ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОИИ ДИНӢ
“Таъмини сулҳ, субот ва амнияти устувори кишварҳо яке аз омилҳои асосӣ ва муҳимтарин шарти таъсис ва пешбурди раванди созанда барои рушди устувор дар сатҳи байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошад.”
Эмомалӣ Раҳмон
Дар ҷаҳони имрўза якчанд созмону ҳаракатҳои дорои характери ифротиву террористӣ фаъолият менамоянд, ки аз ҳама дахшатбортарини онхо ин созмони терростии ба номи «Давлати исломӣ», инчунин ҳаракати «Ҳизб – ут- Таҳрир», ҳаракати «Салафия» ва ТЭТ ҲНИ (дар Тоҷикистон мамнўъ эълон карда шудааст) мебошад.
Ҳадафи ифротгароён ғайриқонунӣ бесубот намудани ҷомеа ва сарнагун кардани давлат ба хисоб меравад. Заминаҳо ва омилҳои ба вуҷудоии ифротгароӣ гуногун буда, баъзан онҳо дар дохили як кишвари муайян зуҳур мекунанд ва гоҳе барои ривоҷи онҳо аз хориҷ кўмаки молиявӣ расонида мешавад.
Ифротгароӣ вобаста аз хусусиёташ навъҳо ва шеваҳои гуногунро доро буда, дар робита ба Шарқи Наздику Миёна ифротгароии динӣ ва маҳзаби бештар роиҷ аст.
Мавриди ёдоварист, ки ифротгароӣ ё худ экстремизми динӣ дар доираи Ислом ва зери ниқоби он низ зуҳур карда, ҳар ҷое, ки он пайдо гардад, дар назди худ танҳо як мақсад мегузорад: бунёди давлати «Хилофат». Тибқи нақшаи пешакии таъсиси «Хилофат» аз ҷониби созмони даҳшатангези ба ном «Давлати исломӣ» (дар Тоҷикистон мамнуъ эълон карда шудааст), он аслан бар зидди кишварҳои низоми дунявӣ ва демократӣ равона гардидаву онҳоро бо роҳи зўрӣ тобеи «Хилофат» – и худ намуданист.
Умуман, омилҳо ва сабабҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳаракату созмонҳои ифротӣ гуногунанд: муҳоҷирати меҳнатӣ, хусумати мазҳабӣ ва ё динӣ, коста гардидани вазъи иқтисодӣ, бекорӣ, муҳити носолими оилавӣ, пайдо накардани мавқеи худ дар ҷамъият, фирефтаи дастгоҳҳои таблиғи ифротӣ шудан, содир намудани ҷиноят ва фирор аз адои ҷазо ва ғайра мебошад.
Аз мушоҳидаҳо чунин бармеояд, ки вақтҳои охир нисбат ба солҳои пеш пайвастшавии ҷавонон ба созмонҳои ифротиву террористи коҳиш ёфта бошад ҳам, чунин кирдорҳои ҷиноятпеша зидди амният ва манфиатҳои миллии мо буда, пешгирии онҳо имрўзҳо ба вазифаи аввалиндараҷаи умумимиллӣ табдил ёфтааст.
Тавре гуфта шуд, омилҳои асосии гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ бештар ба раванди танзимшудаи муҳоҷирати меҳнатӣ ва фаҳмиши нодурусти моҳияти дин вобаста мебошад. Дар бештари маврид ҷавононро бино бар сабаби надоштани саводнокии динӣ фиреб мекунанд. Дар маҷмўъ, сабабу омилҳои ҳамаи ин миллатҳо ба тарбияи нодурусти ҷавонон рабт пайдо менамояд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки новобаста аз тадбирҳои муассири дар самти мубориза бо ифтиротгароӣ андешидашуда ҳоло низ бетарафӣ миёни сокинон ба мушоҳида мерасад.
Дар хулоса гуфтан мумкин аст, ки дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир баҳри ҳифзи манфиатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангию иҷтимоӣ назди ҷавонон вазифаҳое ҳастанд, ки иҷрои онҳо баҳри таҳкими Истиқлолият ва бақои давлату миллат аҳамияти бузергеро доро мебошанд.
Бино ба он аз даст надодани зиракӣ ва ҳушёрии сиёсӣ зарур аст, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид мегардад. Барои насли ҷавон ҳифзи манфиатҳои миллӣ, ҳимояи марзу буми Ватан, боло гузоштани арзишҳои миллӣ аз ҳама гуна манфиатҳои шахсӣ бояд нуқтаи меҳварӣ бошад.
Қўзибоева Б. М. – дотсенти кафедраи баҳисобгирии бухгалтерии ДДҲБСТ