро ба зиммаи худ гирад. Вақте, ки ин қотеъонро дастгир мекунанд, ҳатман бо ҷазои сахти қонунӣ аз озодӣ маҳрум карда шаванд. Сипас, дарк кунанд, ки озодӣ беҳтар аст ё маҳрум аз озодӣ! Ҳарчанде, ки онҳо аз озодӣ марҳур шаванд ҳам онҳо дар ҳаёт зиндагӣ мекунанд. Лек шахсоне, ки шаҳид гаштаанд, дигар дунёро намебинанд. Аз замонҳои гузашта то ба имрўз барои зиндагї инсон мубориза мебарад ва ин мубориза барои таҳлили некию бадї аст ва ҳатман ин некї ғалаба хоҳад кард.

 

Умарова С.И. – муаллими калони кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва минтақа

You might also like