ТАРБИЯИ ҶАВОНОН БАҲРИ ОЯНДАИ НЕКИ ВАТАН
Чӣ хеле, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин баён намуда буданд: «Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз намоянд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерўи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд». Таваҷҷўҳи Пешвои миллатамон нисбати ҷавонон хеле зиёд мебошад. Ҳангоми сафарашон ба кишварҳои хориҷа бо ҷавононе, ки дар он кишварҳо таҳсили илм менамоянд, ҳатман вохўрӣ намуда, аз ҳоли онҳо шинос шуда, муаммоҳои онҳоро ҳаллу фасл менамоянд, инчунин кўмаки моддӣ мерасонанд. Онҳоро ҳидоят менамоянд, ки технологияҳои инноватсионии муосирро омўзанд, соҳибкасбу соҳибихтисос шуда, ба Ватани худ хизмат баргарданд.
Қайд намудан лозим аст, ки дар даврони Истиқлолият шумораи мактабҳои олӣ ва шумораи донишҷўён низ афзуда истодааст. Илова бар, ин зиёда аз 30 ҳазор нафар ҷавонони лаёқатманди кишварамон аз ҳисоби давлат дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои пешрафтаи хориҷӣ таҳсил мекунанд.
Дар ДДҲБСТ таълиму тарбияи ҷавонон бо низоми кредитии таҳсил ба роҳ монда шуда, омўзгорон бештар ба сифати таълим ва донишазхудкунии онҳо аҳамият медиҳанд. Имрўз донишгоҳи мо бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин буда, пояи моддӣ-техникии он имкон медиҳад, ки мутахассисони ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгўйро тайёр намоем. Устодони соҳибтаҷриба ва соҳибилми ҷавон кўшиш ба харҷ медиҳанд, то ки аз рўи ихтисосҳои гуногун муттахассиси хуб тайёр намоянд. Барои ин аз усулҳои замонавии таълим истифода мебаранд. Баробари таълим ба тарбияи донишҷўён аҳамияти хоса дода мешавад.
Ҷавонон имрўз баробари саҳми калонашон дар раванди ташаккули ҷомеа, ҳамзамон, мутаъсифона ҷавононе ҳам ҳастанд, ки ба номи ин миллат иснод меоранд. Динро аз таассуб ҷудо карда натавониста, шомили ин ё он гурўҳе мегарданд, ки мақсадҳои нопок дорад.
Вазифаи ҷонии донишҷўён, ки аз қишрҳои фаъоли ҷомеа маҳсуб мешаванд, гирифтани пеши роҳи чунин амалҳо мебошад. Танҳо огоҳ будан аз илмҳои замонавӣ, хониши аъло, рафтори намунавӣ онҳоро аз ҷаҳолат берун месозад ва соҳибобрў мегардонад. Ҷавонони имрўза аз ақлу заковати хеш кор мегиранд ва он осори пурғановати гузаштаву имрўзаро барои ояндагон чун меросхўри воқеӣ, чун арҷгузорӣ ба бобоёни тоҷдор ва чун вориси арзандаи қаҳрамони халқ бо дилу нияти неку созанда ба хотири фардои дурахшони миллати азизамон ба наслҳои ояндаи солим месупоранду бо дасти хеш ояндаи кишварро мисоли чаман мегардонанд. Дар маҷмўъ алоқаи бевоситаи волидони ҷавонон-донишҷўён бо устодон барои тарбияи хуби насли наврас мусоидат менамояд.
Онҳоро ба роҳи рост ҳидоят намуда, ба бунёдкориву созандагӣ ва ободии диёр, рушди иқтисодиёти миллӣ равона менамоянд. Бо иқдому ташаббусҳои созанда кишвари азизу маҳбубамон Тоҷикистони азизро ҳифзу муҳофизат намуда, ҳамчун кишвари соҳибистиқлол дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ менамоянд.
Қосимова М.И. – номзади илмҳои иқтисодӣ, муаллими калони кафедраи технологияҳои иттилоотию коммуникат-сионӣ ва барномарезӣ